Элементҳои асосии HTML

Ба монанди мақолаи газетаҳо HTML ҳуҷҷат ба ду қисми асосӣ -head (сарлавҳа) ва body (мундариҷа ва ё тан, пайкара асос) ҷудо мешавад. Дар қисми сарлавҳаи ҳуҷҷат асосан номи саҳифа (title) ҷойгир карда мешавад. Барои ба саҳифа ном гузоштан аз ин гуна элементҳо <head>, <title> истифода мебаранд. Барои амалӣ сохтани ин гуфтаҳо таҳриргари оддиро кушода дар он чунин навиштан мумкин аст:

<html>
<head>
<title>Саҳифаи аввалини ман </title>
</head>
</html>

Сипаc ҳуҷҷатро бо ягон ном ва номи изофавии .html ба мисоли mypage.html сабт мекунанд. Ҳангоми дар браузер кушодани ҳуҷҷат дар сатри махсус дар қисми болоии равзана номи «Саҳифаи аввалини ман» инъикос мегардад

Элементи <head> ғайр аз номи ҳуҷҷат дигар элементҳоро аз қабили <script>, <stile>, <meta>, <link>, <base>, ки шакли элементҳои саҳифаро ифода мекунанд низ дар бар мегирад. Аммо он иттилооте, ки дар байни элементи-теги <head> ҷойгир шудааст (ғайр аз элементи <title>) дар браузер инъикос намегардад.

Ҳамаи он иттилооте, ки дар браузер инъикос мегардад (матн, расм, ҷадвал, видео ва ғайра) аслан дар дохили элементи <body> навишта мешавад.

Истифодаи теги <body>-po дар мисоли зерин бо ёрии таҳриргари матнии оддии «Блокнот» дидан мумкин аст. Барои амалӣ сохтани ин мақксад, пеш аз хама таҳриргари оддии «Блокнот» – ро бо чунин роҳ фаъол бояд кард: Пуск -> Все программы -> Стандартные -> Блокнот.

Сипас дар таҳриргари матнии «Блокнот» чунин элементҳоро (матнро) дохил бояд сохт:

<html>
<head>
<title>Сахифаи аввалини ман </title>
</head>
<body>
Салом, ин сахифаи аввалини ман
</body>
</html>

Дар охир ҳуҷҷатро бо ягон ном ва номи изофавии html намуда дар браузер бояд натиҷаро санчид (Расм).

Изображение

Расми 1. Натиҷа. Истифодаи тегива инъикоси матн дар браузери Chrome
288
Нет комментариев. Ваш будет первым!