Фарҳанги Байнаннаҳрайни Қадим

Байнаннаҳрайн (номи юнониаш Месопотамия), сарзаминест, ки дар миёни ду дарё- Даҷла ва Фурот (Тигр ва Евфрат) воқеъ гардидааст. Зиёда аз 5000 сол пеш аз милод дар байни дарёи Даҷла ва Фурот давлатҳои Шумер, Аккад, Бобулистон (Вавилон), Финикия, Ошур (Осир) ба вуҷуд омада буданд. Ин сарзаминҳоро юнониён Месопотамия, славянҳо Двурече меномиданд. Байнаннаҳрайн асосан сарзамини имрӯзаи Ироқу Сурияро дар бар мегирифт.

Сокинони Байнаннаҳрайн ба зироатчигӣ, моҳидорӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат машғул шуда, ба воситаи дарёҳои Даҷлаю Фурот ба халқҳои ҳамсоя робитаи зичи тиҷоратӣ доштанд. Халқҳои Байнаннаҳрайн тамаддуни Эрони Бостонро ба Миср ва Арабистонро бо Ошур пайваст менамуданд. Ин халқҳо дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию фарҳангии худ ба фарҳангу тамаддуни якдигар таъсири мусбӣ расонида, аз комёбиҳою кашфиётҳои волои хамдигар хеле хуб истифода бурдаанд. Аз замонҳои қадим мардуми Байнаннаҳрайн хатти қадимаи тасвирии худро доштанд, ки онро пиктография меноманд. Ии хат то 1500 аломатҳои мусаввараро дар бар мегирифт. Хатҳои минбаъдаи мардуми Байнаннаҳрайн дар асоси хатҳои пиктографӣ ба вуҷуд омаданд. Дар байни сокиноии Байнаннаҳрайн бисёрхудоӣ маъмул буд ва онҳо Худои бузурги худро Мардук номида, онро мепарастиданд. Дар баробари ин мардуми Шумеру Аккад ва Бобулистон модархудои Мисри Қадим – Балъат Ҷабалро низ мепарастиданд. Онҳо ба ҳастии охират боварӣ доштанд аз ин рӯ, дар қабрҳо ҳамроҳи ҷасади одамон зарфҳои пур аз хӯрок маснуоти зебу зиннатӣ ва ҳайкалчаҳои аз лой сохташударо мегузоштанд.

Минбаъд бинобари сабаби пешрафти зиндагӣ, ташаккули шуури одамон муносибати онҳо нисбат ба Худо тағйир ёфтан мегирад. Рафта-рафта онҳо офтобу моҳтоб, замину осмонро Худо не, балки ҷисмҳо ва ҳодисаҳои табиӣ меҳисобидагӣ шуданд. Одамон баъдтар худоҳоро ба инсон шабоҳат медодагӣ шуданд. Дар Шумеру Аккад дар идоракунии давлат идораҳои хоҷагӣ вуҷуд доштанд, ки дар онҳо шахсони мутасаддӣ кор ва фаъолият мекарданд.

Дар Шумеру Аккад ва Бобулистон санъати меъморӣ, муҷассамасозӣ, тасвирӣ, мусиқӣ хеле хуб инкишоф ёфта буд. Барои сохтани муҷассамаҳо санги диоригро аз Арабисгони Ғарбӣ кашонда меоварданд. Дар асри XXIII то милод дар Шу­меру Аккад шоҳ Гудеа ҳукмронӣ мекард. Дар давраи ҳукмронии ӯ маданияти қадимаи Шумер рушду нумуъи тоза пайдо карда буд. Гудеаро шоҳи меъморпараст меномиданд, зе­ро ӯ бо маъбадҳо меҳру муҳаббати бепоён дошт ва тамоми дав­раи подшоҳии худро барои бунёди маъбадҳо сарф кардааст.

Хизматҳои шоёни Гудеа то ҳол аз ёди халқаш нарафтааст. Бисёр унсурҳои тасвирии маъбадҳои Шумеру Аккад баъдтар дар сохтмони як қатор масҷиду мадрасаҳо ва калисою ибодатхонаҳои Шарқу Ғарб ба таври васеъ истифода бурда шудаанд. Достони Шумерӣ дар бораи Гилгамеш ба забонҳои хеттӣ ва ҳурритӣ тарҷума карда шуданд. Достони «Гилгамеш» яке аз муҳимтарин асарҳои бадеии адабиёти Бобул ба шумор меравад. Муаллифи ин асар то ҳол маълум нест, вале достон дороӣ аҳдмияти баланди ахлоқию фалсафӣ мебошад. Мазмуни асосии достонро муборизаи ҷасуронаи Гилгамеш бар зидди беадолатӣ ташкил медиҳад Дар достон орзуҳои инсон оид ба ҳаёти ҷовидонӣ васф карда мешавад.

Дар замони ҳукмронии Хамураппӣ Бобулистон ба яке аз давлатҳои пуриқтидори дунё табдил ёфга буд. Шоҳ Хамураппӣ тамоми Байнаинаҳрайнро дар атрофи як марказ муттахид на­муда буд.

Яке аз ёдгориҳои бебаҳои маданияти давраи ҳукмронии шоҳ Хамураппӣ ин маҷмӯи қонунҳои баровардаи ӯ буд, ки аз 1142 модда иборат буда, меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқии ҷомеаро ба танзим медаровард. Кодекси Хамураппӣ дар зери таъсири қонунҳои Шумери Қадим эҷод гардидааст. Вазифаи асосии ин Кодекс аз барқарор намудани адолат дар мамлакат иборат буд. Дар ин қонун (Кодекс) унвонҳои шоҳ оварда шуда, бузургию хайрхоҳии ӯ васф карда мешавад. Дар Кодекс, инчунин номгӯи моддаҳои ҳуқуқҳои ҷиноӣ, мурофиаи судӣ, ҳуқуқҳоӣ оилавӣ, вайронкориҳои ҳуқуқӣ и моликиятдорӣ (ба монанди дуздӣ, ғоратгарӣ), ҳуқуқҳои ҷанговарон ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд.

Тамоми ҳокимият дар ин давлати мутамарказонидашуда аз хокимияти конунгузорн, иҷрокунандаи судӣ ва динӣ иборат буда, ҳамаи онҳо бегуфтугӯ ба шоҳ итоат мекарданд. Кодекси (қонунҳои) Хамураппӣ шахсияти шоҳро ба дараҷаи Худо боло мобардорад. Чунончи, Хамураппӣ дар бораи худ мегуяд: «Ман Хамураппӣ авлоди шоҳзодаи писари Худо Син… Шоҳаншоҳи мутиақ, бародари Худо Замам… Шоҳаншоҳи илохӣ… Мардук (Худои онҳо Т.П.) маро даъват намуд, ки роҳбарии халқро ба уҳда гирам, ба мамлакат некуаҳволӣ ва ободӣ орам».

Аз сарчашмаҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки дар давраи подшоҳии Хамураппӣ сохтмони каналҳо, обёрикунонии заминҳо хеле авҷ гирифта, боғдорию чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда буда аст.

Дар Бобулистон бо амри шоҳ Новуходоносор барои ҳамсараш маликаи модиёнӣ боғҳои зиёде бунёд карда шуда буданд. Боғҳои чоркатора болои зинаайвонҳои бузург бунёд кар­да шуда буданд, ки деворҳои баланд ва айвонҳои сутундор асо­си онхоро ташкил медоданд. Ҳар кадоме аз он 27 метр баландӣ дошт. Айвонҳо аз боло бо тахтасангҳои бузург пушонида шуда буданд.

Яке аз комёбиҳои бузурги мардуми Байнаннаҳрайн ихтироъи хат буд. Сокинони Байнаннаҳрайн дар ҳазорсолаи 4-уми милодӣ хати мехии худро доштанд, ки баъдгар он дар тамоми Осиёи Пеш паҳн гардид. Хати мехӣ ба маданияти қадимаи як қатор давлатҳо, ба монанди Аккад, Ошур, Хеттӣ, Урарту, Сурия ва Эрон ворид мегардад. Дар миёнаи ҳазораи дуюми то милодӣ хати мехӣ ба системаи хати байналмилалӣ табдил меёбад.

Дар ин сарзамин мактабҳои зиёде таъсис дода шуда буданд, ки ин мактабҳо боиси баланд гардидани сатҳи дониши толибилмон мегардиданд. Дар Бобулистони Қадим илмҳои за­бон, математика, муҳандисӣ, ситорашиносӣ, илоҳиёт, ҳуқуқ тиб, мусиқӣ, санъат, фалсафа ва адабиёт хеле инкишоф ёфта буданд.

Дар Байнаннаҳрайн адабиёт ба ду шохаи асосӣ-динию ғайридинӣ ҷудо мешуд. Дар адабиёти бадеии Аккадию Бобулистонӣ насри бадеӣ мавқеи асосиро ишғол менамуд. Дар адабиёти онҳо назмҳои драммавӣ низ мушоҳида карда мешуд. Мардуми Байнаннаҳрайн барои аз худ намудани илму фарҳанг диққати ҷиддӣ медоданд. Комёбиҳои бузурги фарҳангии мар­думи Байнаннаҳрайн то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.

Оцените статья

Нет комментариев. Ваш будет первым!