Проблемахои хозираи маданияти миллии точик
Нақша:
1.Худшиносии миллияке аз омилхои асосии баландшавии тафаккури маданӣ.
2. Пойдории сулх ва инкишофи иқтисодиёт.
3. Масъалахои маданияти маънавии замони муосир.
Худшиносии миллияке аз омилхои асосии баландшавии тафаккури маданӣ
Тоҷикистон 10 соли истиқлолияти миллии худро паси сар карда, ба асри ХХ1 бо қадамхои устувор ворид гардид. Лекин, дар назди халқи тоҷик масъалахои мухими маданӣ, иxтимоӣ, иқтисодиистодаанд, ки халли онхо ба дӯши шахрвандон, ва махсусан xавонон хавола гардидааст. Яке аз онхо масоили худшиносии миллива ифтихори миллимебошад, ки оид ба он Президенти Xумхурии Тоҷикистон Э.Ш.Рахмонов аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш дар хар як баромади худ махсус таъкид карда гузаштааст. Масалан, дар баромадхои ӯ бо номи «Сабақхои таърих ва озмоишхои мактаби истиқлолият», «Шохрохи абрешим – пули заррини гузашта, имрӯз ва оянда», «Рухи xовидонаи Бохтар ва Вахши хаётбахш», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дируз ва имрӯзи Тоҷикистон», «Давраи тиллоии тоҷикон» ва ғайра оид ба ин масъала суханронинамудааст.
Руху равони фарзанди фарзонаи халқ Бобоxон Fафуров шод бод, ки шохасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллива рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтихои таърих осори тамаддун ва мероси фархангии миллати тоҷикро зарра-зарра xамъ оварда, ба риштаи тахрир кашид, танзиму даврабандикард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва сохибони ин марзу бум буданд ва хастанд. Асари «Тоҷикон» воқеан шӯълае буд, ки ба сахифахои таърихи фаромӯшгаштаи миллати тоҷик равшаниандохта, падидахои худшиносию ифтихори миллиро ба бар овард ва ба фарзандони бедордилу фидоирӯху мадор бахшид. Вазифаи мо ин аст, ки ин падидахоро пойдор ва устувор намоем. Лекин, имрӯз на хар як мардуми тоҷик ва хатто на хар як сохибмаълумот ин китобро бо нӯги қалам мутолиа намудааст. Махсусан, xавонон, ки ояндаи давлату миллат хастанд ин дастури бебахоро китоби рӯимизии худ намуда, дорои хисси ифтихори миллигарданд.
Дар яке аз баромадхояш Э.Ш.Рахмонов гуфтааст: «То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллидар шуури хар як фард, аз коргару дехқони оддисар карда, то раиси xумхур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллиба хар як шахрванд арзиши олинагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори хар як шахрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайян нагардад, давлати сохибихтиёрро бо тамоми xузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад».
Имрӯз корчалонхоро дидан мумкин аст, ки сарватманд шуданд, лекин бо сабаби маънавиёти хароб сарвати худро ба корхои бехуда масраф мекунанд, чунки сарват мақсади олии инсони комил буда наметавонад. Дар маънои муайян сарватманди бемаънавияёт ба одами дар ҷамъият хавфнок мубаддал мегардад. Фурӯшандаи оддие, ки ба хотири бойшавии инфиродии худ молро ба касе ё ташкилоте мефурӯшад, ки ба дарди миллати тоҷик ва баракати истиқлолияти он намехӯрад, дар афкори умум бояд сазовори махкум бошад. Зарур аст, ки дар самту шаклгирии фаъолияти шахрвандони касбу кори мухталиф худшиносии миллива виxдони миллиасари бештаре дошта бошад.
Дар чунин давраи хассос хама кору бори давлат ва ахли илму фархангу маданият бояд дар доираи ин матлаб сурат гирад, зеро халли дигар масъалахо бо он сахт марбут аст. Рохи худшиносии миллидар назари тоҷик арзиши муайян пайдо кардани тоҷик аст, новобаста ба мансубияти махаллии он. Ин маънои онро надорад, ки нисбат ба дигар халқу миллатхое, ки хамрохи мо бародарона зиндагимекунанд, беэътиноикард. харгиз, чунки чунин гузориши масъала ба миллатчигимебарад.
Пойдории сулх ва инкишофи иқтисодиёт
Дигар масоили мухими маданияти миллии тоҷик – ин пойдор намудани сулх ва инкишофи иқтисодиёт мебошад, ки дар ин xода низ ба дастовардхои муайяне сохиб гардидем. Пеш аз хама бояд қайд кард, ки хатари порашавии сарзамини ягона ва хатто хамчун давлати сохибистиқлол аз харитаи сиёсии олам нопадид шудани Тоҷикистон бо шарофати шуxоатмандию матонати Президенти Xумхурии Тоҷикистон Э.Ш. Рахмонов аз байн рафт. Хушбахтона, рохи дароз, пурмашаққат ва басо мушкили ихтилофоти миёни тоҷикон анxом ёфта, барои сулху созиш, вахдати хамагонива бозгардонидани фирориёни иxбори аз хоки Афғонистон фазои мусоиди сиёсифарохам омад. Рӯзи 16 ноябри соли 1997 охирин гуреза аз Афғонистон тавассути қатора аз рохи Термиз ба Ватан баргашт. Комиссияи Оштии Милли бо сарварии Сайид Абдуллои Нури ба кор шурӯъ кард. Намояндагони иттиходи мухолифин дар хайати хукумати xумхурива мақомоти масъули давлатиба фаъолият пардохтанд. Сулху созиш ва вахдати миллиаз сухан ба амал пайваст, ба минтақахои дуру наздик, ба кулбаву кошонахо, ба дилу дидаи мардум рох ёфт. Таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх чун иди умумихалқии сокинони xумхуридар саросари Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд.
Даврони навини давлатдории мо оғоз ёфта, бунёдкориву созандагива ободонии кишвар ба хукми анъана даромад. Барномахои истиқлолияти озуқаворӣ, ислохоти иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, эхёи рохи абрешим ва бунёди хати нави рохи охан, ба истифода додани кони гази Хоxа Сартез ва даххо корхонахои хурду бузурги саноатибашорате буд аз дастовардхои давлати сохибистиқлоли Тоҷикистон, ки аз файзу баракати сулху созиш ва вахдати миллибароямон муяссар гардид.
Воқеан, Тоҷикистон дар тӯли ин солхо ба кишвари зироатива саноатимубаддал гашта, сохахои гуногуни саноату зироат, сохтмону нақлиёт рӯ ба инкишоф ниходанд, пояхои иқтисодии xумхуриустувор гардид. Саноат 55 фоизи тавлидот ва кишоварзи– 45 фоизи махсулоти тавлидотиро ташкил медод. Саноати Тоҷикистон зиёда аз сад сохаи саноат ва қариб 400 корхонахои азимро дар бар гирифт. Корхонаи алюминии Регар, корхонаи электрохимиявии Ёвон, корхонаи нурихои азотии Вахш ба кор шурӯъ намуданд ва иқтидори иқтисодии мамлакатро афзун гардонданд. Асоси тавлидоти кишоварзии xумхуриро заминхои объёришуда ташкил медиханд, ки онхо ба бештар аз 650х.гектар расонида шуданд.
Иxлосияи ХV1 Шӯрои Олӣ, ки мохи ноябри соли 1992 дар шахри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату хукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Иxлосияи номбурда инчунин Раёсати нави Шӯрои Олиро интихоб намуд, ки дар тӯли солхои охирини фаъолияташ бисёр масоили мухимтарини хаёти сиёсива фархангиро халлу фасл кард. Якчанд қонунхои мухим тахия ва дар иxлосияхои Шӯрои Олиқабул гардиданд. Артиши миллиташкил ёфт. Рамзхои давлатии Тоҷикистон қабул карда шуд. Давлати сохибистиқлоли мо сохиби қонуни асоси(Конститутсия) гардид ва ба тариқи овоздихии озод ва алтернативиПрезиденти Тоҷикистон интихоб гардид.
Халқи Тоҷикистон рохи барпо намудани давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт, ки ин дар Конститутсия сабт гардидааст. Имрӯз хар як сокини xумхуриаз он ифтихор дорад, ки Тоҷикистони сохибистиқлол аз xониби зиёда аз 117 давлати сайёра ба расмият шинохта шуд, узви комилхуқуқи Созмони Милали Муттахид ва чандин созмонхои бонуфузи байналмилалигардид.
хамин тавр, тоҷикон тинxу осуда ва сарбаланд зиста метавонанд ва анъанахои неки башардӯстонаи аxдодонро идома медиханд. Ва хамагон бояд фикр кунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих хамеша бо хислатхои нек, фазилату дурандешӣ, хайрхохива тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.
Масоили маданияти маънавии замони муосир
хар як халқ хуқуқ дорад тақдири худ ва интихоби таърихии худро бе дахолати берунимуайян намояд. Э.Ш.Рахмонов дар баромадхои таърихии худ нисбати масъалахои маданияти маънавии тоҷикон дар замони муосир, назарияи хеле мухимро пешниход намуд, ки донистани он хусусан барои xавонон шарт ва зарур аст. ӯ дар мақолаи худ «Xумхурии Тоҷикистон дар остонаи асри ХХ1» чунин гуфта буд: «Алтернативаи сулх аз мо тахкими бебозгашти принсипи инсондӯстиро тақозо мекунад, ки мувофиқи он касе хақ надорад ба дигаре тарзи хаёт, рафтору ақида, ирода, шакли рухоният ё дин, фарханг ва забони худро зӯран тахмил намояд».
Акнун ақидаи навсозидар шуури одамон амиқ ҷой гирифт. Лекин имрӯз аксар дар фикри онанд, ки ба осиёби касе об резанду ба ин васила сохиби луқмаи калон гарданд. хар кас дар талоши луқма, мавҷудияти инсони дигарро фаромӯш мекунад. Ба хама аён аст, ки ин хол оқибати хуб надорад. хатто одамоне дар мақомоти давлатиёфт мешаванд, ки дар ниходашон ба ғайр аз бахри хеш истифодабарии курсӣ, дигар хадаф надоранд. Мархилаи ногувортарин дар таърихи халқе, мамолике давраест, ки дар афкори умум андеша оид ба бебокию фидокори бахри кори умум хукмрон мегардад, ки он нишонаи бӯхрони маънавист. Се рохи наxот аз ин бӯхрон вуҷуд дорад. Аввал дар шуури одамон пайдо гардидани эътиқод ба бехбудии сатхи зиндагӣ, дуйум, баланд бардоштани сатхи таълиму тарбия дар хамаи зинахои маорифи халқ, сейум тахкими вахдати миллат ва пойдории давлат, хамдигарфахмии халқу давлат. халли ин ва дигар масоили бо он пайваста, маданияти маънавии тоҷиконро боз хам баланд менамояд.
Ба дӯши мо масъулияти бузурге қарор дорад, ки хаёти навамонро ба парастиши фарханги бегона ва қабули кӯтохандешонаи фарханги оммавии Fарб, ки махдудияти ахлоқиро намедонад, равона насозем. Яъне, ин маънои онро дорад, ки дастовардхои бехтарини маданияти Fарб қабул карда шавад, лекин на он филмхою мусиқахои бемаънию ахлоқвайронкунанда.
Худи инқилоби исломидар Эрон xавобе буд ба ғарбикунонии хаёти кишвар. Лекин мо хақ надорем, ки ба он рох дихем, ки хаёти халқи Тоҷикистон аввал ба як тараф ва баъд аз он рахо ёфта, ба тарафи дигар майл шавад. Кафолати рушди устувори Тоҷикистон давлатдории дунявӣ, фархангива рухонияти дунявидар асоси озодии виxдон мебошад, ки он хилофи гуманизм, хирад, ахлоқ нест. Ояндаи Тоҷикистон хамчун xомеае бошад, ки тобеи ду гурӯхи ақидахо набошад, зеро онхо мохиятан рушди устувори мамлакатро халалдор менамоянд. Гурӯхи якуми ақидахо дастовардхои асили навсозии асри ХХ-ро инкор карда, ба барқарор намудани як навъ «типи миллии» одамон кӯшиш менамоянд, ки тахти онхо, тахдиди сохти гузашта, хатто бозгашт ба хилофат, дар назар дошта мешавад. Гурӯхи дуйуми ақидахо, ки барои ояндаи мо қобили қабул нестанд, аз кӯшишхои баъзе қуввахои манфиатдор иборатанд, ки мехоханд дар xараёни мубориза бар зидди терроризм онхо омодаанд дини муқаддаси исломро гунахкор намоянд, ки беандоза ғайриодилона ва дур аз созандагист.
хамин тавр, мамлакати мо бо рохи xомеаи озоди демократипеш меравад ва масъалахои маданияти худро бо истифодаи таxрибаи мамоликхои пешқадами Fарбу Шарқ халлу фасл менамояд. Лекин пеш аз хама масоили иқтисодӣ, экологӣ, илму маориф, хаёти иxтимоиба мадди аввал гузошта шавад, зеро ки аз халли он баландшавии маънавии мардуми тоҷик вобастаги дорад.