Сохтори даромад ва хароҷотҳои бучети чумхуриявӣ

Даромади бучети давлати муносибатхои иктисодиро ифода мекунад, ки дар проӣессии ташкил кардани фонди бучети мамлакат байни давлат ва субъектони хочагидори ба вучуд меоянд…Даромади бучети давлати муносибатхои иктисодиро ифода мекунад, ки дар проӣессии ташкил кардани фонди бучети мамлакат байни давлат ва субъектони хочагидори ба вучуд меоянд.
Даромади бучети давлати ин унсури асосии молиявии давлат ба хисоб меравад. Тартиб додани бучети давлат мухлати дарозро талаб менамояд. Бучет бояд хаматарафа кисми даромадро ба назар гирифта дар асоси вобаста ба шароити вокеъи харочоти онро ба накша гирад.
Барои тартиб додани даромади бучети давлатӣ хамаи корхонахои истехсолӣ, ташкилотхо, идорахо, ва шахсоне алохидае, ки бо истехсолоти сохтмон, хариду фуруш хизмати маишӣ ва дигархо машгул хастанд, иштирок менамоянд. Хамаи микдори фонди бучави, ки дар хазина мамлакат чамъ мешаванд аз якчанд факторхо вобаста мебошад. Пеш аз хама аз дуруст истифода бурдани иктидорхои корхонахои истехсолӣ, пурмахсул кор кардани онхо, баланд бурдани сифати махсулоти чахонӣ тобовар будани онхо, баланд будани сатхи таракиёти истехсолот, истехсоли махсулот, ки харидор дошта бошанд ва бо бозори чахонӣ баромада тавонанд. Бояд истехсолкунанда хавасманд бошад, ки махсулотро зиёдтар истехсол карда, фоидаи ба даст овардааш зиёд шавад ва бучети давлати гани гардад.
Бучети давлати Чумхурии Точикистон барои соли 2004 аз руи даромад ба маблаги 917300 хазор сомони ва аз руи харочот ба маблаги 942800 хазор сомони бо барзиёдии харочот нисбат ба даромад ба маблаги 25500 хазор сомони тасдик карда шавад.
Бучети давлати Чумхурии Точикистон барои соли 2003 аз руи даромадхо 637018 хазор сомони ва аз руи харочотхо 655018 хазор сомониро ташкил медихад. Дар давоми соли 2002 бучети давлити Чумхурии Точикистон аз руи даромадхо 459900 хазор сомон ива аз руи харочотхо 490100 хазор сомониро ташкил дод.
Даромади бучет асосан аз хисоби пардохтхои пули корхонахо ва ахоли чамъ карда мешавад. Сарчашмахои асосии даромади бучети давлати аз даромадхои давлати яъне даромадхои андози ва гайриандози иборат аст.
Даромади давлати аз даромади бучети фарк мекунад, чунки ба даромади давлати хамаи зинахои идоракуни, инчунин даромадхои фондхои гайри бучети ва тамоми секторхои давлати дохил мешавад.
Кисми даромади бучети давлати дар соли 2003 назар ба соли 2002 -177118 хазор сомониро зиёд гардид, ки он 38,3% -ро ташкил медод1.
Даромади бучети давлатро одатан андозхо ташкил мекунанд, ки зиёда аз 60-70 % ташкил мекунанд. Бокимондаро андозхои гайри андози ташкил мекунанд яъне карзи давлати, хусуси гардонидани моликияти давлати, ва гайрахо дохил мешаванд2.
Андозаи нихоии касри бучети давлати барои соли 2004 ба маблаги 25500 хазор сомони ё 0,5% Мачмуи Махсулоти Дохили мукаррар карда шавад. Манбаи пушонидани касри бучет ба таври зайл муайян карда мешавад3:
• Даромад аз хусуси гардонидани моликияти давлати – 6000 хазор сомони;
• даромад аз фуруши векселхои хазинадори- 2000 хазор сомони;
• кредити Бонки умумичахони -16250 хазор сомони;
• аз хисоби депозитхои бучети чумхурияви дар бонки Миллии Точикистон ба 1 январи соли 2004-1250 хазор сомони.
Нишондихандаи васеи касри бучети бо назардошти маблаггузоронии берунии Барномаи сармоягузории давлати барои соли 2004 ба маблаги 178300 хазор сомони ё 3,5% Мачмуи Махсулоти Дохили мукаррар карда шавад. Маблаггузории пардохти карзи асосии берунии Чумхурии Точикистон дар хачми 53352 хазор сомони аз хисоби карзхои Бонки умумичахони, Бонки рушди Осиё ва гранти Иттиходи Аврупо муайян карда мешавад. Бучети Чумхурияви барои соли 2004 аз руи даромад ба маблаги 63143 хазор сомон ива аз руи харочот ба маблаги 657243 хазор сомон ива каср ба маблаги 25500 хазор сомони тасдик карда мешавад.
Бучети хифзи ичтимои ахолии Чумхурии Точикистон барои соли 2004 аз руи даромад ва харочот ба маблаги 130000 хазор сомониро ташкил медод.
Бучети хифзи ичтимои ахолии Чумхурии Точикистон барои соли 2005 аз руи даромад ва харочот ба маблаги 250000 хазор сомони тасдик карда шудааст.
Мукаррар карда шуд, ки дар соли 2004 ба бучети чумхурияви андоз аз даромадхои гайриандози зерин ворид карда мешавад:
• Андоз аз фуруш -100%;
• Бочи гумруки -100%;
• Андози замин-15%;
• Андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тарики макомоти гумрук ворид мешавад-100%;
• Акӣизхо-100%;
• Боч ва даромадхои гайриандозии ахмияти чумхурияви дошта, инчунин пардохт барои дохил шудан ба каламрав ва истифодаи роххои автомобил-гарди Чумхурии Точикистон -100%;
Мукаррар карда шуд, ки дар соли 2005 ба бучети чумхурияви андоз аз даромадхои гайриандози зерин ворид карда мешавад:
• Андоз аз фуруш -100%;
• Бочи гумруки -100%;
• Андози замин-15%;
• Андоз аз арзиши иловашуда, ки аз тарики макомоти гумрук ворид мешавад-100%;
• Акӣизхо-100%;
• Боч ва даромадхои гайриандозии ахмияти чумхурияви дошта, инчунин пардохт барои дохил шудан ба каламрав ва истифодаи роххои автомобил-гарди Чумхурии Точикистон -100%;
Дар соли 2004 меъёри андоз аз фуруши алюминии аввалия ба андозаи 1% ва нархи пахта ба андозаи 10% мукаррар карда шуда буд.
Дар соли 2004 мухлат ва меъёри пардохти андози ягона барои хочагихои дехкони (фермери) аз маблаги яксола ба таври зайл мукаррар карда шуда буд: 15 март-15%, 15 июн-20%, 15 сентябр-25%, 15 декбар 40%.
Дар соли 2004 пахтаи коркарднашуда, содироти алюминии аввалия, нахи пахта, воридоти гази табии ва кувваи барк аз андози арзиши иловашуда озод карда шуд.
Дар бучети чумхурияви барои соли 2004 даромад аз хамаи субъектхои хочагидории дар каламрави Чумхурии Точикистон мавчуд буда ба маблаги умуми 631743 хазор сомони мукаррар гардида буд.
Аз чумла:
• Андоз аз арзиши иловашуда – 283516 хазор сомони;
• Акӣизхо – 44934 хазор сомони;
• Андоз аз фуруш (пахта ва алюминии) – 82342 хазор сомони;
• Андоз аз шахсони хукуки -13532 хазор сомони;
• Андоз аз амволи корхонахо – 8316 хазор сомони;
• Андози даромади шахсони вокеи – 4259 хазор сомони;
• Даромад аз фаъолияти иктисоди хоричи (бочу гумруки ва дигар пардохтхои гумруки) – 90015 хазор сомони;
• Андози замин – 1949 хазор сомони;
• Андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард – 18655 хазор сомони;
• Ва дигар даромадхо – 41725 хазор сомони;
• Грантхо ва дигар ташкилотхои байниалмиллаи – 42500 хазор сомони.
Дар бучети чумхурияви барои соли 2005 даромад аз хамаи субъектхои хочагидории дар каламрави Чумхурии Точикистон мавчуд буда ба маблаги умуми 822928 хазор сомони мукаррар карда шудааст:
Аз чумла:
• Андоз аз арзиши иловашуда – 370058 хазор сомони;
• Акӣизхо – 68665 хазор сомони;
• Андоз аз фуруш (пахта ва алюминии) – 108795 хазор сомони;
• Андоз аз шахсони хукуки -22580 хазор сомони;
• Андоз аз амволи корхонахо – 27478 хазор сомони;
• Андози даромади шахсони вокеи – 9151 хазор сомони;
• Даромад аз фаъолияти иктисоди хоричи (бочу гумруки ва дигар пардохтхои гумруки) – 105964 хазор сомони;
• Андози замин – 1002 хазор сомони;
• Андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард – 12877 хазор сомони;
• Ва дигар даромадхо – 1479 хазор сомони;
• Даромадхои дигари гайриандози 58870 хазор сомони;
• Грантхо ва дигар ташкилотхои байнимилали – 38000 хазор сомони1.
Даромадхои давлати аз руи якчанд аломатхо гурухобанди карда мешавад:
1. Вобаста аз сарчашмахои даромадхо мешаванд.
• Андоз аз шахсони хукуки.
• Андоз аз ахоли
• Карзхо.
• Даромадхо аз фуруши моликияти давлати.
2. Аз руи усулхои ситонидани даромадхои андози ва гайриандози мебошанд.
3. Аз руи намудхои андоз мустаким ва гайри мустаким.
Мувофики Конуни Чумхурии Точикистондар бораи бучети Чумхурии Точикистон ва Конуни молияви давлати Чумхурии Точикистон.
Даромадхои бучети давлати ба ду гурух таксим мешавад:
1. Даромадхои андози, ки ба он хамаи андозхое ки дар Кодекси андоз пешбини шуданд дохил мешавад.
2. Ва даромадхои гайриандози, ки ба даромадхои гайриандози дохил мешаванд.
• Даромад аз хизмати пулаки аз чониби макомоти хокимияти давлати ва ташкилоти бучети тобеъи макомоти мазкур расонида мешаванд.
• Фоидаи Бонки Милли Чумхурии Точикистон меъёри Конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.
• Даромад аз фуруши захирахои пасандози давлати, ва фоизи сармоягузори давлати ва бо ибораи дигар карзи давлати.
• Чаримахо ва пенияхо, ки бо карори макомоти суди ба фоидаи давлати ситонида мешавад.
• Грант ва дигар маблагхои бе подошт, ки аз шахсони вокеъи ва хукуки ташкилоти байналхалки давлатхо гирифта мешавад.
• Карзои беруни ки хамчун манбаи маблагхои касри бучети ситонида мешавад.
Даромадхои бучети чумхурияви аз даромадхои андозиву гайриандози инчунин аз воридоту маблагхои беподошт иборат мебошад.
Ба даромадхои андози дохил мешаванд:
• Андозхои умумидавлати, ки фехристу меъёри онхоро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст. Таносуби таксими андозхои мазкур дар байни бучети чумхурияви ва бучети махалли дар Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбатии молияви мукаррар мегардад.
Ба даромадхои гайриандози дохил мешаванд;
• Даромад аз хизматхои пулаки, ки аз чониби макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхои бучетии тобеи макомоти мазкур расонида мешавад.
• Фоидаи бонки Милли Точикистон тибки меъёрхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.
• Даромад аз фуруши захираву пасандозхои давлати, суди (дивиденди) сахмия аз дорой молияви. Хамчун ба даромади бучети чумхурияви аз хисоби манбаъхои гайри бучети тааллук дорад.
• Грантхо ва дигар маблагхои беподошт, ки аз шахсони вокеи, хукуки, ташкилотхои байналмилали, хукуматхои кишвархои хоричи ворид мешавад;
• Маблаге, ки дар натичаи хисоббаробаркунии байни бучетхои чумхурияви ва махалли ба вучуд меояд;
• Маблагхое, ки аз истифода ва фуруши амвол ворид мешаванд, хамчунин карзгирии давлатии дохили ва беруни, ки дар бучети чумхурияви берун аз даромад хамчун манбаи маблаггузории касри бучети истифода мешавад.
Бучети чумхуриявӣ барои соли 2004 аз руи даромад ба маблаги 427568 хазор сомониро ташкил дод.
Бучети чумхуриявӣ барои соли 2005 аз руи даромад ба маблаги 822928 хазор сомониро пешбини карда шудааст.
ДАРОМАДХОИ ФОНДХОИ МАКСАДНОКИ ДАВЛАТӢ.
Даромадхои фондхои максадноки давлатӣ аз хисоби манбъхои зерин ташкил меёбанд:
• Андозхои бочхои махсуси максаднок ва хатми, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.
• Маблагхои ихтиёри супоридани шахсони хукукӣ ва вокеӣ;
• Маблагхои бучети давлатӣ;
• Фоида аз фаъолияти сохибкорӣ, ки фонди дахлдор хамчун шахси хукуки амалӣ мегардонанд.
• Даромадхои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.
Даромадхои фондхои максадноки давлатӣ дар бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли навбати молиявӣ алохида, аз руи меъёрхои мукарар намудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, ба хисоб гирифта мешавад.
Чамъовари ва назорати пардохтхои хатмиро ба бучети фондхои максадноки давлатӣ Вазорати даромадхои давлатӣ ва пардохтхои Чумхурии Точикистон амалӣ мегардонад.
Харочотхои бучети давлатӣ чунин муносибатхои иктисодиро ифода мекунад, ки бо таксим ва истифодабарии воситахои бучетии давлатӣ аз руи таъиноти сохавӣ, худуди ва максаднок вобаста мебошад. Дар харочотхои бучети ду тарафи протсесси ягонаи таксимоти муайян карда мешавад: ин таксим кардани фонди марказонидашудаи бучетӣ ба кисмхои таркиби ва ташкили фондхои пулии таъиноти махсуси муассисахо, ташкилотхо ва субъектхои хочагидорӣ.
Харочотхои давлатӣ ва маблаггузории харочотхо баробари ичрои вазифахои мушаххаси давлатӣ ба миён меоянд, ба хисоб рафта, чунин пардохтхоест, ки бебозгашт, ва талаботхои молиявиро бавучуднаоранда мебошанд.
Зимни ба вучуд овардани харочотхо давлат таъсири бевоситаро ба иктисодиёт расонида, бо хамин хотир ба сохахои алохидаи иктисодиёти милли хачми умумии харочотхоро зиёд ва ё кам менамояд. Бояд кайд кард, ки гуногуншаклии харочотхои бучети аз якчанд амилхо вобаста аст:
– табиат ва вазифахои давлат;
– дарачаи тараккиёти ичтимоӣ – иктисодӣ;
– алокахои бучет бо иктисодиёти миллӣ;
– вазъияти сиёсии мамлакат;
– сатхи тараккиёти хаёти фарханги ва мадании чомеа;
– самтхои аввалиндарачаи рушди минбаъдаи иктисодиёти кишвар ва чанде дигар омилхо.
Ин аст, ки барои муайян кардани мазмуну мундарича ва самтхои мухимтарини харочотхои бучетӣ дар хаёти ичтимоӣ-иктисодии чомеа онхоро тавассути аломатхои муайян гурухбандӣ менамоянд;
– аз руи ахамияти харочотхо дар такрористехсоли васеъ;
– аз руи таъиноти чамъияти ва максаднокии сафарбаркунии воситахои пули;
– аз руи сатхи тараккиёти сохахои истехсолоти модди.
Ин аст, ки дар шароити хозира самтхои мухимтарини харочотхои бучет инхо ба шумор мераванд:
– маблаггузории мудофиа;
– маблаггузории сохаи ичтимоиёт ва амали гардонидани барномахои махсуси ичтимоӣ;
– маблаггузории макоматхои идораи давлатӣ ва дастгохи Президент;
– маблаггузории сохахои иктисодиёти миллӣ.
Хамчунин дар баробари тагироти бевоситаи харочотхо тавассути харочотхои бучетӣ, аниктараш, маблаггузории бучетӣ-субсидияхо, субвен-сияхо ёрии молиявӣ таъсири мутакобил низ мерасонад.
Аз лахзаи бадастории истиклолияти сиесиву иктисодии Точикистон дар мамлакат амалан базаи зарурии хукуки дар рохи ташаккули муносибатхои бозорӣ, дигаргунсозии системаи идорасозии иктисодиёт фарохам оварда шуд.
Дигаргунсозихои бозории дар кишвар амалишаванда бахри устувор гардонидани мустакилияти сиесиву иктисоди, таъмини тараккиёти тамоми сохахо ва чабхахои иктисодиёти милли равона карда шудаанд. Ин аст, ки аз кабили чорабинихои мухими рафти ислохоти сохаи молиёт, ба хусус, механизми асосии сиёсати молиявии давлат-яъне бучети он яке аз нишондодхои назарраси ислохот дар кисмати харочоти бучет ба мушохида мерасад.
Системаи таснифоти бучети системаи бахисобгирии фаъолияти иктисодии сохаи муассисахои давлати буда, мувофики он вазифахои иктисодии макомотхои давлатии сиёсати давлатро пешбаранда ба тарики пешниходи хизматрасонихои гайрибозори, дар навбати аввал, барои истифо-даи умум, гирифтани даромадхо, ки аз хисоби пардохти хатмии-андозхои аз соахои дигари иктисодиёт ташаккулёфта муайян карда мешавад.
Принӣипи вазифавии таснифоти харочотхо вазифахои иктисодии идоракуни, яъне самти сафарбаршавии воситахои бучетиро муайян месозад. Ба ибораи дигар, харочотхои бучет барои ичрои ин ё он вазифаи макомот-хои идорасозии давлати равона мегардад.
Принсипи иктисодии харочотхо самти харочотхоро барои ичрои максадхо ва вазифахои муайяни макомотхои идорасозии давлати инъикос мекунад.
Ин аст, ки мувофики принӣипи вазифагии таснифоти харочотхо дар намуди умуми харочотхои давлатиро метавон ба чор гурух гурухбанди намуд:
– Сохаи мудофиа ва тартиботи чамъияти бехатари. Ба ин гурухи харочотхои давлати харочотхоро барои сохаи мудофиа, сиёсати беруна, дастгирии тартиботи чамъияти, бехтарии мамлакат ва бешубха нигохдории макрмотхои дахлдори он шомил гардонидан мумкин аст.
Сохаи ичтимоиёт ва барномахои махсуси ичтимои – фарханги.
Ба радифи харочотхои дахлдори ин гурух бевосита харочотхо барои сохахои мазкур – маориф, тандурусти, фарханг, сугуртаи ичтимои ва таъминоти ичтимои, воситахои ахбори умум, варзиш, хочагии манзили- коммунали ва чанде дигар сохахои шомил аст.
Маблаггузории макомотхои идорасозии давлати ва дастгохии ичроияи Президент ва макрмотхои кудрати, ки дар айни вакт тамоми харочотхо барои макомотхои хукумати конунбарор ва ичроияро дар назар дорад.
Ва нихоят, маблаггузории иктисодиёти миллӣ, бешубха он намуди хизматрасонии давлатиро дар назар дорад, ки бо фаъолияти иктисоди вобастаги дорад. Ба таркиби чунин харочотхо, харочотхо барои таъмини самаранокии бештар баланди субъектхои хочагидори, фарохам овардани шароитхои рушди иктисодиёт, барномахои максадноки иктисоди, ташкили чойхои нави кори ва гайрахо дохил мешавад.
Кобили кайд аст, ки нисбатан харочотхои мухимтарин аз кабили харочотхо барои барномахои ичтимои, барои сохаи мудофиа ва пардохти карзи давлатӣ ба шумор меравад.
Динамикаи нишондихандахои бучетӣ оиди он шаходат медиханд, ки бучет махсусан то давраи гузариш ба муносибатхои бозорӣ бо харочотхое, ки вазифаи иктисодии давлатро инъикоскунанда хеле зиёд хиссагузор шуда, вазифаи ичтимоии он бевосита бо дастгирии зарурии молиявӣ амалӣ гардонида намешуд. Бо баробарии гузариш ба асосхои бозории хочагидорӣ асос дар зимни таксимоти воситахои бучетӣ хатман пайдо гардид.
Асоси гурухбандии сохавии харочотхои бучетӣ давлатиро таксимоти умумии иктисодиёт ба сохахо ва намудхои фаъолият ташкил медихад. Ин аст, ки харочотхо ба сохахои истехсоли аз руи сохахо ва харочотхо, ба сохаи гайриистехсоли, ба сохаву сохторхои алохидаву мухталиф чудо мешаванд:
Гурухбандии сохавии харочотхои сохаи истехсоли мувофики таксимоти кабулшуда:
– барои сохаи саноат;
– барои хочагии кишлок ва умуман сектори аграри;
– сохтмон;
– алока (коммуникатсия);
– наклиёт;
– хочагии манзили – коммунали;
– комплекси сузишвори – энергетики;
– хочагии чангал ва мохипарвари.
Дар сохаи гайриистехсоли бошад, гурухбандии сохавии харочотхои бучети чунин сурат мегирад:
– Маориф;
– Сугурта ва хифзи ичтимоӣ;
– Тандурустӣ;
– Чорабинихои маданӣ – фархангӣ;
– Мудофиа ва сохторхои кудратӣ;
– Идораи давлатӣ;
– Варзиш;
– Пардохти карзи давлатӣ ва хиссачудокунихо ба ташкилотхои бонуфузи байналхалки.
Хачми харочотхои бучети давлатиро аз руи гурухбандии сохави барои соли 2005 нишон медихем:
Хачми харочотхои бучети давлати ба сохаи гайриистехсоли.
Таксимоти сохавии харочотхо имкон медихад, ки таносубхои таксимоти воситахои бучетӣ ошкор карда шавад ва баробари ивазу тагир додани онхо тамоюлхои пешрафту тараккиёти таркибии истехсолоти чамъиятӣ таъмин карда шавад. Дар ин чода бояд кайд намуд, ки вазъияти кунунии бухронии иктисодиёти кишвар имруз такозо мекунад, ки хиссачудокунихои бучетӣ бештар ба сохахои истехсолоти моддӣ ва махсусан, комплекси агросаноатӣ бо хадафи баркарор намудани потенсиали молиявию иктидории ин сохахо сафарбар карда шавад.
Бояд зикр намуд, ки рафти ислохоти дигаргунсозихои бозор дар мамлакат боиси арзи хастӣ намудани шаклхои гуногуни моликият дар рохи ташаккули фаъолияти молиявӣ – хочагӣ ва кабл аз хама мубаддали корхонахои давлатӣ ба чамъиятхои саххомӣ ва дигар шаклхои ташкилӣ хукукӣ гардид. Корхонахои гайридавлатӣ бояд тараккиёти истехсолотро аз хисоби захирахои молиявии худдӣ, бо истифодаи андухт, карз ва чалби воситахо ба тарики эмиссияи когазхои кимматнок ба вучуд оранд. Бинобар ин воситахои бучетӣ асосан барои халли масъалахои таъиноти умумидав-латӣ дошта истифода мешаванд.
Вале дар баробари назардошти ин аспект, хатто дар шароити иктисо-диёти бозор захирахои давлатӣ ахамияти худро бахри маблаггузории сармо-ягузорихо ва сохтори давлатӣ, амалӣ гардонидани барномахои давлатӣ, дастгирии сохахои ва минтакахои алохида нигох медоранд.
Ин чост, ки воситахои зиёди бучетӣ барои тараккиёти ичтимоӣ, таъиноти нафакавии сохторхои кудратӣ, барои гурезахо ва мухочирон, хизматчиёни давлатӣ мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мешаванд.
Харочоти асоси тибки конуни бучетии Чумхурии Точикистон-ин харочотхои фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, бо назардошти харо-чотхо барои хариди сармояхои асосӣ, маблаггузории баромадхои сармоягу-зорӣ, таъмири капитали ва дигар харочотхои аз кабили гурухбандии иктисо-дии харочотхо мебошад.
Маблаггузории давлатии маблаггузории капиталӣ дар шароити иктисо-диёти бозорӣ танхо ба хамон максадхо сурат мегирад, ки молиякунонии он аз хисоби дигар сарчашмахо имконнопазир бошад.
Хариди сармояи асосӣ-харочотхоро барои хариди молхои нав ва ё вучуддоштаи истифодаи дарозмуддат, ки барои истифодаи истехсолоти номусаллах таъинот доранд, дар назар дорад. Хамчунин ба он харочотхо барои сохтмони асосӣ ва таъмири капиталӣ дохил мешавад.
Маблаггузории асосии мутамарказ – ин харочотхо барои хариди молхо барои ташкилии захирахои стратегӣ ва фавкулода, захирахои гандум ва молхои дигари барои кишвар ахамияти калон дошта, инчунин, барои хариди заминхо, чангалхо, мавзуъхои нерухои табиӣ ба хисоб меравад.
Ва нихоят трансфертхои асосӣ барои маблаггузории харочотхои кабулкунанада хангоми хариди активхои асосӣ, чуброни талафотхо ва ё афзоиши сармояи молиявии кабулкунанда нигаронида шудаанд. Онхо пардохтхои бебозгашти макомотхои идораи давлатӣ буда, характери яктарафа доранд, ки боиси ба амал наомадани талабхои молиявӣ мегардад. Одатан чунин трансфертхо ба трансфертхоӣ дохили давлатӣ ва берун аз марзӣ чудо мешаванд.
Трансфертхои асосии дохили ватанӣ – ин пардохтхои бебозгашти макомотхои идорасозии давлатӣ барои максадхои асосӣ ба дигар сатххои идораи давлатӣ, корхонахои давлатии гайримолиявӣ, муассисахои молиявӣ ва дигар трансфертхои дохилӣ мамлакат.
Трансфертхои бурунмарзӣ ба хорича – пардохтхои бебозгашти макомотхои идораи давлатӣ, ки бахри максадхои асосӣ нигаронидашуда ба макомотхои хоричии идора ва ташкилотхои байналхалкӣ, шахсони алохида, муассисахои гайритичоратӣ ва он вохидхои иктисодие, ки резидентхои иктисодиёти миллӣ нестанд, дода мешавад. Ин чо кайд кардан зарур аст, ки хамасола ба конуни бучетӣ хатман дохил кардани маълумот оиди моддахои химояшавандаи харочот сурат мегирад, ки мувофики он ба моддахои мазкури харочот, аз чумла: музди мехнат, маблагчудокунӣ барои сугуртаи ичтимоӣ, стипендияхо, нафака, ёрдампулихо дар раванди ичрои бучет сарфи назар аз дарачаи касри бучет кам карда намешаванд ва барои ичрои хатмӣ карор доранд.

Дар сурати ичро нашудани кисми даромади Бучети давлатӣ, маблаггу-зории харочотхо барои харидани тачхизот, асбобу анчом, таъмири асосӣ, дотатсияи сохаи иктисодиёт ва дигар харочотхо мутобикан ба маблаги ичронашуда кам карда мешавад. Хамчунин маблагхои махсуси вазоратхо, идорахо, ташкилоту муассисахои аз бучети давлатӣ маблаггузоришаванда дар сметаи ягонаи даромаду харочотӣ ин ташкилотхои бучетӣ пешбинӣ шуда, шартнома дар хисоботи даромаду харочоти Бучети давлатӣ инъикос мегарданд. Хамзамон аз руи маблахои махсуси на камтар аз 10% барзиёдии даромад нисбати харочот пешбинӣ гардад, ки он сарфи назар аз маблагхои вокеан воридшуда ба даромади бучет дохил карда мешавад.
1 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2003» аз 16.12.2002.

2 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2004» аз 20.12.2003.

3 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2005» аз 23.12.2004.

1 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2005» аз 23.12.2004

3.99K
Нет комментариев. Ваш будет первым!