Ҷайния
Ҷайния таълимоти динию фалсафиест, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод зуҳур карда, бо мурури замон ба яке аз динҳои Ҳиндустони қадим табдил ёфт. Асосгузори он Вардҳамана ба шумор меравад, ки бо лақаби Маҳавира («Қаҳрамони бузург») ва Ҷина («Ғолиб») маъруф буд. Ин таълимот аслан дар қисмати шимолу шарқии Ҳиндустон арзи ҳастӣ намуда, баъдтар дар саросари ин кишвар густариш ёфт.
Мувофиқи таълимоти ҷайниҳо, Маҳавира ба шогирдонаш 14 китоб ба мерос мондааст, ки онҳо маҷмӯи ақидаҳои ӯро фаро мегирифтанд. Дар асри III то милод дар шаҳри Пачалипутра ҷамъомади умумии ҷайниҳо баргузор мегардад. Дар он ҷамъомад таълимоти ҷайниҳоро бо номи «Сиддханта» мураттаб месозанд. Бояд гуфт, ки Ҷайния асосан дар муқобили браҳмания қарор гирифтааст ва аз ин рӯ, қисмати муҳими матнҳои «Сиддханта» — ро мазаммати таълимоти Браҳма ташкил мекунанд. Чунончи, дар яке аз матнҳо омадааст: «Агар тавассути ғусл кардан дар оби хунук ба зинаи такомул расидан мумкин бошад, он гоҳ қурбоқа, сангпушт ва мор ба зинаи такомул мерасиданд ва агар об корҳои бад ва наҷосатро мешуста бошад, пас корҳои некро низ мешӯяд».
Дар қонунҳо (Сиддханта) инчунин оид ба астрономия, ҷуғрофия, кайҳоншиносӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва ғ. маълумотҳои хусусияти илмию амалидошта низ ҷой доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ҷайния маърифати илмӣ чандон бегона набудааст. Ҷайния қурбонӣ кардани ҳайвонро маҳкум менамуд ва ҳисси тараҳҳумро нисбати ҳамаи мавҷудоти ҷондор таблиғ мекард. Бархилофи браҳмания, ки занҳо ва шудраҳоро ба ҳайвон баробар медонист ва онҳоро аз ҳуқуқи тиловати китобҳои муқаддас маҳрум сохта буд, ҷайния ба занҳо зоҳидӣ ва хондани китобҳои муқаддасро раво медонист. Ҷайния худоҳоро не, балки тиртҳингерҳо ва ҷинро парастиш мекарданд.
Ғайр аз ин ихтилофот дар байни ҷайния ва браҳмания умумиятҳо низ вуҷуд доранд. Чунончи, сансара, карма, мокша ва мақсади он, яъне наҷот ёфтан аз зиндагӣ, ки ҳамчун ранҷу азоб ва мусибат дониста мешуд.
Ҷайния ҳамчун ҷаҳонбинӣ аслан дар атрофи ду мавзӯъ, яъне табиат ва илоҳиёт баҳс ба миён мегузошт. Тибқи фалсафаи ҷайн акаша (алога) фазои холиест, ки як қисми онро олами моддӣ, яъне лока фаро гирифтааст. Олами моддӣ аз зарраҳои хурди ҷондор ва ҳаракаткунанда иборат аст, ки ин зарраҳо ҷамъ омада, бо ҳам часпида чун пардае тамоми оламро фаро мегиранд. Аз нуқтаи назари онҳо ин зарраҳо аз қадим вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ нест намешаванд. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ин зарраҳо ба берун не, балки ба дохили онҳо мансуб дониста мешавад, ки онҳо бо мафҳумҳои дҳарма (қувваи муҳаррика) ва адҳарма (қувваи монеъшаванда) ифода ёфтаанд. Ҳама чиз баъди он, ки шакли муайянеро соҳиб шуд, тавассути чор чиз -дҳарма-он чӣ ки ба он ҳаракат мебахшад, адҳарма-нерӯе, ки онро дар маконе нигоҳ медорад, пудгала-он чӣ ки ба ҷисм тамъ ва рангу бӯй мебахшад ва кала-он чӣ ки имконияти тағйиру табдилрофароҳам меорад, вуҷуд дошта метавонаду халос. Азбаски ин зарраҳои хурд аз қадим вуҷуд доранду абадӣ мебошанд, ҷисмҳое, ки аз ин зарраҳо пайдо мешаванд низ абадӣ буда, баъди марг боз ба зарраҳои хурд ҷудо шуда ва боз дар шакли ҷисми дигаре зуҳур мекунанд.
Фалсафаи ҷайния чун таълимоти Буддо зиндагиро мусибат ва ранҷу азоб мешуморад. Онҳо инчунин бар он ақидаанд, ки мусибат на танҳо мансуби одамон, балки домангири тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Ба ақидаи ҷайниҳо, ҳаёт хориқаи абадӣ аст, пас мусибат ҳам азалию абадӣ мебошад. Ҳеҷ чизеро аз ин имконият халосӣ нест, ба ҷуз худоёнро, ки онҳо аз шарри мусибат эмин мебошанд. Лекин ин роҳи наҷот барои инсон ҳам дастрас шуморида шудааст, ба шарте, ки ба воситаи тақво ва риёзат нафси худро ба мартабаи худоён бирасонад.
Дар таълимоти ҷайния «се ҷавҳар» василае ҳисоб мешуданд, ки барои наҷот ёфтан аз мусибат ҳангоми зиндагӣ риояи онҳо ҳатмӣ шумурда мешавад. Аввал, рафтори нек, дуюм, пиндори нек ва сеюм, эътиқоди нек. Эътиқоди дуруст-ин эътиқод ба нуфузи тартхингерҳо, рафтори нек-ин риояи панҷ савганд, яъне ахимса-беозорӣ, сатя-ростӣ, астея-дуздӣ накардан, апариграҳа-гушанишинӣ (дунёбезорӣ, зоҳидӣ) ва браҳмачаря-аз никоҳ худдорӣ кардан. Ҷавҳари сеюм, яъне маърифати дуруст, назарияи дониши ҷайниҳо ба шумор меравад.
Дар таълимоти ҷайния бадтарин хислатҳои инсонӣ крудҳа – кина, мана – ғурур, майя – ҷаҳл, лодҳа – ҳирс ба шумор меравад.
Ҷайния ба ду равия — дигамбарҳо ва шветамбарҳо тақсим мешавад. Шветамбарҳо равияи нисбатан мӯътадил буда, онҳоро «сафедпӯшон» низ меноманд. Дигамбарҳо равияи оштинопазир (дағал) ба шумор рафта, пайравони он баъзан тани урён мегаштанд. Онҳо қонунҳо, яъне «Сиддҳанта» — ро эътироф намекарданд, аз истеъмоли хӯрок то ҳадди ниҳоӣ худдорӣ мекарданд ва бар чунин ақида буданд, ки занҳо қобилият надоранд ба мокша, яъне комилан наҷот ёфтани рӯҳ ноил шаванд. Низоми каставиро маҳкум мекарданд: аз оиладоршавӣ дурӣ ҷӯстан, мӯи сарро гирифтан ва дар ибодатгоҳ бо садақа зистан. Шудраҳо аз риёзат маҳрум буданд. Риёзати дигамбарҳо бошад, чандон талаботи ҷиддӣ надошт. Онҳо фақат либоси сафед пӯшида, одатан дар як макон сукунати зиёд надоштанд ва аксаран дар саёҳат буда, ҳаёти қаландарӣ мегузаронданд. Лекин онҳо фақат рӯзона ҳаракат мекарданд, то ки дар торикӣ ягон ҷонзодеро осеб нарасонанд.
Ҷайниҳо имрӯз ҳам дар Ҳиндустон вуҷуд доранд ва шумораи онҳо ҳамагӣ 0,5 фоизи аҳолиро ташкил мекунад.