Исмоилия

Исмоилия яке аз ҷараёнҳои бонуфузи мазҳабӣ-фалсафӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад, ки дар қарни VIII-и милодӣ ба вуҷуд омадаст. Муассиси ҷараёни исмоилия Исмоил ибни Ҷаъфари Содиқ –ҳафтумин имоми аҳли шиа мебошад. Дар таҳаввулу ташаккули низоми фалсафаи исмоилия, мазмунан нақши назариёти навафлотунӣ, тавҳиди ислом бо омезиши ақоиди мазҳабию фалсафии халқҳои бостонии форсиюласл хеле калон аст. Тибқи таълимоти исмоилия, мабдаи ягонаи ҳодисаҳои бешумори олам Худои Таъоло мебошад. Вай ҳеҷ гуна сифат надорад ва барои одамон номуайян ва шинохтанашаванда аст. Аз ин рӯ, ба ӯ ибодат кардан лозим нест. Тавре ки дида мешавад, исмоилия на танҳо ба ислом, балки бо навафлотуниён ва тасаввуф ихтилоф дорад, чунки инҳо имкони робитаи шахси алоҳидаро бо Худо эътироф мекунанд ва ба он мӯътақиданд, вале исмоилия имкони ҳар гуна шинохтро инкор мекунад. Мувофиқи назарияи исмоилия, Худо Зоти Кулл дар ҳолати оромии абадист. Вай (Худо) холиқу офаридгори олам нест.Худо — Зоти Кулл бо иродаи азалии худ ҷавҳари созанда Ақли Куллро xудо мекунад. Ин нахустин файзи Худост. Ақли Кулл, тибқи ин таълимот, дорои ҳама гуна сифати илоҳист ва яке аз аломатҳои асосии он илм аст. Ибодатро ба ӯ бояд кард. Вай дорои исмҳои зиёд аст. Ақли Кулл зинаи поёнии Фаязон-Нафси Куллро эҷод кард. Он ноқис аст ва сифати асосиаш ҳаёт мебошад. Нафси Кулл бо эҳсоси ноқиси худ майл ба камол мекунад ва аз худ файзони тозае эxод мекунад ва моддаи аввал-ҳаюлоро падид меорад. Аз ҳаюлло замин, саёраҳо махлуқоти зинда ба вуҷуд меоянд. Пайдоиши инсон аз майли Нафси Кулл ба сӯи камол вобаста аст.

Ҳамин тариқ, исмоилия ҳафт зинаи файзон (эманатсия) Зоти Кулл, Ақли Кулл, Нафси Кулл, ҳаюло, Макон, Замон ва Инсони комилро муқаррар кардааст. Дар таълимоти исмоилия байни Ақли Кулл ва башар тафовут xой надорад, онҳо яксону ҳамоҳанганд, яъне таxаллии Ақли Кулл дар ҷаҳони ҳисшаванда- Инсони комил мебошад.

Дар таълимоти мазкур адади ҳафт мақоми хосе дорад. Он ба ғайр аз ҳафт зинаи файзон, ҳафт даври анбиёро низ муқаррар кардааст. Чунон ки Носири Хусрави Қубодиёнӣ фармудааст: «Ҳамчунон, ки ба осмони дунё ҳафт нур машҳур аст (Шамс, Қамар, Зуҳал, Муштарӣ, Миррих Зӯҳра ва Аторуд) дар осмони дин низ ҳафт нур аст, машҳур ба Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо, Муҳаммад» (Носири Хусрав. Мунтахаби осор, ҳ.1. саҳ 87). Давраи ҳафтум бо зуҳури пайғамбари бузург ал-Қоим (писари Исмоил Муҳаммад) анҷом меёбад.

Ақли Кулл дар олами зоҳир ба пайғамбарон, ки нотиқ номида шудаанд, инъикос меёбад ва ҳар нотиқ дар назди худ ёваре дорад, ки гуфтаҳои ӯро ба мардум бо роҳи таъвил мефаҳмонанд. Вайро чун худ аз пеши худ чизе намегӯяд, хомӯш меноманд. Чунон ки Мӯсо нотиқ буд, бародараш Ҳорун дар назди ӯ хомӯш, Муҳаммад нотиқ ва Алӣ дар назди ӯ хомӯш буд. Дар фосилаҳои танаффус, ки то пайдоиши нотиқи баъдӣ эҷод мешавд, Зоти Илоҳӣ ба имомон ҳулул мекунад ва онҳо низ ҳафт нафарӣ дар ҳар давраанд.

Барҷастатарин намояндагони фалсафаи исмоилия Қозӣ Нӯъмон (ваф. 974), Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Насафӣ ё Нахшабӣ (ваф. 942), Абӯҳотам Аҳмад ибни Ҳамдони Розӣ (ваф. 933), Абӯяъқуб Исҳоқ ибни Аҳмади Сиҷистонӣ (ваф. 971), Ҳамидуддин Абулҳасан Аҳмад ибни Абдуллоҳи Кирмонӣ (ваф. 1019), Абӯнаср Ҳибатулло ибни Аби Имрон Мусо ибни Довуд Муайяд фи-д-дини Шерозӣ (ваф. 1077) ва Носири Хусрави Қубодиёнӣ (ваф. 1089) аз зумраи онҳоанд.

Абӯҳотами Розӣ (ваф. 933) назариёти навафлотунии Насафиро дар бораи офариниши олам қабул кард, вале баъзе гароишҳою тамоюлоти ихтилофангезро, ки Насафӣ дар масъалаи нубувват ва шарҳи давраҳои таърихи инсоният роҳ дода буд, зери танқид гирифт.

Абӯҳотам зинаҳои судури оламро аз зоти Худованд тасаввур мекунад ва натиҷаи аввалин офаридаи ӯро таваҳҳум медонад. Агар Худованд чизеро таваҳҳум кунад, онро меофарад, ки пеш аз тазоҳураш дар ғояи латофат аст. Таваҳҳум вазну рангу ҳаракат надорад, шунида намешавад ва маҳсус нест. Офаридаи дуюм ҳуруф аст, ки он низ бевазну ранг аст, дида намешавад, вале шунида мешавад ва бар забон ҷорӣ мегардад. Офаридаи сеюм ҳамаи чизҳоест, ки бо ҳуруф васф мешаванд, малмусу маҳсус ва вазндор буда, дида мешаванд. Худованд аз таваҳҳум пеш аст ва таваҳҳум аз ҳуруф. Ҳуруфе, ки худованд бо онҳо сухан гуфтааст, ғайри мӯҳдасанд ва ҳуруфи мӯҳдас ғайри ҳуруфи каломуллоҳанд.

Мутобиқи назарияи навафлотунӣ, ки Абӯҳотам пайрави он буд, нахустин мавҷуде, ки пайдо мешавад, ақл (мабдаъи аввал) аст. Аз ақл нафс падид меояд ва аз таркиби нафсу ақл «олами латиф» ҳосил мешавад. Пас аз он «олами касиф» ё олами моддӣ арзи вуҷуд мекунад. Болотарин мартаба бошад, дар ин олам ҳаюло ва сурат аст, ки онҳо аз нафс ба вуҷуд наомадаанд, балки танҳо осори тафаккури он мебошанд.

Абӯҳотам се навъи моддаро-он ки сирфан «ваҳмӣ» аст ва ба ҳолати нафс иртибот дорад; он ки «афрод ё чаҳор табъ»; он ки аносир ё уммаҳот, ки аз таркиби чаҳор табъ ҳодис мешаванд ва аз омезиши онҳо ҷавҳарҳои чаҳоргона падид меоянд эътироф намудааст. Инсон натиҷаи куллии ҳаракати олам аст ва мавҷудияти олам барои ӯст. Одам шабеҳи олами том аст ва ҳеҷ ҷузъи аҷзои олам ба ӯ монанд нест. ӯ тамоми ҷавоҳири оламро дар худ ҷамъ овардааст ва аз ин сабаб олами сағир номида мешавад. Лекин ба сабаби ҷавҳари латифе, ки дар зоташ ҳаст (нафси нотиқа), бар кулли олам фазилат дорад.

Ҳам Насафӣ (ваф. 942) ва ҳам Абӯҳотам ба таърихи муҳаддас аз назари тарҳи исмоилии ҳафт давр менигаристанд, ки ҳар яке бо зуҳури паёмбар ё нотиқи оварандаи шариат ва дини нав оғоз меёбанд. Аммо дар ташреҳи ҷухъиёт онҳо бо якдигар ихтилофи ақида доштанд. Аз назари Насафӣ нахустин нотиқ аз ҷумлаи нотиқони ҳафтгона-Одам шариате ба вуҷуд наовардааст, чунки дар давраи ӯ ҳеҷ инсоне ғайр аз худаш дар ҷаҳон намезист, аз ин рӯ шариат амалан зарур ҳам набуд. Нахустин нотиқе, ки шариатро ҷорӣ намудааст, Нӯҳ буд, чунки дар оғози давраи ӯ инсонҳои дигар низ пайдо шуданд ва ба мавҷудияти дину шариат ниёз афтод. Мисли ҳамин нотиқи ҳафтум — Муҳаммад бинни Исмоил низ шариатеро эълон намекунад, зеро ӯ вазифаи ошкор сохтани маънои ботинии ҳамаи шариатҳои пешин ва барқарор кардани ҳолати вазъу бешариатӣ буд, ки дар давраи Одам вуҷуд дошт. Муҳаммад бинни Исмоил монанди нотиқи панҷум – нопадид шудааст, аммо ба зудӣ бозмегардад. Насафӣ инчунин мӯътақид буд, ки даври ислом бо омадани Муҳаммад бинни Исмоил дар марҳилаи аввал хотима ёфтааст. Ба ибораи дигар, ҳафтумин давр, ки даври бешариатӣ ҳисоб мешавад, акнун оғоз шудааст. Дар ин давр бар хилофи шаш даври пешин ва имомон, балки фақат лавоҳиқи дувоздаҳ ҷазираи Замин ба фаъолият машғуланд. Он гироишҳои озодандешонаи Насафӣ, ки ба мухолифати сахти Абӯҳотами Розӣ рӯбарӯ шуд, бо шарҳи ҳамин масъала иртибот дорад, зеро Аӯҳотами Розӣ мӯтаъқид буд, ки тамоми ҳақиқати ботинӣ ҳатман ба шариати зоҳирӣ ниёз дорад. Абӯҳотам далелҳои зиёд оварда ақидаи Насафиро дар бораи он ки Одам шариатеро эълон накарда буд, рад намуд. Ҳарчанд худи ӯ низ Одамро аз зумраи паёмбарони улулаъзм намешумурд, зеро ӯ шариати ҳеҷ як нотиқи ҳафтум, ки шариати нав намеорад, шариати исломро мансух эълон накарда, танҳо маънои ботинии онро ошкор месозад. Аммо Абӯҳотам мӯътақид аст, ки дар дар даври ҳафтум амал вуҷуд надорад, аз ин рӯ барои ислоҳи хулосаи Насафӣ, ки давраи ҳафтуми бешариатӣ акнун бо зуҳури аввали Муҳаммад бини Исмоил оғоз ёфтааст, мафҳуми давраи муваққатро ба низоми адвори таърихи муқаддас дароварад. Ин давр, ки хусусияти он ғоиб шудани имомон буд, дар поёни даври ҳар паёмбаре дар мобайни ғоиб шудани имоми ҳафтуми он давр ва омадани наттоқи даври оянда ҷой мегирад. Дар муддати ин даври муваққат ҳукм дар дасти дувоздаҳ лавоҳиқ аст, ки яке аз онҳо ба ҳайси халифаи имоми ҳафтуми ғоиб амал мекунад ва дар чунин мақом ҳаққи ҳокимияти (машрӯъ) қонунро дорад. Ба ақидаи Абӯҳотам, ҳамин гуна даври муваққатӣ пас аз нопадид шудани Муҳаммад бини Исмоил рӯй дода будааст. Ин нишонаи ба поён нарасидани даври шашум, яъне давраи ислом аст. Абӯҳотам мехоҳад исбот кунад, ки нотиқи ҳафтум — Муҳаммад бини Исмоил се мартаба дорад, ки нотиқи ҳафтум, яъне хотимабахшандаи давраҳои пешин, мартабаи ғайбат ва мартабаи зуҳурмебошад. ӯ инчунин, дар миёни ғайб задании нотиқи ҳафтум ва нопадид шудани нотиқи панҷум, яъне Исо мутобиқат ва мушобеҳатеро намебинад, зеро рисолати Исо бо реҳлаташ аз ин ҷаҳон ба поён расид, аммо маъмурияти Муҳаммад бинни Исмоил бо нопадид шуданаш ба поён нарасидааст. Дар ҳақиқат нотиқи ҳафтум бояд аз нав зуҳур кунад ва ба мартабаи аслии худ соҳиб шавад. Абӯҳотам тасаввур мекард, ки чун имомони ҳар давр аз авлоди нотиқ ва асоси он давр ҳастанд, мартабаи лоҳиқ маҳз барои бақияи халоиқ муайян шудааст. Агар ин воқеият ба назар гирифта шавад, ки Абӯҳотам пас аз ба сари қудрат омадани фотимиён низ бозгашти қарибулвуқӯи қоимро таблиғ намуда, робитаи наздики худро бо қарматиёни Ироқу Баҳрайн қатъ накарда буд, хулоса баровардан мумкин аст, ки ӯ доъии Рай-Убайдуллоҳ ал-Маҳдиро на ба сифати имом ва на ба сифати қоими мунтазир эътироф мекардааст. Илова бар ин, далеле мавҷуд аст, ки Абӯҳотам худро воқеан халифаи имоми ғоиб мепиндоштааст. Тибқи ақоиди Насафӣ, инсон аз махлуқоте, ки шуури ҳиссӣ доранд (ҳайвон), падид омадааст. Ин махлуқот дар навбати худ аз мавҷудоте, ки дорои қувваи нумӯ ҳастанд (растаниҳо) пайдо шудаанд. Бо ҳамин тартиб аз таркиби рукнҳо, рукнҳо аз таркиби табоеъ (сифати унсурӣ), табоеъ аз ҳаракати ҷирмҳои самовӣ ва онҳо аз нафси куллӣ, нафси куллӣ аз ақли куллӣ ва ақли куллӣ аз амри борӣ ба вуҷуд омадаанд. Амри борӣ чизе ҷуз асари офаринанда нест мисли аз шамси мунир пайдо шудани нур ё асари мӯҳр бар мум. Аз амри борӣ ақл ба вуҷуд меояд. Ақлро исмоилиён аввал мешуморанд, зеро дар сисиламаротиби мавҷудот худи амрро ба шумор намеоварад, ҳарчанд вуҷуди он бар ақл муққадам аст ва онро навъе миёнҷӣ ва воситаи офаридгору ақл медонад. Сипас ақл нафсро, ки онро сонӣ ё талӣ меноманд, ба вуҷуд меорад. Аз ҷунбишу ҳаракати нафс аҷроми самовӣ падид меояд. Аз ҳаракати нафс дар аҷроми самовӣ табоеъ, яъне гармӣ, сардӣ, рутубат ва хушкӣ падид мешавад. Ин кайфиёт дар миёни аҷроми самовӣ, ки дар атрофии онҳо чарх мезананд, қарор мегиранд. Туфайли гардиши аҷром табоеъ дар марказ ҷамъ шуда шакли курраро мегирад. Сардӣ ва хушкӣ дар марказ бо ҳам даромехта дар он ҷо ҷойгир мешаванд. Рутубат дар ҷустуҷӯи макон боло рафта ба сардӣ меомезад ва заминро чун пӯшише аз об фаро мегирад. Он гоҳ гармӣ аз об бармехезад ва бо рутубат меомезад. Аз таркиби онҳо ҳаво падид меояд ва муҳиту заминро об фаро мегирад. Ба ин тартиб фалаке падид меояд, ки ҳаворо дарбар мегирад. Ин фалак фалаки оташ аст, ки исмоилиён онро фалаки асир меноманд. Вақте, ки афлок ба гардиш медароянд, аз кайфиёти унсурӣ ё табоеъ аркони арбаа падид меояд ва аз онҳо гиёҳҳо пайдо мешаванд. Аз тасфияи гиёҳҳон ва шираи онҳо ҷонварон ба вуҷуд меоянд, ки дорои шуури ҳиссӣ ҳастанд, дар натиҷаи тасфияи баъдинаи онҳо мавҷудоти дорои ақл пайдо мешаванд, ки охирин ҳалқаи силсилаи махлуқотанд.

Ақидаи Насафӣ дар бораи офариниши олам аз пайдоиши ақли куллӣ то зоиши инсон ба сурати як нардбони нузулӣ баён шудааст. Кеши исмоилӣ ба сифати илова бар шабеҳи ин нардбони нузулӣ тарҳи як нардбони суудиро низ пешниҳод намудааст, ки тибқи он нафси инсонӣ дар бозгашт ба сӯи офаридгори хеш бояд дар сари суудӣ аз паллаҳои он боло рафта, аз пайвастагӣ бо олами моддӣ раҳо гардад ва растагор шавад.


580
Нет комментариев. Ваш будет первым!