Фалсафаи тоҷик дар аҳди бостон

Ҳикмати хусравонӣ – ҷаҳоншиносии қавмҳои ориёиро гӯянд, ки аз оини Маздоясно то замони зуҳури зардуштиро дар бар мегирад. Дар адабиётҳои таърихиву фалсафӣ ҳикмати хусравонӣ бо унвонҳои ҳикмати каёниён, ҳикмати пешдодиён, ҳикмати ориёниён ва ҳикмати шоҳзодагон низ ба чашм мерасад. Ин ҷаҳонбинӣ, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба дониш ва маърифатро тараннум ва тарғиб менамояд. Калимаи маздо аз ду қисмат- маз ва до иборат буда, маз маънои бузург ва до маънои донишро дорад. Яъне бузургманишӣ ва бузургдошти донишу маърифат. Донишу маърифат сухани воло ва андешаи созандаро ба вуҷуд меоранд. Ҳамин аст, ки дар ҳикмати хусравонӣ қадри сухан бо зар ва гоҳо аз он ҳам баландтар будааст. Сухан аввалмояи ҷаҳони моддиву маънавист, ки кулли ҷузъиёти олами воқеиро маънии инсонӣ медиҳад. Ин андешаҳои воло боиси пайдо гаштани таълимотҳои оламшумули зардуштияву монавия ва маздакия гардиданд.

3ардуштия — ақоиди динӣ-фалсафист, ки асосгузораш Зардушт мебошад. Осораш «Авесто» аст, ки иборат аз панҷ китоб: «Ясно» — роҷеъ ба масоили шаръия ва давраҳо буда, «Готҳо» (сурудҳо)-ро низ фаро мегирад, «Виспарад» — маҷмӯаи намозҳо ва матнҳои маросимӣ, «Яштҳо» — ситоишу ниёиши Аҳурамаздо, «Вандидод» — қонуни зидди девҳо, ки дар хусуси масъалаҳои беҳдошт ва аҳкоми ҳуқуқӣ баҳс менамояд ва «Хурд-Авесто» дар бораи дуоҳову намозҳост.

Зардуштия яке аз нахустин мактабҳои фалсафаи бостонии мардуми тоҷику форс ҳисоб мешавад. Хусусияти умдаи ин ҷаҳонбинӣ аз ин иборат аст, ки он на танҳо масоили ҳикмати амалӣ, балки масъалаҳои ҳикмати назарӣ-ҳастишиносию маърифатшиносиро ҳам фаро мегирад ва тарҳи масъаларо аз диди ахлоқ арзёбӣ мекунад, нуру зулматро ду ҷавҳари баробари ҳастӣ медонад. Бинобар ин, дутопарастиро метавон аз хусусиятҳои асосии ҷаҳонбинии ин мактаби динӣ-фалсафӣ донист. Вале бо гузашти замон, ҷаҳонбинии дутопарастии зардуштия ба ҷаҳонбинии яктопарастӣ табдил шудааст.

Масъалаи ҳастишиносию аслияти он аз масъалаҳои марказии фалсафаи зардуштия мебошад. Тибқи ин таълимот, оламро ду мабдаи ҳастӣ аст. Чунончи, дар китоби «Ясно» омадааст: Дар ибтидо ду ҷавҳар вуҷуд дошт, ки дар пиндор, гуфтор ва рафтори хайр ва шарр зидди якдигар буданд. Чун ин ду ҷавҳар тамос гирифтанд, аз ҷавҳари аввал бинои пуршукӯҳи ҳастӣ падид омад ва аз ҷавҳари дуюм маскани зулмати нестӣ оғоз ёфт. Ва ҳар яке аз ин ҷавоҳир одамонро ба дин ва парастиши Худо даъват мекард.

Мазмуни овардашуда далолат бар он мекунад, ки зардуштияи ибтидоӣ ҷаҳонбинии дутопарастист, ки он аз дутопарастии мазҳаби қадимии Маздаясно маншаи ғоявӣ мегирад. Дутопарастии зардуштияи ибтидоӣ решаҳои амиқи маърифатӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки он, пеш аз ҳама, натиҷаи маърифат намудани ихтилофҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ҳамин қабил зиддиятҳо (масалан, байни ахлоқи ҳамида ва ахлоқи замима, миёни пиндори нек ва пиндори зишт) барои ташаккул ва вусъати ҷаҳонбинии дутопарастӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Умуман, дутопарастии зардуштияи ибтидоӣ аз тафаккури интихоб байни хайр ва шарр, Аҳуромаздо ва Аҳриман, пиндори нек ва зишт, гуфтори нек ва зишт, рафтори нек ва зишт саршор аст.

Масъалаи дигаре, ки дар фалсафаи зардуштия мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифтааст, масъалаи инсону мақоми ӯ, муқаррар намудани ҳуқуқи одилона дар нисбати вай мебошад. Мувофиқи зардуштия, олам майдони рамзи Аҳуромаздо ва Аҳриман, хайр ва шарр аст. Дар ин рамз инсон, ки махлуқи Аҳуромаздост, бояд майли ӯ дошта бошад, то дар олам хайр ва адл пойдор шавад.

Тибқи ақидаи Зардушт, таркиби инсонро ду унсур ё мабдаъ ташкил додааст. Яке мабдаи моддӣ ва дигаре мабдаи рӯҳонӣ ё осмонӣ. Мабдаи моддӣ қисми инсонро ташкил медиҳад, ки чун аз ин рӯҳ хориҷ гашт, ба як мурдор ё ба чизи нодаркоре мубаддал мешавад. Мабдаи рӯҳонӣ ё осмонии он бошад, ҷон ва ё рӯҳ аст, ки аз ҷониби Аҳурамаздо офарида шудааст ва дар ниҳояти кор ба сӯи ӯ равона хоҳад шуд.

Зардуштия инсонро дар содир кардани аъмол комилан соҳибихтиёр медонад. Вай аз рӯи ихтиёри худ дар набарди байни Аҳуромаздо ва Аҳриман, хайр ва шарр, нур ва зулмат ширкат меварзад. Дар ин набард, ҷониби Аҳуромаздо хайр — ростиро интихоб карда, барои аъмоли худ масъулиятро бар дӯш мегирад. Маҳз ба сабаби дар ҷониби Аҳуромаздо қарор гирифтани инсон пирӯзии Аҳурамаздо бар Аҳриман, нур бар зулмат, хайр бар шарр таъмин мегардад.

Умдатарин масъалае, ки дар таълимоти Зардушт ҳамаҷониба арзёбӣ гардидааст, тавзеҳи фалсафаи амалӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин паҳлӯи фалсафиаш Зардушт кӯшидааст, ба мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти инсонӣ равшанӣ андозад. Фалсафаи амалии вай аз ҳидоят ба ахлоқи ҳамидаву ҳасана, ки ба гуфтору пиндор ва рафтори нек асос ёфтааст, сар шуда, то масоили бунёди оилаи солеха, кишоварзию ободонии олам ва истиқрори ҷомеаи адолатпеша ва ғайра доман паҳн кардааст.

Кишоварзию чорводорӣ, ки дар таълимоти зардуштия мартабаи хеле баланд дорад, аз шарифтарин машғулиятҳо дониста шудааст. Хушбахтии одамон аз кишоварзию муқаддас доштани замин вобаста аст. Ба ақидаи Зардушт, ҳосилхез гардонидани замин ба даҳ ҳазор дуохонӣ ва сад қурбонӣ баробар аст. Парвариши чорвои нафърасонро низ аз аъмоли неки инсонӣ медонад.

Бунёди оилаи солеҳа дар таълимоти зардуштия қавӣ таъкид ёфтааст. Тибқи ин ақоид, занон бо мардон ҳуқуқи баробар доранд. Аз ин рӯ, истиқрори оила низ бо ризоияти баробару тарафайни зану мард бояд сурат гирад. Ҳар мард як зан дошта метавонад. Танҳо дар ҳолати безурётӣ бо ризоияти зан мард метавонист аз нав хонадор шавад. Никоҳ бе ризоияти тарафайн гуноҳи афвнопазир дониста мешавад.

Муқаррар сохтани низоми ҷомеаи адолатпеша аз муждаву ормонҳои ҳамешагӣ ва ниҳоии Зардушт ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Зардушт ақида дошт, ки ҷилави ҳукумат ба дасти шаҳриёре дода шавад, ки одилу оқил бошад ва ба василаи сифатҳои пок ва ахлоқи ҳамидаву ҳасанаи худ мардумро ба рифоҳияту ҳамоҳангӣ ва салоҳияту мурувватпешагии доимӣ таъмин намуда тавонад.

Нақши таълимоти фалсафии зардуштия дар рушду ривоҷи мактабҳои фалсафии минбаъдаи тоҷику форс -монавия, маздакия ва ҳамчунин ҳикмати ишроқ беҳамто бузург аст.

Зурвония. Зурвон дар Авесто-zrvana, дар забони паҳлавӣ- zurvana маънии замонро далолат менамояд. Дар Авесто Зурвон исми Худои марг ва нигаҳбони роҳи пули Сирот мебошад. Зурвония мабдаи тамоми ҳастиро зурвони беканора — замони беканора, ҷавҳари ба асли зоти худ пойдор медонад. Замон ба шакли низом ва қонуни табиӣ дар тамоми ҳастӣ таъсири қавӣ дорад. Аз ин зурвони беканора зурвони беканораи ҷаҳони моддӣ пайдо шудааст. Худи олами моддӣ, моддаи нахустин, ҳаюлои нахустин ё моддае аст, ки тамоми мавҷудот аз он падид омадааст. Аз ин моддаи нахустин, аввал сурати нахустин ё унсурҳои чоргона — оташ, бод, об ва хок пайдо шудааст. Дар «Бундаҳишн» омадааст: Аз рӯшноии беканор оташ ва аз оташ бод ва аз бод об ва аз об хок ба вуҷуд омадааст. Сипас, аз моддаи нахустин табоеъи чоргона (хушкӣ, гармӣ, тарӣ, сардӣ) ё сурати дуюм ва дар анҷом сурати сеюм — яъне зиндагии олӣ (узвӣ)-ҷонварон ва инсон қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштанд. ҷаҳоне, ки аз моддаи нахуст фароҳам омадааст, баъди дувоздаҳ ҳазор соли кайҳонӣ пора-пора шуда, ба сурати ғояти (ниҳояти) худ табдил меёбад ва ин дигаргунии навини он ба Зурвони беканора аст. Аз ин гуфтаҳо метавон натиҷа гирифт, ки яке аз нуқтаҳои умдаи назариёти зурвониён эътирофи ҷабр ва қонунияти табиӣ аст. Зеро назариёте, ки ҳастии Худоро инкор мекунад, ногузир ба ради сарнавишти илоҳӣ ва эътирофи қонуният мерасад.

Эътирофи зурвони беканора аз он дарак медиҳад, ки зурвониён ба азалӣ ва абадӣ будани замон ва модда эътиқод доштаанд ва собит мекарданд, ки замон на дар гузашта оғозе, дар оянда анҷоме надорад.

Азбаски зурвониён зурвони бекаронаро мояи ҳастӣ ва ҷавҳару тӯъмаи моддаи нахустин медонистанд, бинобар ин ба азалият ва абадияти моддаи нахустин эътимоди комил доштанд. Эътирофи азалият ва абадияти моддаи нахустин нуқтаи муҳими озодандешии зурвонӣ аст.

Зурвония тарафдорони назарияи ҷавҳарияти замон буданд, зеро зурвонро ҷавҳари пойдор ва устувор ба сари худ медонистанд.

Онҳо моддаро аз рӯи мартаба ва ҳам аз рӯи замон бар сурат муқаддам медонистанд. Моддаи нахустин, ба қавли зурвониён, сурати муайяне надошта, зимни пойдор шудани унсурҳои чоргона, табоеъи чоргона ва нафс суратҳои мушаххасе касб кардаанд. Зурвониён моддаи нахустро азалӣ ва абадӣ медонистанд. Кайҳон, ки аз моддаи нахуст таркиб меёбад, азалӣ ва абадӣ нест. Вай баъди дувоздаҳ ҳазор соли кайҳонӣ бархоста, ба асли мояи худ, яъне моддаи нахуст бархоҳад гашт. Ин нуктаи назариёти зурвониён талаб менамояд бигӯем, ки бархостани кайҳон барои онҳо бенишоншавӣ нест, балки фақат баргаштан ба сӯи мояи аслии худ аст.

Монавия — таълимоти мазҳабӣ-ахлоқӣ ва фалсафиест, ки дар қарни сеюми мелодӣ ба миён омадааст ва аз кишвари паҳновари ҳиндустон то императории Рум доман паҳн кардааст. Муассиси вай Монӣ аст ва бинобар ин бо унвони монавия маъруф аст.

Масъалаи илоҳию роҳҳои васл ба он яке аз марказитарин масоили ҳикмати Монӣ ҳисоб мешавад. Мувофиқи таълимоти вай, ҳикмати илоҳӣ он аст, ки сари чанд вақт расулони Яздон барои тарғиби паёмҳои навини худоҳо ба замин фурӯд меоянд. Ҳамин тавр, ба ақидаи Монӣ, Буддо дар ҳиндустон, Зардушт дар Эронзамин ва Исои Масеҳ дар ғарб пайиҳам ворид гардида, аз розу ниёзи илоҳӣ башорат додаанд. Ва инак, ман, -мегӯяд Монӣ, -ба кишвари Бобул омадам, то аз ҳақиқати илоҳӣ хабар диҳам.

Ҷавҳари ҳикмати илоҳии монавияро таълимот роҷеъ ба ду сарманшаъ ва се марҳилаи ҳастӣ ташкил медиҳад. Ду сарманшаи ҳастӣ нур аз зулматанд. Нур холиқи хайр ва зулмат офаридгори шарр аст. Тибқи таълимоти монавия, оламро ду асли абадӣ -нур ва зулмат идора мекунад. Онҳо ду холиқанд-холиқи хайр ва шарр. Нур ва зулмат ҳар яке дорои хосиятҳои хос (ранг, бӯй, мазза, ламс ва самъ) ҳастанд ва ба василаи онон мешунаванд, мебинанд ва медонанд. Он чи хайр ва нек аст, махлуқи нур мебошад ва он чи шарр аст, самараи эҷоди зулмат мебошад. Ин ду сарманшаъ дар оғоз аз ҳам ҷудо буданд ва баъдан ба ҳам махлут гаштанд. Барандаи ҷовидона будани ин ду сарманшаъ он аст, ки агар танҳо яке аз ин ду сарманшаъ ҳақиқат дониста шавад, пас аз он ду амали мухталиф падид намеомад. Чунончи, оташ, ки сӯзон ва гарм аст, сард кардан наметавон, ҳамчунин он чи сард мекунад, гарм кардан наметавон; шарр натиҷаи нек ба бор намеоварад. Ин ду сарманшаъ зинда ва фоиланд. Некӣ натиҷаи феъли нек, бадӣ натиҷаи феъли бад аст. Ин гуфтаҳо далолат бар онанд, ки монавия низ чун зардуштия моҳиятан ҷанбаи дутопарастӣ дорад.

Мувофиқи назарияи монавия, марҳилаҳои ҳастӣ-гузашта (мозӣ), кунун (ҳол) ва оянда (мустақбал) мебошанд. Дар марҳилаи мозӣ, ки ҳанӯз хилқат оғоз наёфта буд, олами нур ва олами зулмат аз ҳам ҷудо буданд ва ҳеҷ гуна ҳамзодӣ ба ҳамдигар надоштанд. Марҳилаи дуюм (кунун ё ҳол) давраи омезиши ду мабдаъ, яъне нур ва зулмот ба шумор меравад. Ин давра замони шурӯи муборизаҳои нуру зулмот дониста мешавад. Марҳилаи сеюм (оянда) ғалабаи пурраи нерӯҳои хайр ва рушноӣ бар торикию зулмот мебошад, ки идораи ҷаҳон пурра ба дасти қувваҳои некӣ мегузарад.

Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи Монӣ қарор гирифтааст, масъалаи идрок ё худ маърифат аст. Вай мӯътақид буд, ки инсон фақат бо шарофати маърифат покии ботиниашро таъмин намуда метавонад ва ҳамчунин, он воситае аст, ки инсон ба саодату пирӯзии ҷовидонӣ комёб мегардонад.

Дар таълимоти монавия доир ба масъалаҳои ҳикмати амалӣ низ бисёр ақидаҳои ҷолиб рафтааст. ҳикмати амалии монавия бо чанд меъёру қоидаҳо устувор аст. қоидаи аввал аз ҳафт моҳият иборат аст. Чаҳор мамнӯъият ба масъалаҳои дину ахлоқ ва се манъкунӣ ба масъалаҳои феълу амал дахл дорад. Сеи охир аз манъи сухан (эҳтироз аз суханони куфр ва бидъатомез), манъи даст (даст кашидан аз амале, ки ба амри нур мухолиф бошад) ва манъи дил (ҳазар аз ҳавову ҳавас ва майлҳои зишт) иборатанд.

Монӣ бунёди оиларо ҳамчун яке аз унсурҳои таркиби иҷтимоӣ намедонист. Агар таълимоти зардуштия никоҳ ва тавлидро кори нек ҳисобад, дар монавия кори зишт дониста мешавад. Ба ақидаи монавиён, муносибатҳои ҷинсӣ ва тавлид бадтарин навъи фаҳш мебошанд.

Мувофқи ахбори баъзе сарчашмаҳо, дар таълимоти Монӣ роҷеъ ба сарзамини мусовоти (баробарии) ҳамагонӣ, ки ақидаи тахайюлии қадимии деҳқонист (гӯё ин замон дар гузашта, дар «аҳди тиллоӣ»-и башарият арзи вуҷуд намудааст), низ сухан рафтааст.

Маздакия — таълимоти динӣ — фалсафӣ ва ахлокию иҷтимоист, ки тақрибан дар қарни 1V-V-и мелодӣ пайдо шудааст. Бунёдгузори ин таълимот Маздаки Бомдод буд, бинобар ин бо унвони маздакия машҳур гардидааст.

Аз таҳлили ҷаҳонбинии Маздак бармеояд, ки фалсафаи ӯ дар ду самт –ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалӣ корбаст шудааст. ҳикмати назарии вай дар тавзеҳи масъалаҳои ҳастишиносӣ ифода ёфтааст. Мувофиқи ақидаи Маздак, нур ва зулмат ду омили асосии ҳастӣ ва офаринишанд. Нур офаридгори хайр, зулмат холиқи шарр аст. Ин ду омил ва ҷавҳар аз рӯи мақом ҳамоҳанганд. Вале тафовуташон ин аст, ки нур омил ва ҷавҳари бошуур, соҳиби эҳсос ва ирода буда, зулмат омил ва ҷавҳари бешуур ва нодон аст. Аз ин ҷиҳат, нур бар зулмат бартарӣ дорад ва пирӯзии аввалин бар дуввумин амрест азалан ногузир. Бо ин далел метавон гуфт, ки агарчи Маздак ду омил ва ҷавҳари ҳастиро қоил аст, вале таваҷҷӯҳи вай бештар на ба дутопарастӣ, балки ба ваҳдоният аст. Дар оғоз нур ва зулмат аз ҳам ҷудо буданд, сипас бо амри тасодуф ба якдигар махлут гаштанд. Аз омехташавии тасодуфии онон олами моддӣ ба вуҷуд омад, ки аз се унсур-об, оташ ва хок бино ёфтааст. Хайр ва шарре, ки дар олам вуҷуд дорад, маҳсули ҳамин се унсуранд. Хайр аз ҷузъҳои соф ва шарр аз аҷзои касиф падид омадааст. Вале ҳадафи асосии тараққӣ ва такомули ин олам озод кардани зарраҳои нур аз зиндони зулмат аст. Аммо то даме, ки олами моддӣ вуҷуд дорад, дар чаҳон шарр ва бенизомӣ вучуд хоҳад дошт ва набарди хайр ва шарр идома хоҳад кард.

Тавре ки аз ин гузориши Маздак бармеояд, усули ҷаҳонбиниаш ба назариёти Зардушт ва Монӣ басе шабеҳ аст. Вале дар айни ҳол, байни таълимоти онҳо тафовутҳои моҳиятӣ низ вуҷуд доранд. Яке аз тафовутҳои он ин аст, ки Монӣ пайдоиши оламро маҳсули амалӣ шудани нақшаҳои қаблӣ медонист, вале Маздак бар ин ақида буд, ки омехта шудани нур ва зулмат ва ба вуҷуд омадани ҷаҳон амри комилан тасодуфист. Ва таъсири ин омехташавии нур ва зулмот амри аразист, на чавҳарӣ. Озод шудани зарраҳои нур аз маҳбаси зулмат низ корест тасодуфӣ. Агар Монӣ барои нур чанд унсур -бод, оташ, ҳаво, рӯшноӣ ва обро муқаррар карда бошад, Маздак фақат се унсури нур –бод, оташ ва хокро эътироф мекард.

Бо андешаи Маздак ва пайравонаш, Худованди олами барин чун подшоҳи муқтадир бар тахте нишаста, ба василаи чор қувва, ки аз ақл, шуур, ҳофиза ва шодӣ иборатанд, ҷаҳонро идора мекунад. Ин чор қувва ҳафт вазир доранд, ки дар ботини дувоздаҳ вуҷуди рӯҳонӣ дар ҳаракатанд. Ҳар кас, ки ҳамаи ин омилҳоро дар вуҷуди худ гирд оварад, ба камолот ноил хоҳад шуд ва таҷаллии Худо дар рӯи замин хоҳад гашт. Вале барои раҳоӣ аз маҳбаси зулмат ин кофӣ нест. Барои растагории комил, инсонро зарур аст, ки фирефта ва дилбохтаи неъматҳои моддӣ нашавад ва аз ҳамаи чиз, ки ин дилбохтагӣ ва дилбастагиро вусъат медиҳад, ҳазар кунад. Дар роҳи наҷоти рӯҳ, аз маҳбаси нафс зурур аст, ки ҳаво ва ҳавас ба куллӣ саркӯб карда шаванд. Вале Маздак (бархилофи Монӣ) барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бекорӣ ва узлатнишиниро тарғиб накардааст.

Назариёти иҷтимоии Маздак нисбат ба таълимоти ҳастишиносиаш бештар ҷанбаи бозҷӯиву навпардозӣ дорад. Вай аз ҷумлаи нахустин мутафаккиронест, ки дар таърих бори аввал ақидаи дар ҷомеа муқаррар кардани моликияти ҷамъиятӣ ва баробарии иҷтимоиро бамиён гузоштааст.

Масъалаи марказие, ки дар назариёти иҷтимоии Маздак мавриди тавҷҷӯҳи хосса қарор гирифтааст, масъалаи адолату баробарии иҷтимоӣ мебошад. Мувофиқи таълимоти маздакия, неъматҳои моддиро Аҳуромаздо якнавохт дастраси мардум қарор додааст ва нобаробарӣ аз он бархост, ки касоне аз тариқи қаҳр ва ҷабр хостаанд амволи дигаронро таҳти тасарруфи худ дароваранд.

Маздак таълим медод, ки ҳамаи одамон бандагони Худоянд ва бандагони Худо баробарҳуқуқ мебошанд. Бинобар ин неъматҳои моддие, ки Худо дар рӯи замин барои онҳо офарид, бояд ба таври яксон тақсим шаванд. Вале агар дар ҷомеа ба сабабе тақсими нобаробар муқаррар шуда бошад ва ҳар гоҳ касеро амвол, занон ва ғуломон зиёда гардад, бояд ба мусовӣ байни дигарон қисмат шавад, то касеро бар дигаре бартарӣ набошад.

Шубҳае нест, ки Маздак ақидаи тақсими баробари неъматҳои моддиро аз вазъи иҷтимоии худ сарчашма дода бошад, зеро чунон ки аз манбаъҳо бармеояд, дар давраи Маздак кишвар ба як қаҳтсолии мудҳише рӯ ба рӯ шуда буд. Аз ин рӯ, метавон чунин натиҷа гирифт, ки шояд Маздак барои нигоҳ доштани камтарин оромиши иҷтимоӣ ақидаи тақсими баробари неъматҳои моддӣ ва назорати қатъӣ дар иҷроиши онро пешниҳод карда бошад.

Аз масъалаи мақоми тақсимоти баробари неъматҳои моддию танзими адолати иҷтимоӣ тавзеҳи ҳамаҷониба ёфтани аҳамияти оила, заношӯию хонадорӣ ҳам дар назариёти иҷтимоии Маздак хеле ҷолиб мебошад.

Назариёти иҷтимоии Маздак ҳамчун дастурамали фаъолияти амалию инқилобӣ, низомномаи баробарию додгустарӣ ва инсонпарварӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятию сиёсии минбаъдаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна нақши боризе дорад.

1.84K
Нет комментариев. Ваш будет первым!