Савоби нимта нон
Рӯзе як одам аз роҳе гузашта истода буд, ки ба санге пешпо хурду нохунаш хун шуд. «Боз дигар одамҳо ҳам пешпо нахуранд» гуфта, мардак сангро аз роҳ гирифта партофтанӣ шуда дид, ки аз таги санг як хишти пухта менамояд. Хиштро бардошт, аз таги он як сандуқча баромад. Калиди сандуқча дар лабаш бастагӣ буд. Мардак калидро гирифту сандуқчаро кушод, ки як мор баромад. Мор ду ғел заду мори калон шуд. Баъд ба гардани мардак печиду гуфт:
— Ҳозир ман туро заҳр мезанам.
Мард гуфт:
- Ман туро аз сандуқ, озод кардам, маро заҳр мезанӣ? Наход ба ҷои некӣ бадӣ ояд?
Онҳо дар ҳамин муноқиша буданд, ки аз роҳ панҷ аспакӣ пайдо шуд. Аспакиҳо аз онҳо пурсиданд, ки:
- Чӣ муноқаша1 доред?
Мардак ҳодисаро гуфта дод. Он панҷ кас ҳарчанд ба мор гуфтанд, ки «Ин одам туро озод кардааст, ту ӯро заҳр занӣ, ноинсофӣ мешавад», мор қабул накард. Аспакиҳо диданд, ки гапашон намегузарад, аз баҳраш гузаштанду ба роҳашон рафтан гирифтанд.
Онҳо гузашта рафта буданд, ки аз роҳ сӣ аспакӣ пайдо шуд. Ин сӣ кас ҳам харчанд ба мор гуфтанд, ки “Ба ҷои некӣ бадӣ накун”, мор розӣ нашуд, онҳо ҳам ба роҳашон рафтанд.
Баъд, аз роҳ як бача пайдо шуд. Бача пурсид:
- Чӣ муноқаша доред?
Мардак воқеаро гуфт. Бача пурсид:
- Ин мор аз кадом сандуқ баромад?
Мард гуфт:
- Аз ин сандуқ.
Бача аз мор пурсид:
- Аз ҳамин сандуқ баромадӣ?
Мор гуфт:
- Ҳа, аз ҳамин сандуқ баромадам.
Бача гуфт:
- Ту ҳам дурӯғ мегӯӣ, ин одам ҳам дурӯғ мегуяд. Ту бо ҳамин ҷуссаат ба ин сандуқча чӣ тавр ғунҷидӣ?
Мор гуфт:
- Рост мегуям, аз ҳамин сандуқ баромадам.
Бача гуфт:
- Набошад, канӣ даро ман бинам.
Мор боз ду ғел заду асли қадим барин шуда, ба сандуқ даромад. Бача даррав сандукро пушиду дарашро қулф карда, ба замин гуронд.
Мард бисёр шод шуда, ба бача гуфт:
- Эйписар, ту кистӣ, ки маро аз чанголи аҷал раҳо кардӣ2?
Бача гуфт:
- Ман савоби он нимта нони ту ҳастам, ки як рӯз ба як гадо дода будӣ. Агар ҳамон рӯз нонро ба гадо бутун3 медодӣ, ман барвақттар омада, туро халос мекардам.
Калимаю ибораҳои тоза
- Муноқаша — баҳс, ҷанҷол.
- Аз чанголи аҷал раҳо кардӣ — аз марг халос кардӣ.
- Нони бутун- нони ношикаста.
хикояи точики, афсонаи точики, афсонаи пандомез