Қадимтарин Давлатҳои Ориёиҳо

Барои омӯзиши таърихи қадимтарин давлатҳои ориёӣ китоби Авеста ягона сарчашмаи хаттӣ мебошад. Дар ин китоб таърих дар шакли ривоят ва устура баён шудааст. Дар ривоятҳои таърихӣ танҳо ҳодисаҳои муҳим ва шоҳони барҷаста инъикос меёбанд. Дар онҳо ҳодисаҳои воқеъӣ ва бофтаву хаёлӣ омехта тасвир шудаанд.
Давлати Пешдодиён. Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авеста, адабиёти зардуштӣ ва таърихҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Мутобиқи ин сарчашмаҳо аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ Пешдодиён буд.
Шоҳони сулолаи Пешдодиён инҳо буданд: 1. Каюмарс, 2. Ҳушанг 3.Таҳмурас, 4. Ҷамшед, 5. Заҳҳок, 6. Фаридун, 7. Манучеҳр, 8. Шаҳриромон, 9. Афросиёб, 10. Зобзу, 11. Гаршасп.
Нахустин шоҳи ин сулола Каюмарс аввалин одам дар ҷаҳон буд. Ӯ умри дароз дида 40 сол ҳукмронӣ кард, шаҳрҳои Дамованд ва Истахрро бунёд намуд. Ӯ шахси воқеъӣ набуда, образи ҷамъбастии аввалин одамони рӯи замин мебошад. Мутобиқи ривоятҳо пешдодиён 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд. Аён аст, ки дар ин муддати тулони на 11 шоҳ, балки шумораи зиёд ҳукмронӣ кардаанд, аммо дар хотири мардум танҳо машҳуртарини онҳо боқӣ мондааст. Дар асотир муҳимтарин марҳилаҳои тараққиёти қавму қабилаҳои ориёӣ инъикос шудааст. Дар бораи Каюмарс гуфта мешавад, ки «умри ӯ дароз буд, аммо ҳама бо дуруст кардани аҳволи ҷаҳон ва тартиби ҷаҳониён машғул буд». Ин суханон ба марҳилаи аввал ва дуру дарози тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ рост меоянд.
Ҳушанг аввалин касе буд, ки миёни одамон додварӣ, ҳукм ва адлро ҷорӣ кард ва барои ҳамин ба ӯ Пешдод лақаб ниҳоданд. Дар давраи ӯ одамон истеҳсоли биринҷ ва аз он асбобҳои гуногун, аз чӯбу гил хона ва аз чӯбу биринҷ аслиҳа сохтанро ёд гирифтанд, гову гӯсфандро ром карда, бо чорводорӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ машғул шуданд, аввалин ибодатгоҳҳоро сохтанд, расми подшоҳӣ ва тоҷгузорӣ падид омад, ш. Бобул ва Шуш бино шуд.
Дар давраи Таҳмурас хатти форсӣ, аспсаворӣ ва боркашӣ ба воситаи чаҳорпоён, аз пашм ҷома ва фарш сохтан пайдо шуд. Куҳандизи Марв ва ду бино дар Исфаҳон сохта мешаванд. Бутпарастӣ ва рӯзагирӣ, ки сабабаш хушксолӣ буд, пайдо мешаванд.
Дар давраи Ҷамшед шамшер ва ҷавшани пӯлодӣ, абрешим, қаз, катони ранга ва фарш ихтироъ карда мешаванд.
Дар давраи Ҷамшед мардум аз конҳо берун овардани мис, қалъагӣ, сурб ва дигар фулузот; аз таги баҳр берун кашидани ҷавоҳирот; тайёр кардани атру дору ва рангҳои табиӣ, сохтани биноҳои бузург ва гармобаҳоро расм мекунанд. Пойтахти Ҷамшед ш. Истахр буд. Оини ҷашн гирифтани Наврӯзро ӯ ҷорӣ кард ва дар он рӯз ба тахти подшоҳӣ нишаст.
Ҷамшед аз мувафақиятҳои худ мағрур шуд ва даъвои худоӣ кард. Мардум аз ӯ рӯй гардонданд ва фарру шукӯҳи шоҳӣ аз ӯ бирафт ва подшоҳӣ рӯ ба харобӣ ниҳод. Дар ин миён Заҳҳок хурӯҷ намуд ва Ҷамшедро шикаст дода, ҳалок кард ва худаш подшоҳ шуд. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар ҷаҳон адлу инсоф намонд, раият дар шиканҷа афтод ва мулк хароб гардид, мардумони зиёде ба ҳалокат расиданд. Ӯро Заҳҳоки Морон мегуфтанд, барои он ки аз ду китфи ӯ ду мор баромада буд ва қасди хӯрдани мағзи сари ӯро доштанд. Заҳҳок фармон дод, ки ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морон диҳанд, то онҳо ором шаванд ва қасди ҷони ӯ накунанд.Ҷавонони зиёде тӯъмаи морони Заҳҳок шуданд. Мардум ба танг омаданд ва Коваи оҳангар пешбанди пӯстии худро ба сари чӯбе дирафш карда, бар зиддӣ Заҳҳоки хунхор шӯриш бардошт. Мардуми зиёде ба ӯ пайвастанд ва Заҳҳок бигурехт. Ва мардум яке аз фарзандони Ҷамшед Фаридунро ба тахти подшоҳӣ шинонданд.
Морони китфони Заҳҳок албатта хаёлӣ буда, барои баръало нишон додани зулму беадолатии беандозаи ӯ бофта бароварда шуда буданд. Ин мавзӯъ дар адабиёт ва санъати тасвирии халқи тоҷик васеъ паҳн шуда, мазмуни иҷтимоӣ – муборизаи қувваҳои некӣ ва бадиро гирифтааст. Намунаи барҷастаи он «Шоҳномаи» Фирдавсӣ мебошад. Саҳнаҳо аз ин достон дар болодарии қасри шоҳони Истаравшан низ тасвир шудааст.
Фаридун гурзи сиёҳранги говсар дошт. Илми тиб дар замони ӯ пайдо мешавад, фалсафа ва нуҷум инкишоф меёбанд, оини ҷашнгирии Меҳргон ҷорӣ мешавад, хачир пайдо мешавад. Фаридун се писар дошт: Тур, Эраҷ ва Салм. Падар ба Салм Руму Мағриб, ба Тур Туркистону Син ва ба Эраҷ Ироқ, Хуросон ва Ҳиндустонро медиҳад. Кишвари Эраҷ минбаъд номи Эрон ва кишвари Тур номи Туронро мегиранд ва дар ҳардуи ин кишвар ориёиҳо зиндагӣ мекарданд.
Дар давраи Манучеҳр боғдорӣ ба вуҷуд меояд, асбобҳои ҷангӣ, хандақи мудофиавӣ пайдо мешаванд, аз Фурот наҳрҳо мебароранд, деҳқонон, яъне сардорони деҳаҳо ва раисони шаҳрҳо пайдо мешаванд. Дар ин давра Афросиёб хурӯҷ намуда Эронро забт мекунад ва 12 сол ҳукм меронад, Ироқу Бобулро хароб мекунад.
Дар давраи Зӯи Таҳмасп дар Ироқ ду наҳр бароварданд, дег ва хӯрокҳои гуногун ихтироъ карда шуданд. Охирин шоҳи Пешдодиён Гаршасп (Виштасп) буд.
Дар ин ривоятҳо ҳодисаҳои таърихӣ ва тахаюлӣ омехта баён шудаанд, пайдарҳамии ҳодисаҳо қатъӣ риоя нашудааст. Як қисм дастовардҳои муҳим, ки дар давраҳои баъд ба амал омада буданд ба давраҳои хеле қадим нисбат дода шудаанд. Бовуҷуди ҳамаи ин рафти умумии тараққиёти қабоили ориёӣ ва муҳимтарин дастовардҳои онҳо нишон дода шудаанд. Давлати Пешдодиёнро нимасотирӣ номидан мумкин аст. Он дар асри биринҷ, тақрибан дар ҳазорсолаҳои V-III п.м. вуҷуд дошт.
Давлати Каёниён. Дуюмин давлати қадими ориёиҳо давлати Каёниён буд. Мутобиқи ривоятҳо Каёниён 738 сол ҳукмронӣ кардаанд. Номи 9 шоҳи ин сулола то ба мо омада расидааст. Охирин шоҳи каёнӣ, ки дар Авеста номбар шудааст Виштасп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи Ҳахоманишро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.
Шоҳони сулолаи Каёниён инҳо буданд: 1.Кайқубод, 2.Кайковус, 3.Кайхусрав, 4. Луҳрасп, 5. Виштасп, 6. Баҳман (Ҳахоманиш), 7. Ҳамонӣ, 8.Дорои I, 9. Дорои II.
Аввалин шоҳи Каёниён Кайқубод тақсимоти маъмурӣ – ҳудудӣ гузаронда подшоҳии худро ба кутҳо (вилоятҳо), ноҳияҳо ва шаҳристонҳо тақсим кард ва барои таъмини лашкар андози даҳякро ҷорӣ кард. Дар ин давра шаҳрсозӣ хеле ривоҷ меёбад. Пойтахти Каёниён ш. Балх буд.
Дар давраи Кайковус ва баъди ӯ дар байни Каёниён ва авлодони Афросиёб, ки пойтахташон Самарқанд буд, ҷангҳои зиёд рух медиҳанд. Писари Кайковус Сиёвуш бинобар ихтилоф бо падараш ба назди Афросиёб фирор мекунад ва духтари ӯро ба занӣ мегирад. Аммо Афросиёб хиёнат карда, Сиёвушро ба ҳалокат мерасонад. Кайковус лашкари азимеро бо сардории Рустам барои қасоси хуни писарашро гирифтан бар зидди Афросиёб равон мекунад. Каёниён дар ин ҷанг ғолиб омада, писари Сиёвуш ва модари ӯ духтари Афросиёбро ба Балх меоранд.
Дар давраи Кайковус душманони зиёде аз ҳар ҷониб ба Эронзамин ҳуҷум мекунанд. Кайковус бар зидди онҳо пайваста меҷангид, гоҳе пирӯз мешуд ва гоҳе шикаст мехӯрд. Дар ҷанги Яман ӯ ба асири меафтад ва Рустами паҳлавон ӯро озод менамояд. Барои ин ва дигар хизматҳояш Кайковус Рустамро ҳокими Сиистон ва Зобулистон таъин мекунад. Кайковус подшоҳиро ба писари Сиёвуш Кайхусрави набераи Афросиёб супурд. Ин санад ишораест дар бораи ягонагии этникии суғдиён ва бохтариён, турониён ва эрониён.
Кайхусрав чор бор ба Турон лашкар мекашад ва дар се ҷанг пирӯз мешавад, дар ҷанги охирин Афросиёб кушта мешавад. Дар Турон баъди Афросиёб бародараш Кайшавасп ва баъди ӯ писараш Харҷасп подшоҳӣ кардаанд. Тавре, ки мебинем Афросиёб ва бародарони ӯ номҳои эронӣ доштанд, яъне онҳо ва умуман турониён эронинажод буданд.
Лӯҳрасп Қасри шоҳӣ сохт ва тахти заррин дар он гузошт, гирди шаҳри Балхро девор кашид, девони лашкар (вазорати ҳарбӣ) ташкил кард. Ӯ ҷаҳонро гирифт ва аз Рум то Син (Хитой) ва Ҳинд ба ӯ хироҷ месупориданд.
Давлати Каёниён дар давраи Виштасп хеле нашъунамо меёбад. Онро подшоҳии Бохтар меномиданд ва бо эҳтимоли зиёд Суғд низ ба ҳайати он дохил мешуд. Ин шоҳ сохтори маъмурӣ – идоравиро такмил дода, девонҳои нав кушод ва вазифаи вазирро ҷорӣ кард.
Пайдоиши девонҳо аз он далолат мекунад, ки дар Бохтар дар замони Виштасп давлати нисбатан мутамарказ ва тараққӣ карда ташкил шуда буд. Дигар падидаи муҳими ин замон ба вуҷуд омадани дини зардуштӣ буд.

1.3K
Нет комментариев. Ваш будет первым!