Инқилоби якуми буржуазию демократии Русия ва таъсири он дар афзудани ҳаракати зиддимустамликавии мар
Инқилоби якуми рус ва таъсири он ба кишвари Туркистон. Аввали асри ХХ барои Русия давраи нооромиҳои зиёд гардид. Бӯҳрони иқтисодии солҳи 1900-1903, махсусан хушксолии соли 1901, ҷанги русу япон (солҳои 1904-1905) ва ғайраҳо сабабгори хароб гардидани иқтисодиёти мамлакат ва боз ҳам вазнин гардидани аҳволи мардум шуд. Овозаҳои дар амалиётҳои ҷангии муқобили қӯшунҳои япон шикаст хӯрдани қӯшунҳои рус боиси боз ҳам коста гардидани обрӯ ва эътибори ҳукумати подшоҳӣ шуд.
Аз соли 1898 ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) вуҷуд дошт, ки он сарнагун намудани тартиботи подшоҳиро мехост. Ин ҳизб дар анҷумани дуюми худ (соли 1903) ба ду гурӯҳ: болшевикӣ (бо сарварии В.И. Ленин) ва меншевикон тақсим шуд, ки онҳо минбаъд ба ҳизбҳои алоҳида табдил ёфтанд. Гарчанде дар байни ин ҳизбҳо ихтилофҳои зиёд вуҷуд доштанд, вале онҳо дар масъалаи сарнагун намудани ҳукумати подшоҳӣ асосан ҳамфикр буданд. Ташкилотҳои ин ҳизбҳо дар тамоми гӯшаю канори империяи Русия, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам амал мекарданд.
Инқилоби якуми рус 9 январи соли 1905, дар шаҳри Петербург, бо якшанбеи хунин (яъне дар он рӯз аз тарафи аскарони ҳукумати подшоҳӣ тирборон кардани намоиши осоишта) сар шуда, бо зудӣ қариб тамоми сарзамини империяи Русия, аз он ҷумла Осиёи Миёнаро низ фаро гирифт.
Дар кишвари Туркистон маркази асосии ҳар гуна ошӯбҳо ва гирдиҳамоиҳои эътирозӣ шаҳри Тошкент ба ҳисоб мерафт. Дар вилоятҳои Фарғона ва Самарқанд ба ҳаракатҳои инқилобӣ деҳқонон низ иштирок намуданд. Аз ҷумла моҳҳои октябр-ноябри соли 1905 деҳқонони уезди Хуҷанд на танҳо аз додани андоз ба хазинаи подшоҳӣ саркашӣ карданд, балки замини бойҳоро дар байни худ тақсим намуданд. Моҳи марти соли 1906 деҳқонони деҳаи Чоркӯҳи волости Исфара ёрдамчии сардори уезди Қӯқандро ҳабс карда, замини бойҳоро кашида гирифтанӣ шуданд. Зӯран кашида гирифтани замини бойҳо аз тарафи деҳқонони камзамин ва безамин дар мулкҳои болооби Зарафшон ҳам ҷой дошт.
Чорабиниҳои ҳукумати подшоҳӣ барои пароканда намудани қувваҳои инқилобӣ. Ҳукумати подшоҳӣ барои аз ҳаракати инқилобӣ дур намудани оммаи халқ чораҳои гуногун андешид. Аз ҷумла 6 августи соли 1905 дар бораи даъват намудани Думаи машваратии давлатӣ (Думаи булигинӣ) манифест баровард. 17 октябри он сол манифесте қабул карда шуд, ки дар асоси он озодиҳои гражданӣ эълон карда мешуд. Бо ин ҳукумати подшоҳӣ буржуазияи Русияро ба тарафи худ кашид. Дар натиҷа, дар Русия ҳизбҳои сиёсии буржуазии октябристҳо ва катедҳо ба вуҷуд омаданд.
Аввали моҳи майи соли 1906 қоидаҳои интихоби вакилон аз кишвари Туркистон ба Думаи давлатӣ, ки аз тарафи подшохи рус тасдик гардид, омада расид. Мувофиқи он, барои муҳофизати манфиати русҳо ва русзабонҳо аз панҷ вилояти кишвар якнафарӣ, аз ҳисоби шаҳри Тошкент ва қазакҳои вилояти Ҳафтруд як нафарӣ, яъне ҷамъ ҳафт нафар намояндагони рус ҳамчун вакил итихоб гардиданд. Аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бошад, аз тамоми вилоятҳои кишвар як нафарӣ ва аз шаҳри Тошкент ҳам як нафар, яъне ҷамъ шаш нафар намоянда интихоб гардид. Мувофиқи ин тартибот агар, ба ҳисоби миёна, 46 ҳазор нафар русҳо ва русзабонҳо як нафар намоянда интихоб кунанд, пас 896 ҳазор маҳаллиён як нафар вакил интихоб мекарданд. Дар асоси ин қоида вакилони интихобгардидаи маҳаллиёни кишвари Туркистон дар Думаи давлатӣ шахсони зерин буданд: 1) муллои тошкандӣ – Абдурауфқорӣ Абдувоҳидқориев, 2) тоҷири самарқандӣ – Тошпӯлод Абдухолиқов, 3) тоҷири фарғонагӣ – Муҳаммадҷонов, 4) чорводори калони сирдарёӣ – Т. Оллоберганов, 5) муҳандиси ҳафтрудӣ – Муҳаммадҷон Тонишбоев, 6) аз вилояти Моварои Каспӣ – полковник Махтумқулӣ. Аз ҳисоби русу русзабонҳои шаҳри Тошкент олим – В.П. Наливкин интихоб шуда буд.
Дар Русия инқилоб ҳанӯз идома дошт. Ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ 9 июли соли 1906 Думаи булигиниро пароканда намуда, ибтидои соли 1907 интихоботи Думаи дуюми давлатиро гузаронид. Вале ин дума нисбат ба думаи якум боз ҳам чаптар буд.
Пурзӯр гардидани амалиётҳои таъкибкунии ҳукумати подшоҳӣ. Ҳукумати подшоҳӣ аз пастравии инқилоб истифода бурда 3 июни соли 1907 Думаи 2-юми давлатиро пароканда намуд, ки он дар таърих ҳамчун “табадуллоти 3-юми июнӣ” ном гирифтааст ва маънои ба итмом расидани инқилоби якуми русро дорад. Яъне, инқилоб шикаст хӯрд ва ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеаш таъқиби мухолифонашро инкишоф дод. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 1907 Шӯъбаи муҳофизатии ноҳияи Туркистонӣ ташкил карда шуд, ки онро худи русзабонҳо “охранка” ва мардуми маҳаллӣ “идораи сиёсӣ” мегуфтанд. Дар асл он политсияи махфӣ буд, ки намояндагонаш на танҳо дар кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳам амал мекарданд. Вале ин ҳама пеши роҳи афзудани ҳаракати зиддимустамликавиро гирифта натавонист.
Инқилоби якуми рус махсусан барои бедории сиёсии зиёиёни миллии Осиёи Миёна таъсири ҷиддӣ расонид. Дар худи кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзномаҳои гуногун ба майдон омаданд. Ин инқилоб ҷараёни ташаккулёбии ҳаракати ҷадидии Осиёи Миёнаро тезонид.
Умуман инқилоби номбурда, ки ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд, барои афзудани ҳаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Миёна таккони ҷиддӣ дод.