Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Вазъи Бухорои Шарқӣ баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ). Чуноне аллакай қайд гардид, аз қувваҳои амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) танҳо беки Чорҷӯй бо қисме аз дастаҳояш маҳв ва худ асир гардиду, бекҳои(ҳокимони) боқимондаи ин сарзамин, бо сарбозони содиқи худ, ба ҳар сӯ, аксаран ба сӯи Бухорои Шарқӣ фирор кардаанд. Худи амир Олимхон ҳам аз Бухорои Кӯҳна роҳи сӯи Ғиждувонро пеш гирифта, саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябри соли 1920 аз он ҷо ба сӯи Бухорои Шарқӣ гурехт. Ҳангоми аз Ғиждувон баромадан дар назди Қизилтеппа пеши онҳоро поезди зиреҳпӯши аскарони сурх гирифт. Дар ин муҳориба Усмон қушбегӣ, қозӣ калон-Бурҳониддин, раис Абдурауф корвонбошӣ, Юсуфбий, Муқимбий ва дигар наздикони амир дастгир шуданд.

Фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ҳанӯз 4 сентябри соли1920 дар назди аскарони сурхи гурӯҳи Бухорию Самарқандӣ вазифаи нав гузошта бад, ки мувофиқи он дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шуравӣ дар назар дошта мешуд. Аммо М.В.Фрунзе худ ин нақшаро амалӣ карда натавонист. Мувофиқи қарори Шӯрои ҳарбии инқилобии Федератсияи Русия ӯ 10 сентябр аз кишвари Туркистон даъват карда шуд.

Қисмҳои аскарони сурх ҳамоно аз дунболи амири гуреза мерафтанд. Онҳо 11 сентябр бе ҷанг Дарбанд ва баъди он, дар натиҷаи муҳорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд.

Сарварони нави қисмҳои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъияти навро муҳокима намуда, набудани захира ва қисмҳои эҳтиётӣ, дар пеш будани тирамоҳу зимистон, набудани роҳи мувофиқ барои кашондани тӯпҳои ҷангӣ, мондагии аскарону аспҳо ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, ба пеш ҳаракат кардани қисмҳоро лозим надонистанд. Бо сабабҳои номбурда дар мавзеъҳои номбурда, яъне Дарбанду Бойсун мавқеъ гирифта истодани онҳо низ ғайриимкон буд. Бинобар ин 13 сентябри ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх ба сӯи Ғузор ақиб гаштанд ва худи ҳамон рӯз роҳи Қарширо пеш гирифтанд. Бо ҳамин ҳаракати қисмҳои аскарони сурх аз қафои амири гуреза як муддат қатъ гардид. Дар ин муддат ҳар ду тараф ба муқобили якдигар омадагӣ медиданд.

Аз Дарбанду Бойсун ба Қаршӣ, ба қафо баргаштани қисмҳои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ӯро рӯҳбаланд намуд. Онҳо бо роҳҳои гуногун, яъне чӣ аз ҳисоби сарбозони аз Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ин сӯ омада ва чӣ аз ҳисоби мардум ҷамъ намудани қувваи нав, инчунин ҷалб намудани гурезагон — аксулинқилобчиёни кишвари Туркистон қувваи азимеро омода намуданд. Амир дар ин мулк ҳукумати муваққатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода намудани амалиёти ҷангӣ барои аз аскарони сурх баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳисоб мерафт. Дар ҳукумати нав тағои амир Муҳаммадсаидбек парвоначӣ вазифаи вазири ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбекбий сараскарони низомӣ ба ҳисоб мерафтанд. Амир, бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ рӯҳбаланд намудан, ба Иброҳимбек унвони мирохуриро дод. Ҳамон лаҳза дар атрофи амир, дар қатори Иброҳимбек боз Олимбой, Давлатманбий, эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмонқул додхоҳ ва дигарон аллакай аз ҷумлаи симоҳои номии «ҳарбӣ» буданд.

Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ ҳам таъқиби мухолифони режими худро давом дод. Ҳарчанд дар Бухорои Шарқӣ ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятҳои нисбат ба режими ӯ мухолиф вуҷуд надоштанд, вале бо мақсади тарсонидани чашми мардум чанд нафарро бо тӯҳмати ҷадидӣ қатл намуд. Аз ҷумла дар майдони Душанбе 26 нафар камбағалонро бо тӯҳмати «хайрхоҳӣ нисбат ба аскарони сурх ва Ҳукумати Шуравӣ» қатл намуданд.

Дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон ба ҳайати қӯшунҳои худ каси бисёрро сафарбар намуда, аз рӯзҳои аввал нокифоягии лавозимоти ҳарбиро ҳис намуд. Оҳангарони маҳаллӣ вазифадор карда шуда буданд, ки танҳо барои сарбозони амир лавозимоти зарурӣ, пеш аз ҳама шамшер тайёр намоянд. Вале ин ҳама нокифоягӣ мекарданд. Бинобар ин умеди ягонаи вай ба кӯмаки ҳукумати Англия буд.

Ҳанӯз 12 октябри соли 1920 амир Олимхон ба номи кароли Британияи Кабир барои кӯмак муроҷиат кард. Вале ҳукумати англис, агарчанде ҳанӯз ҳам аз мавқеи зиддишӯравӣ даст накашида буд, бо сабабҳои гуногун хоҳиши амирро ба ҷо наовард. Пеш аз ҳама шикаст хӯрдани он дар интервенсияи зиддишӯравии солҳои 1918-1920 ва шикастхӯриаш дар ҷанг бо озодихоҳони Афғонистон имконият надод, ки аз Қаротегин фронти нави муқобили шӯравиро оғоз намояд. Инчунин ҳукумати Британияи Кабир аз фиристодани лавозимоти ҳарбӣ ба ихтиёри амир ҳам худдорӣ кард. Зеро, метарсид, ки аслиҳаи фиристодашуда, дар роҳ, ба дасти озодихоҳони афғон меафтаду, он аслиҳаҳо баръакс, ба муқобили худи англисҳо нигаронида мешавад.

Бо сабабҳои боло, ба амир Олимхон лозим омад, ки баҳри ба даст даровардани мақсадаш, яъне на танҳо нигоҳ доштани Бухорои Шарқӣ, балки баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), танҳо ба иқтидори ҷамънамудаи худ такя намояд. Аз ин рӯ, дар Бухорои Шарқӣ, амир Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пай дар ҳам зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷотҳои афзудаистода, ба дӯши мардуми дар зери даст доштааш андозҳои бисёрро гузошт.

Шӯриши Усмон. Чуноне дар боло ишора рафт, амир Олимхон ҳангоми аз Бухорои Кӯҳна гурехтан, баҳри халосии ҷони худ, ба хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва ҳар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро ҳам дар роҳ талаф дод. Бинобар ин ӯ худро дар Бухорои Шарқӣ бечоратарин меҳисобид. Вале бо чунин аҳвол қаноат накарда, ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёдро бор кард. Ҳокимон ва феодалон бошанд дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба миқдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки аз тарафи ҳокимони ин гӯша барои кайфияти амир, дар қатори тӯҳфаҳои гуногун инчунин духтар ва писарони ноболиғ пешкаш мешуд.

Аммо аз сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пеш гирифтаи амир, махсусан сиёсати сафарбарии ҳарбии ӯ фоҷианоктар менамуд. Зеро, чун ҳарвақта, ба чунин рӯйхат боз бечорагон, ки имконияти пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат дар водии Қаротегин сабабгори сар задани шӯриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид.

Сарвари шӯриш -Усмон Муҳаммадаминови 35-сола, ки худ зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин буд, сахтиҳои замонаро аз сар гузаронидааст. Ӯ мисли дигар ҳамватанонаш — деҳқонон ба фоидаи хазинаи амир хироҷ месупорид. Соли 1916 барои кор ба водии Фарғона рафта, дар заводҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Ассакӣ кор кард. Дар ҳамон вақт дӯстони қарини ҳамватанаш Одина ва Мулло Тош ҳамроҳи вай буданд. Онҳо якҷоя воқеаҳои сиёсии охири соли 1917 ва аввали соли 1918—и водии Фарғонаро аз сар гузаронидаанд. Баъди ба Қаротегин баргаштан, яъне аввали соли 1918 қисме аз чизу чора ва пули онҳоро амалдорони ҳоким, «барои ҳоким» гӯён ғасб намудаанд. Усмон ба чунин ғоратгарӣ тоб наоварда, яке аз нӯкарони ҳокимро зада, худ ба кӯҳ мегурезад ва якчанд вақт пинҳон мешавад.

Моҳи декабри соли 1920, ҳокими (беки) Қаротегин Мир Абдулҳафиз, ҳангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ, хост, ки аз деҳқонони «гарданшах», ба монанди Усмон халос шавад. Бо ҳамин мақсад бек Усмонро бо ҳамроҳии Мулло Тош, инчунин дигар ҳамфикронаш, ба сифати навкар ба Душанбе, ба хизмати амир фиристод. Вале онҳо дар роҳ, аз Файзобод ба қафо, ба Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин аз хоҷагиҳои онҳое, ки намояндагонашон аз хизмати навкарии амир гурехтаанд (аз он ҷумла аз хоҷагии Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз — хироҷи 7-соларо пешакӣ супоранд. Чунин чорабинии ҳоким мувофиқи баъзе андешаҳо, барои саршавии шӯриш баҳона гардидааст. Зеро, маҳз баъди ин воқеа Усмон вазъияти ба амаломадаро ба инобат гирифта, роҳи ягонаи халосиро дар шӯриш дида, ҳатто ба дӯсти худ — Одина, ки дар Ҳоит мезист, барои кӯмак, бо мактуб муроҷиат кардааст. Одина низ ҷавобан ба ин мактуб, деҳқонони Ҳоит ва Қалъаи Лаби обро ҳамроҳи худ гирифта, ба кӯмаки Усмон, ба деҳаи Янғолик, ки маркази шӯриш буд, шитофтааст.

Шӯришгарон дар деҳаи Янғолик ҷамъ омада сарварии шӯришро ба ӯҳдаи Усмон гузошта, Одинаро ҷонишини аввал ва Мулло Тошро ҷонишини дуюм таъин намудаанд. Он лаҳза миқдори шӯришгарон аз 2500 нафар пиёдаҳо ва 650 нафар савораҳо иборат буд. Вале онҳо дар ихтиёри худ ҳамагӣ 400 дона камонҳои фитилии худсоз ва тақрибан ҳазор дона шамшер доштаанд. Боқимонда бо корду табар мусаллаҳ буданд. Ҳокими Қаротегин бошад дар ихтиёри худ ҳамагӣ 15-20 нафар навкарони мусаллаҳ дошту халос.

Шӯришгарон аз деҳаи Янғолик ба маркази бекигарии Қаротегин-Ғарм ҳаракат карданд. Онҳо аз ҳар гуна музокирот бо намояндагони ҳоким худдорӣ намуданд. Вақте, ки шӯришгарон ба Ғарм наздик омаданд, ҳоким аз муқобилият даст кашида, аз тарс гурехтанӣ шуд, вале дастгир ва ҳабс гардид. Ғарм беҷанг ба дасти шӯришгарон гузашт. Онҳо ҳамаи ҳабсбудагонро озод намуданд, тамоми ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ҳоким бударо, аз ҷумла васиқаҳоро сӯзониданд. Ба муносибати ғалаба 7 рӯз шодиву хурсандӣ эълон карданд.

Ҳамин тавр дар маркази Қаротегин-Ғарм ҳокимият пурра ба ихтиёри шӯришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номҳои «ҳокимияти халқӣ» ва « ҳокимияти халқии Усмон» маълум аст. Дар он ҳокимият Усмон-раис, Одина ва Мулло Тош ҷонишинони ӯ гардиданд. Вале онҳо бо гирифтани ҳокимият ором гардида, дигар аз чӣ сар кардани корро намедонистанд. Бинобар ин шӯришгарон маҷбур шуданд, ки қисме аз амалдорони ҳокими собиқро аз ҳабс озод намоянд ва ба онҳо амалҳои гуногунро доданд. Яъне бо ном «ҳокимияти коалитсионӣ» барпо намуданд. Аз ҷумла, аз амалдорони собиқа Давлатбекбий – сарвари таъминот, Мулло Абдураҳим судур-қозӣ, Мулло Мирзо Умед — муфтӣ таъин гардиданд.

Дар «ҳукумати халқии Усмон» ягонагӣ вуҷуд надошт. Амалдорони собиқ ба ҳукумати нав содиқ набуданд. Баръакс онҳо камтаҷрибагии Усмонро ба инобат гирифта, ӯро бо фиреб, гӯё «барои пешвозгирии ихтиёриёни қисми поёни Қаротегин» фиристоданд. Ҳангоми дар Ғарм набудани Усмон Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гӯё ба зиёфат даъват намуда, ӯро кушт ва ҳокимро бо дигар трафдоронаш аз ҳабс озод намуд. Бо шунидани ин фоҷиа тарафдорони Одина, ки аз Ҳоит ва Қалъаи Лаби об омада буданд, ба деҳаҳои худ баргаштанд. Бо ҳамин «ҳукумати халқии Усмон» баъди 10-15 рӯзи мавҷудияташ амалан барҳам хӯрд.

Усмон аз фоҷиаи Ғарм баъди ду рӯз огоҳ гардида, ба Ғарм баргашт. Дар наздикии Ғарм вай аз тарафи тарафдорони ҳокими собиқа шикаст хӯрд. Баъди ин бо ҳамроҳии Усмон ҳамагӣ 12 нафар шӯришгар монду халос. Вале Усмон аз мақсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ғарм боз қувва ҷамъ кард. Миқдори қувваҳои ӯ ин дафъа ба 150 нафар расиданд. Баъди 20 — рӯзи фоҷеаи Ғарм Усмон бори дигар ба он ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моҳ тақрибан 50 нафар иштирокчиёни шӯриш ҳабс карда шуданд. Сарварони он-Усмон, Мулло Тош ва дигаронро қатл намуда, ҷасадашонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дӯстон ва авлодони Усмон ҷасади ӯро аз дарё бароварда, пинҳонӣ гӯрониданд. Аз ин кор яке аз сипоҳиёни бонуфузи маҳаллӣ-Муҳаммад Саид бий огоҳ гардида, бо мақсади ибрати дигарон, ба гардани онҳое, ки ҷасади Усмонро гӯронидаанд, 1500 танга ҷарима бор карда, молу мулкашонро тарака эълон намуд.

Ҳамин тарз шӯриши Усмон шикаст хӯрд. Вай агарчанде, дар сарзамини Қаротегин нисбат ба шӯриши Қаландаршо аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъол будани мардум қадаме ба пеш буд, вале бетаҷрибагӣ имконият надод, ки муваффақиятҳои ба даст даровардаро мустаҳкам намоянд, мардуми атрофро ҳарчӣ зудтар ба тартиботи нав ҷалб намоянд, аз болои амалдорони собиқаи амирӣ, ки ба ҳукумат ҷалб намудаанд, назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд ва ғайра.

Ташкил намудани отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ва амалиётҳои ҷангии он барои барпо кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ. Инак, баъди дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) барпо намудани тартиботи шӯравӣ, сарзамини собиқ аморат ба ду тартиботи ба ҳам муқобил тақсим шуд. Яъне, дар қисми Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи шӯравӣ ва дар қисми Шарқӣ тартиботи амирӣ ҳукмфармоӣ мекарданд.

Ҳукумати Шӯравии Бухоро дар сарзамини Бухорои Шарқӣ барпо намудани тартиботи шӯравиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморид. Ин ҳукумат бо мақсади пойдор намудани тартиботи нав дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобии худро ташкил карданӣ шуд. Чунин иқдом аз тарафи сарварони фронти Туркистонӣ дастгирӣ дид. 5 сентябри соли 1920 сарвари фронт ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии ҶХШ Бухоро ду полки савора, баталиони пиёда ва батареяи тӯпчиёнро бо мақсаде супорд, ки минбаъд, бо роҳи ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ихтиёриён, шумораи умумии қӯшунҳои худро то ба миқдори зарурии бригада расонад.

Вале чорабиниҳои ҳукумати шӯравии Бухоро оиди ташкил намудани қувваҳои инқилобӣ-ҳарбии худ натиҷаҳои назарбахш надоданд. Зеро, аз ҷумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи қӯшунҳои нав дохил шаванд, қариб набуданд. Бинобар ҳамин ҳам ҳанӯз 6 октябри соли 1920 нозири ҳарбии ҷумҳурии Бухоро ба маълумоти сарварони фронти Туркистонӣ расонид, ки «барои ташкил додани армия ихтиёриён нокифояанд».

Сарварони ҳукумати нави Бухоро вазъиятро ба инобат гирифта, барои кӯмаки ҳарбӣ ба Турккомиссия муроҷиат карданд. 9 ноябри соли 1920 Турккомиссия барои озод намудани Бухорои Шарқӣ Шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурх «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор»-ро ташкил диҳанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки он бояд бо амалиёти ҷангӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амириро тамоман барҳам дода, дар ин ҷо низ Ҳокимияти Шӯравиро барқарор намояд. Бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии Давлати Шӯравӣ таъминоти иқтисодии ин эъзомияро ба ӯҳдаи ҷумҳурии Бухоро гузоштанд.

Ташкил намудани отряди номбурда дар худи моҳи ноябри соли 1920 дар Қаршӣ оғоз гардид ва 17 декабри он сол корҳои ташкилӣ асосан анҷом ёфт. Ҳангоми оғози амалиёти ҳарбии отряд дар ҳайати он: ҷанговарон — 1087 нафар, хурандагон (едаков) — 1928 нафар, отряди шӯъбаи махсус- 35 нафар, аспҳо — 1830 адад ва пулемёт — 22 адад буданд. Ҳайати отряд ва аслиҳаи ҷангии он дар рафти амалиётҳои ҷангӣ тағйир меёфт.

Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор 17 декабри соли 1920 амалиёти ҷангии худро бо сарварии Марсов аз Қаршӣ сар кард. Он дар аввал ба сӯи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳаракат кард. 20 декабр дар ағбаи Оқкӯтал ва баъд дар дараи кӯҳии Бузғолахона аввалин задухӯрди қисмҳои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Сарвари отряд Марсов дар ҳамин муҳориба ҳалок гардид ва ӯро Роганов иваз намуд. Муҳориба бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт ва онҳо Бойсунро ба даст дароварда, дар он ҷо лагери худро гузоштанд.

Баробари ба даст даровардани Бойсун қисмҳои аскарони сурх дар ҳолати боз ҳам вазнинтар монданд. Зеро, 24 декабр дар Шеробод, Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироқчӣ ба муқобили тартиботи шӯравӣ шӯриши халқӣ сар шуда буд, ки дар онҳо, мувофиқи баъзе маълумотҳо то 15 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намудаанд. Аз ин пештар, чунин шӯриш дар Каркӣ ба амал омада буд.

26 декабри ҳамон сол Зиновев, ки Фрунзеро иваз намуда буд, дар маҷлиси фаъолони ҲК Бухоро, дар шаҳри Бухорои Кӯҳна баромад карда, иқрор шуд, ки «ҳоло тамоми ноҳияи Шерободро шӯриш фаро гирифтааст. Мардум, ки қисман бо камонҳои сохти англисӣ ва семилаи русӣ мусаллаҳ буданд, ба тарзи оммавӣ ба гарнизонҳои мо ҳуҷум мекунанд. Онҳоро бо пулемёт қир намудем». Мувофиқи маълумоти сарвари гурӯҳ, миқдори қурбониён аз ҷумлаи бухороиён беҳисоб. Муқобили мардуми шӯришбардошта «аз тӯпҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа ғарами мурдаҳо ба вуҷуд омадааст».

Ҳокими Бойсун аз фурсат истифода бурда, маркази ҳукуматдории аз даст додаи худро аз сари нав муҳосира намуд ва он 12 рӯз давом кард. Ба кӯмаки аскарони сурхи дар муҳосира монда аз Самарқанд имдод фиристода шуд. Ин қувваи нав дар роҳ шӯришҳои Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироқчиро пахш намуда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун омада расид ва муҳосираро рахна намуд. Баъди дар Бойсун муттаҳид намудани тамоми қисмҳои Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор сарвари он В.М.Ионов гардид. Амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ дар водии Ҳисор мегузашт.

Вазъи мураккаби Бухорои Шарқиро ба инобат гирифта, дар қатори Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор боз эъзомияи мустақили сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҲК Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Сарвари он Саъдулло Турсунхоҷаев гардид. Вазифаи асосии эъзомияи нав ин дар маҳалҳои ҷудогонаи аз тарафи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ишғолгардида ташкил намудани кумитаҳои инқилобӣ ва барои иҷроиши вазифаҳо ба онҳо расонидани кӯмак ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсӣ ҳуқуқи органҳои олиро дода буданд. Он фаъолияти органҳои ҳокимияти маҳаллиро ташкил ва назорат мекард.

14 феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор аз Бойсун баромада ва худи ҳамон рӯз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роҳи асосӣ аз ҳамин дара мегузашт. Ҳамон лаҳза қисмҳои ба амир содиқ дар Деҳнав ҷойгир буданд. 15 феврал дар Деҳнав ҷанги сахттарин ба амал омад ва он бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт. Ин ғалаба ҳаракати минбаъдаи отрядро ба водии Ҳисор осон намуд. 16 феврал Юрчӣ, Сариосиё ва Сариҷӯй ишғол карда шуд.

Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх, ба ин самт, қувваҳои иловагӣ, аз ҷумла отряди аксулинқилобчиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат, ки баъди шикастхӯрӣ дар Фарғона ба ин мулк омадаанд ва отряди дуҳазорнафараи лақайҳоро бо сарварии Иброҳимбек фиристод. Дар байни ин қӯшунҳо қӯшунҳои беки Ҳисор низ вуҷуд доштанд.

19 феврали соли 1921 аскарони сурх, баъди омодагии серӯза, аз Деҳнав баромада, ба сӯи Регар ҳаракат карданд ва дар қисми аввали ҳамон рӯз ин мулкро ҳам ба даст дароварданд. Қисмҳои амирӣ, ки дар Регар буданд, чандон муқобилият нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як қисмашон ба сӯи Ҳисор ва қисми дигарашон ба кӯҳҳои Боботоғ ақиб гаштаанд. 20 феврал дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарини байни аскарони сурх ва сарбозони амир ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Аскарони сурх худи ҳамон рӯз Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд.

Амир Олимхон 20 феврал баробари шунидани хабари мағлубияти назди Ҳисор, бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сӯи Кӯлоб, гӯё «барои зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ», гурехт. Ӯ ҳангоми гурехтан аз содиқони худ Иброҳимбек ва Давлатмандбийро (ҳар ду ҳам ба рутбаи девонбегӣ сарфароз намуд) вазифадор кард, ки пеши роҳи душманро гиранд. Вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро хотирпарешон намуд. Онҳо, аз муқобилияти минбаъда сар кашида, ба ҳар сӯ гурехтанд. Ин имконият дод, ки 21 феврал бригадаи якуми савора бо сарварии Я.А.Мелкумов Душанберо бе муқобилият ба даст дарорад.

Дар тамоми маҳалҳое, ки аз тарафи аскарони сурх забт гардиданд, аз он ҷумла дар Регар, Ҳисор, Қаратоғ ва Душанбе кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд ва ҳокимият ба ихтиёри онҳо гузашт. Рӯзи дигар, яъне 22 феврал ба Душанбе Эъзомияи фавқулоддаи сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҳизби коммунистии Бухоро бо сарварии С. Турсунхоҷаев, штаби Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор омада расиданд. Ҳамин эъзомияи сиёсӣ, ба Душанбе, чун маводҳои ташвиқотӣ, бо худ аввалин рӯзнома ва адабиёти мансуб ба сохти навро овард.

Муқобилияти аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душанбе ҳам идома ёфт. Онҳо баъди шикастхӯрии назди Ҳисор, ба муқобили аскарони сурх ба муҳорибаи муттаҳидаи ҷиддӣ ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд.

Аскарони сурх баъди ишғол намудани Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ки ба самти водии Вахш ҳаракат мекарданд, саҳарии 22 феврал аз Ҳисор баромада, аз болои деҳаҳои Лақай, Даҳанакиик, Обикиик гузашта, аз наздикии деҳаи Қизил Қалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24 феврал Қӯрғонтеппа, 6 март Қубодиён ва 9 март Сарой Камарро забт намуданд. Дар ин самт қисмҳои аскарони амирӣ ба аскарони сурх муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар муддати кӯтоҳ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи Шӯравӣ барпо карда шуд ва ҳокимият дар ин мулкҳо низ ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Минбаъд ин қисмҳо амалиёти худро ба сӯи Кӯлоб давом дода Фархор, Сайёд, Чубекро забт намуда, ба Кӯлоб расиданд.

Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекарданд, аниқтараш барои дастгирии амири гуреза мешитофтанд, 23 феврал Кофарниҳон ва 24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо, дар навбати худ барои ҳаракат кардан ба сӯи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Амир ҳам ҳангоми гурехтан аз болои ҳамин маҳалҳо гузашта, ба воситаи кӯпруки Пули Сангин (ҳозира ҷои НБО Норак) дарёи Вахшро убур намуда, ба сӯи Кӯлоб гурехт.

Амир Олимхон ҳангоми гурехтан, аз қафои худ тамоми кӯпрукҳо, аз он ҷумла кӯпруки Пули Сангинро вайрон кард. Чунин ҳолат ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав барқарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор намудани кӯпрук дар ҳолати мураккаби ҷангӣ, идомаи тирпарронии тарафайн мегузашт.

Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Қаротегин ва самти Кӯлоб тақсим шуданд. Қисмҳое, ки бояд ба сӯи Кӯлоб ҳаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, ҳар лаҳза ба ҳуҷум гузашта, интизори аз нав барқарор намудани кӯпрук буданд. Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд, 13 март ба роҳ баромаданд. Онҳо дар роҳи Файзобод — Оби Гарм муқобилияти отряди Нуруллотӯқсабойро бартараф намуда, 16 март Оби Гармро забт намуданд.

18 марти соли 1921 қисмҳои аскарони сурх, баъди каме истироҳат, аз Оби Гарм ба сӯи Ғарм ҳаракат карданд. Роҳ хело сербарф ва бо дараҳои танги кӯҳӣ мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душвориҳо то ба деҳаи Муҷихарф, ки каме дуртар аз Ғарм воқеъ аст, омада расиданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи сахттарин ба амал омад, ки дар он ҷо ба муқобили қисмҳои аскарони сурх отряди Кӯри Шермат ва қӯрбошиҳои ӯ Нурматмингбошӣ, Аскарполвон ва қӯшунҳои Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондаи худ ба сӯи водии Олой гурехта, аз он ҷо боз ба Фарғона гузашт. Аскарони сурх 23 март бе муқобилияти ҷиддӣ дохили Ғарм шуданд. Онҳо дар Ғарм кумитаи инқилобиро бо сарварии Умаров ташкил доданд. Сарвари комиссияи озуқа Нусратулло Махсум таъин гардид. Охири моҳи март маркази бекигарии Дарвоз — Қалъаи Хумб ҳам аз тарафи аскарони сурх ишғол гардид. Дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. То 9 апрели ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх, бо сардории Я.А. Мелкумов тамоми сарзамини бекигариҳои Қаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд.

14 марти соли 1921 баробари аз нав барқарор намудани кӯпруки Пули Сангин, қисмҳои аскарони сурх амалиётро ба сӯи Кӯлоб давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани онҳо, аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх, аллакай дар рӯзи дигар, яъне 15 март Кӯлобро бе ҷанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакай дар Кӯлоб набуд. Вай 4 марти соли 1921, аз гузаргоҳи Дарқади назди Чубек дарёи Панҷро гузашта, ба хоки Авғонистон дохил шуд.

Ҳамин тавр, аз моҳи декабри соли 1920 то апрели соли 1921, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии аскарони сурхи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт.


545
Нет комментариев. Ваш будет первым!