Вазъи сиёсию маъмурии Осиёи Миёна баъди ҷорӣ гардидани ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ
Вазъи кишвари Туркистон. Дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917) дар ин сарзамин генерал- губернатории Туркистон, аморати Бухоро ва хонигарии Хева мавҷудияти худро нигоҳ медоштанд. Кишвари Туркистон ба қисми таркибии Русияи подшоҳӣ табдил ёфт. Тамоми қонун ва чорабиниҳои зарурии ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин бевосита ҷорӣ карда мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон тартиботи мустамликавии ба худ хосеро ҷорӣ карда, нисбат ба халқи маҳаллӣ низоми вазнини истисморгарӣ ҷорӣ намуд. Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» тасдиқ гардид ва он чун қонуни асосии идоракунии ин кишвар бо баъзе тағйироту иловаҳо то инқилоби Октябрии Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклҳои заминдорӣ, шаклу миқдори андозҳо ва ғайра муайян шуда буд. Маъмурияти кишвари Туркистон ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал-губернатории Туркистон ба панҷ вилоят (Сирдарё, Ҳафтруд, Фарғона, Самарқанд ва Мовараи Каспӣ), вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурӣ ва ҳарбиро муттаҳид мекард.
Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ, дар уездҳо сарварони уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якчоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд қайд кард, ки қисме аз онҳо дар қатори рӯтбаи ҳарбӣ доштан, аз таъриху маданияти кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н.С.Ликошин-губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд.
Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ-оқсақолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби бойҳои маҳаллӣ интихоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халқӣ» мегуфтанд. Ин «ҳокимияти халқӣ» якҷоя бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.
Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшони (Помири) Шарқӣ ба ҳайати ду вилояти кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансубият доштанд. Ба ҳайати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳайати вилояти Фарғона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Вазъи аморати Бухоро ва боз ҳам маҳдуд намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии он. Вазъияти сиёсии аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле тағйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатҳои ҳамсоя мустақилона муносибат намекард. Чунин маҳдудият агарчанде дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфтааст, веле амирони Бухоро дар симои ҳукумати подшоҳӣ ба худ пушту паноҳи пурқувватеро дида, бо мақсади ягона нигоҳ доштани аморат ва осуда ҳукуматдорӣ намудан, ихтиёран аз баҳри чунин мустақилият баромада, худро ба оғӯши мутегии ҳукумати подшоҳии Русия кашида буданд.
22 апрели соли 1868 хати гумрукии (боҷии) Сибири Ғарбӣ ва Оренбургӣ аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиҷорати байни Русияю Осиёи Миёна, ҳамчун масъалаи дохилии империяи Русия гардид. Соли 1894 хати гумрукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хати гумрукии Бухорою Афғонистон пайваст. Аз ҷумла солҳои 1894-1895 дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Калиф, Чӯшқагузар, Патта-Ҳисор ва Айваҷ нуқтаҳои гумрукии Русия кушода шуд. Онҳо озодона ба бозори дохилии чӣ аморат ва чӣ кишвари Туркистон дохил гардидани молҳои хориҷиро маҳдуд мегардониданд.
Соли 1893 мувофиқи хоҳиши вазорати молияи Русия аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаи нуқрагин қатъ карда шуд. Қурби тангаи бухороӣ ва хевагӣ аз рӯи 15 тини русӣ ҳисоб карда, аз тарафи бонки Давлатии Русия ҳарида мешуд. Бо ҳамин яке аз нишонаҳои асосии мустақилияти аморати Бухоро аз байн рафт.
Ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ будан ба ҳар се амирони охирини Бухоро хос аст. Аз ҷумла, ҳанӯз амир Музаффарҳон кӯшиш мекард, ки нисбати ҳукумати подшоҳӣ садоқати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон фон К.П. Кауфман ҳам чунин амалиётҳои ӯро эҳсос намуда беҳуда нагуфтааст, ки аз ҳама «беҳтарин ҳокими уездии ман амири Бухоро мебошад». Моҳи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсӣ сарварӣ мекард ва он дар асл, аз фаъолияти амир ва ҳукумати ӯ назорат карда, ба маслиҳатчии асосиаш табдил ёфта буд.
Аз замони Музаффархон сар карда ба тахти Бухоро таъин намудани ворис на ба ҳохиш ва иродаи амирон, балки ба розигии подшоҳӣ рус вобастагӣ дошт. Масалан, амир Музаффархон дорои 13 нафар писар буд. Мувофиқи анъанаҳои пештара бародарон дар аввал аксаран баҳри мансаб байни худ меҷангиданд, баъди ба мансаб соҳиб шудан, бо мақсади бехатарии салтанаташон, боқимонда бародаронашонро нест мекарданд. Акнун ин гуна анъана, ки боиси хунрезиҳои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъулияти дар Бухоро ворис таъин кардан, бо розигии худи амирон ба ӯҳдаи подшоҳи Русия гузашт. Аз ҳамин сабаб ҳам Музаффархон якчанд нафар писарони худро як-як ба Петербург, ба ҳузури подшоҳ фиристод. Аз ҷумла соли 1882 ба чунин марҳамат Абдулаҳадҳон мушарраф гардида, валиаҳд таин шуд. Амир Абдулаҳадҳон (1885-1911) дар навбати худ писараш — Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоҳ Николаи II (1894-1917) фиристода буд, ки вай дар он ҷо, бо ибораи С.Айнӣ чун «ғуломи ҳалқабаргуши колонизаторон шуда тарбия» гирифт, ва лоиқи тоҷу тахти падар гардида тавонист.
Аморати Бухоро то охири аҳди амир Абдулаҳадҳон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 28 бекигарӣ ва 9 туманҳо тақсим мешуд. Туманҳо асосан дар атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳна — маркази аморат ҷойгир буданд ва онҳо бевосита аз тарафи кушбегӣ, ки дар аморат шахси дуюм (яъне баъди амир) буд, идора карда мешуд. Тамоми корҳои динӣ дар ихтиёри қозикалон, назорати ичроиши нормаҳои шариат дар ихтиёри раис буд. Дар бекигариҳо бек ё худ ҳоким сарварӣ мекарданд. Инчунин дар ҳар бекигарӣ ва туманҳо қозӣ таъин карда мешуд. Дар деҳаҳо хӯҷаинӣ дар ихтиёри арбобу оқсақолон буд.