Дар роҳ (ҳикоя)

Главная / Для Учащихся (Студентов, Школьников и Учителей) / Адабиёти тоҷик / Дар роҳ (ҳикоя)

Вақте ки Абуалӣ Сино гуреза шуда мегаштааст, барои он ки ӯро касе нашиносад, ба як корвон ҳамроҳ шудааст. Корвониён дар роҳ бисёр доду фарёд ва ҷанҷол мекардаанд, ки ин боиси парешонии фикри Абуалӣ гаштааст.

Шаб, вақте ки корвониён хобидаанд, Абуалӣ зангулаҳои уштурхоро бо як тартиби махсус гузоштааст. Пагоҳӣ, вақте ки уштурҳо ба роҳ даромадаанд, ҳамаи корвониён аз садои зангулаҳо аз нав хоб рафтаанд. Абуалӣ аз мағалу ҷанҷоли онҳо каме осуда гаштааст. Шаби дуюм, вақте ки корвониён боз хобидаанд, Абуалӣ ин дафъа зангулаҳои уштурҳоро ба як навъи дигар гузоштааст. Пагоҳӣ, вақте, ки корвон ба роҳ даромадааст, садои зангулаҳо корвониёнро ба ханда даровардааст ва онҳо тамоми роҳ хандидаанд. Шаби сеюм Абуалӣ зангулаҳоро боз ба як тартиби дигар бастаасг, ки баъд аз он ҳамаи корвониён тамоми рӯз фақат гиря кардаанд. Шаби чорум, вақте ки Абуалӣ машғули дигар кардани зангулаҳо будааст, корвониён ӯро дастгир кардаанд, аммо ӯро шинохта, бисёр иззату эҳтиром кардаанд.

360
Нет комментариев. Ваш будет первым!