Аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи бухоро ба ман ояд

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд,

Бо буйи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?!

Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад хеҷ,

К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.


ХАНДАИ ЛОЛА

Бихандад лола бар саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло1.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун2.

Зи оби ҷуй ҳар соат,

Ҳаме бӯи гулоб ояд.

Дар ӯ шустаст пиндорӣ,

Нигори ман рухи гулгун.


БАҲОРИ ХУРРАМ

Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб3,

Бо сад ҳазор нузҳату4 ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб5 аз пайи машиб6.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.

Наффот барқи равшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.

Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор,

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.

Хуршедро зи абр диҳад рӯй гоҳ-гоҳ

Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб…

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арус ба ҳанно шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб…

Шеърҳои бештар дар мақолаи дигар >>ЭҶОДИЁТИ РӮДАКӢ


Калимаю ибораҳои тоза

  1. ЛайлоЛайлӣ.
  2. Маҷнун — Лайлӣ ва Маҷнун — номи қаҳрамонони достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и адибони классик.
  3. Тиб — бӯи хуш.
  4. Нузҳат — зебоӣ.
  5. Шабоб — ҷавонӣ.
  6. Машиб — пирӣ. Маънии ин мисраъ: дунёи куҳна ҷавон шуд.

Аз ашъори Абуабдуллохи Рудаки, Хар бод, ки аз суйи бухоро ба ман ояд, БАХОРИ ХУРРАМ, шеърхои Рудаки, ашъори рудаки, аз эчодиёти Рудаки, устод абуабдуллохи рудаки

1.67K
Нет комментариев. Ваш будет первым!