Таҷовузи Колесов ва оқибатҳои он

Сабабҳои таҷовуз. Қисми зиёди ҷавонбухороиён, махсусан аксари сарваронашон, дар аввал аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатии буржуазии Русия ғамгин гардида буданд. Зеро, боварии онҳо нисбат ба он ҳукумат хело зиёд буд. Инак, дар замоне, ки зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирӣ боло мегирифт, вазъияти ҷавонбухороиён боз ҳам душвортар гардид. Чунки, ҷавонбухороиён баъди моҳи апрели соли 1917 аксаран имконияти дар Бухорои Кӯҳна осоишта зистанро аз даст дода, муваққатан дар Бухорои Нав қарор гирифта буданд. Вале дар ин ҷо ҳам, агарчанде Ҳукумати Шӯравӣ ҳукмронӣ мекард, онҳоро ҷосусони амирӣ ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони ҷавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нисбат ба Давлати Шӯравӣ муайян намоянд. Дар ин ҷо онҳо бе ягон калавиш ба тарафи Шӯроҳо гузаштанд. Зеро, оштишавии ҷавонбухороиён бо амирпарастон ғайриимкон буд. Ба ғайр аз ин ҷавонбухороиён шод буданд, ки зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирад.

Инак, ҷавонбухороиён аз бологирии зиддияти байни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро истифода бурданӣ шуданд. Пеш аз ҳама вазъият онҳоро маҷбур намуд, ки дар атрофи Кумитаи Марказии (мувофиқи маълумоти дигар кумитаи иҷроияи) ҳизби худ, ки ҳанӯз марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттаҳид бошанд. Онҳо вазъиятро борҳо муҳокима намуда, ба хулосае омаданд, ки минбаъд, дар масъалаи Бухоро бо якҷоягии ҳукумати Туркистони Шӯравӣ амал кунанд. Бо ҳамин мақсад яке аз роҳбарони ҳизб Ф.Хоҷаевро чун сарвари ҳайати намояндагӣ, барои гуфтушунид бо сарвари ҳукумати Туркистони Шӯравӣ Ф.И.Колесов, ба Тошкент фиристанд. Ҳангоми гуфтушунид Ф. Хоҷаев Ф.И.Колесовро бовар кунонидааст, ки ҷавонбухороиён гӯё дар дохили Бухоро 30 ҳазор нафар шахсони ба худ содиқ, аз он ҷумла 4 ҳазор нафар шахсони мусаллаҳ доштаанд. Ҳамаи онҳо гӯё интизори фармон ё худ ишорае будаанд.

Ҳамин тавр дар рӯзнома масъалаи бо қувваҳои муттаҳидаи Туркистони Шӯравӣ ва ҷавонбухороиён сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро меистод. Ин масъала дар байни қариб тамоми сарварони ҳизбию шӯравии кишвари Туркистон ҳамовозӣ пайдо кард.

Оғоз, рафти амалиёти ҷангӣ ва оқибатҳои он. Аз тарафи аскарони сурх маҳв намудани “Мухторияти Қӯқанд” (22 феврали соли 1918) ҳалли масъалаи Бухороро тезонид. Вале ба сарвари ҳукумати Туркистон Ф.И.Колесов лозим омад, ки пеш аз ҳалли ин масъала хурӯҷи дивизиони туркманиро хомӯш намуда, онҳоро беяроқ гардонад. Инак, 28 феврали соли 1918 Ф.И. Колесов, ҳангоми бозгашт аз Ашқобод, дар истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав тақрибан бо 50 нафар посбонони шахсиаш ҳозир шуд.

Ҷавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надоштанд. Вале онҳо ба чунин ҳолат аҳамият надода, аз омадани Ф.И.Колесов рӯҳбаланд гардида, барои роҳбарии шӯриш, бо сарварии Ф.Хоҷаев Кумитаи инқилобиро ташкил доданд. Ҳамон рӯзи 28 феврал, бо имзои Ф.И.Колесов — чун раиси ҳукумати Туркистон ва Ф.Хоҷаев-чун раиси Кумиҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, аниқтараш таҳдиднома фиристода шуд. Дар он аз амир талаб карда мешуд, ки ӯ дар муддати 24 соат бояд ҳукуматашро пароканда намуда, идоракунии мамлакатро ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён супорад. Ҳукумати нав аз ҷумлаи ҷавонбухороиён, гӯё бо розигии амир ташкил карда мешавад. Яъне, мувофиқи ин таҳдиднома амир дар мансабаш як муддат нигоҳ дошта мешуду, вале ӯ бояд аз рӯи хоҳиши ҷавонбухороиён амал мекард.

Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳ гузоштани Ф.И. Колесов ва Ф.Хоҷаев, қушбегӣ Мирзо Низомиддини Урганҷиро, ки душмани қаттоли ҷавонбухороиён буд, аз мансабаш озод намуда, ба ҷои ӯ Усмонбекро қушбегӣ таъин намуд. Рӯзи 1 март вай ба таҳдиднома ҷавоб гардонд, вале барои аз ҳисоби ҷавонбухороиён ташкил додани ҳокимият розӣ нашуд.

Дар натиҷа 2 марти соли 1918 ҷанги байни қӯшунҳои Колесов ва амир сар шуд, ки он дар таърих бо номи “таҷовузи Колесов” маълум аст. Миқдори умумии қӯшунҳои Колесов, ба ғайр аз посбонони шахсиаш, тақрибан 450-500 нафарро ташкил медоданду халос. Аз ин ҳисоб тахминан 200 нафарро дружинаи ҷавонбухороиён ва тахминан ҳамон миқдори дигарро отряди ҷангии коргарони Бухорои Нав ташкил медоданд. Миқдори сарбозон ва фидоиёни амир ҳанӯз дар рӯзи якуми ҷанг нисбат ба қӯшунҳои Колесов хело сершумор буданд. Вале ба чунин бартарӣ нигоҳ накарда, натиҷаи рӯзи аввали ҷанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онҳо ҳатто ду тӯпи амирро ғанимат гирифтанд. Роҳбари умумии қӯшунҳои амир Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ аз майдони ҷанг гурехт.

Натиҷаи рӯзи аввали ҷанг амирро ба воҳима гузошт. Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳи нав гузоштани Колесов, рӯзи дигар – 3 март ба назди ӯ ҳайати намояндагии худро, бо сарварии қушбегӣ Усмонбек барои музокира фиристод. Онҳо ба Колесов нусхаи фармони ислоҳоти ҳанӯз 2 март имзо намудаи амирро нишон доданд, ки мувофиқи он амир гуё дар аморат ислоҳоти васеъ мегузаронад; аз ҳисоби мардуми доно, пеш аз ҳама ҷавонбухороиён ҳукумати нав ташкил менамояд ва ғайра. Дар рафти музокирот ҷавонбухороиён талаби нав — беярок гардонидани сарбозони амирро гузоштанд. Тарафи амир бо дили нохоҳам ин талабро ҳам қабул кард. Аз тарафи Ф.И.Колесов, барои назорати беяроқшавии сарбозони амир, гурӯҳе аз 22 нафар, бо сарварии В.П.Уткин фиристода шуд, ки қариб ҳамаи онҳо дар Арки Бухоро /дар таҳхонаи қушбегӣ/, ба тарзи ваҳшоният кушта шуданд.

Ф.И.Колесов ва Ф.Хоҷаев нисбати гуфтушунид зиёда боварӣ ҳосил карда, интизори расидани хабари беяроқшавии сарбозони амир буданд. Вале амир аз фурсати ба дастдароварда /зеро рӯзи 3 март амалиёти ҷангӣ набуд/ самаранок истифода бурда, ба муқобили қувваи камшумори Колесов, аллакай 4 март тақрибан 35 ҳазор нафарро бо сарварии Салимбек гузошт. Сарбозони амир дар як вақт ба вайрон намудани роҳи оҳани атрофи Бухорои Нав шурӯъ намуданд.

Дар натиҷа, ҳамон рӯзи 4 март Колесов дар ҳолати ногувор монд. Лавозимоти ҳарбии ӯ дар арафаи тамомшавӣ буд. Вайронии роҳи оҳан умеди вайро аз ҳаргуна кӯмаки беруна канд. Ниҳоят, шаби аз 5 ба 6 март Колесов маҷбур шуд, ки роҳи оҳани вайронаро таъмир намуда, оҳиста-оҳиста ба сӯи Қизилтеппа ҷангкунон ба қафо гардад. Бо ҳамроҳии Колесов тамоми мардуми русзабони Бухорои Нав ҳам ба роҳ баромаданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо шумораи умумии мардуми бо ҳамрохии Колесов рафта ба 8-10 ҳазор нафар мерасид.

25 марти соли 1918 дар Қизилтеппа байни аморати Бухоро ва Туркистони Шӯравӣ сулҳ имзо гардид. Мувофиқи он тарафайн ӯҳдадор шуданд, ки шартномаи соли 1873-и байни Бухоро ва Русияро риоя кунанд, асиронро иваз намоянд. Ҳукумати амирӣ барои шинохтани Давлати Шӯравӣ ва эътирофи чунин ҳокимият дар маҳаллаҳои руснишини аморат ваъда дод. Инчунин ҳукумати амирӣ розӣ шуд, ки роҳи оҳани вайронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 ҳазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри ҳукумати Туркистон 100 вагон ғалла фиристад ва ғайраҳо.

Ҳамин тавр ҷанг ба охир расид. Ин ҷанг ба ҳар ду тараф зарари моддию маънавӣ ва талафоти ҷонии зиёдро овард. Бегуфтугӯ он натиҷаи хатогии ҷиддии сарварони ҳизби ҷавонбухороиён ва Туркистони Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, баъди он ҷанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд.


435
Нет комментариев. Ваш будет первым!