Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна

Сиёсати муҳоҷиркунии ҳукумати подшоҳӣ дар шароити Осиёи Миёна. Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Миёнаро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода бурдани он шурӯъ карда бошад ҳам, вале нисбат ба худ ба садоқати мардуми таҳҷоии ин кишвар боварӣ надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам вай бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи боварибахш аз губернияҳои сераҳолии марказии Русия қисми деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна кӯчонид.

Ҳукумати подшоҳӣ ба кӯчонидани деҳқонони рус ҳанӯз соли 1868 ба вилояти Ҳафтруд оғоз карда буд. Вале он вақт танҳо бо вилояти Ҳафтрӯд маҳдуд нагардида, муҳоҷирони русро дар дигар вилоятҳои Туркистон низ ҷойгир намудаанд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё аллакай 19 маҳаллаҳои руснишин, бо аҳолии 1300 нафар вуҷуд дошт. Ё худ соли 1896 танҳо дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд 6 маҳаллаҳои руснишин вуҷуд дошт, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд.

Умуман соли 1910 шумораи маҳаллаҳои руснишин дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин давр шумораи умумии мардуми русзабони кишвар бо якҷоягии шаҳриён зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медоданд.

Вале бояд қайд кард, ки ғайричашмдошти ҳукуматдорони подшоҳӣ муҳочирони рус ба ҷойи такягоҳи онҳо будан, бо мардуми маҳаллӣ бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоҳиро якҷоя мечашиданд. Онҳо инчунин ба якдигар барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав кӯмаки амалӣ мерасониданд.

Сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна. Албатта барои ба макони ашёи хом-пахта ва бозори молфурӯшии саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Миёна мақоми роҳи оҳан хеле бузург аст. Зеро, бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта омада мерасид. Дар вақти набудани роҳи оҳан муддати дастрасшавии он маҳсулот аз 4 то 10 моҳро ташкил мекард.

Зарурияти сохтани роҳи оҳани Осиёи Миёнаро сармоядорони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтмони чунин роҳро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ҳисобида, сохтани чунин роҳро дастгирӣ накардаанд. Вале вазъияти ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сохтмони ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки тезонид.

Чунончӣ, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалаи худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахал-Тегин ба муқобилияти сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг махсусан ҷангкунон тай карда гузаштани даштҳои беобу регзор хело гаронӣ намуд. Инак, бо мақсади таслим намудани қабилаҳои саркаши туркман, бо супориши ҳукумати подшоҳӣ 3 августи соли 1880 аз димоғаи Михайловск (ё худ Узун-Ада) сохтмони роҳи оҳанро ба тарзи таъҷилӣ сар карданд. 1 сентябри соли 1881 онро аллакай то ба Қизил-Арват расониданд. 20 сентябри ҳамон сол дар ин роҳ ҳаракати поездҳо оғоз ёфт. Соли 1884 ин роҳ то ба Ашқобод расид. Дар ин муддат тақдири қабилаҳои туркман ҳам ҳал гардид. Онҳо дар назди иқтидори ҳарбии аскарони рус маҷбур шуданд, ки таслим шаванд.

Бо забти сарзамини қабилаҳои туркман сохтмони роҳи оҳан қатъ нагардид. Баръакс дар ин муддат аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур ва фоидаовар будани роҳи оҳан исбот гардид. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан минбаъд ҳам идома ёфт. Он соли 1886 то ба Марв ва Чорҷӯй омад. Баъдан он роҳ аз сарзамини аморати Бухоро гузошта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сӯи Самарқанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарқанд ҳам ба хати роҳи оҳан пайваст гардид.

Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавост ва Хуҷанд то ба Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат дигар хати он аз Хавост то ба Тошкент омад. Сохтмони ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Солҳои 1900-1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна (пойтахти аморати Бухоро) аз ҳисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд. Дар муддати солҳои 1900-1906 роҳи оҳани Тошкент-Оренбург бунёд гардид. Дар натиҷаи ин роҳи оҳани Осиёи Миёна бо роҳи оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.

То ба ин вақт ҳароҷоти сохтмони роҳҳои оҳан (ба ғайр аз хати байни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна) аз ҳисоби хазинаи ҳукумати подшоҳӣ буд. 10 июни соли 1905 ҳукумати подшоҳӣ қонуне баровард, ки мувофиқи он дар Русия барои сохтмони роҳи оҳан ба сармояи хусусӣ низ иҷозат дода мешуд. Дар натиҷа бо ташаббуси бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони ҷудогона, бо мақсади сохтани роҳҳои оҳан ҷамъиятҳои гуногун ташкил карда шуданд. Аз ҷумла соли 1912 Ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ба вуҷуд омаданд.

Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси муҳандиси сохтмони роҳи оҳан А.Н.Ковалевский, бо иштироки бонки Русию Осиёгӣ ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Мақсади бунёди ин ҷамъият сохта ва ба истифода додани роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) — Қаршӣ-Калиф-Термиз, бо шохаи Қаршӣ-Ғузар-Китоб ба ҳисоб мерафт. Сохтмони ин роҳ соли 1914 оғоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, махсусан аз мардуми Қаротегин чун қувваи корӣ ба тарзи васеъ истифода бурдаанд.

Роҳи оҳан агарчанде то ба водии Вахшу Ҳисор ва Кӯлоб, яъне сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ нарасида бошад ҳам, вале гумоштагони ширкатҳои гуногун, тоҷирони алоҳида ба ин водиҳо ҳам сар дароварда, ба ин гӯшаи дурдаст мол меоварданд ва аз ин ҷо маҳсулотҳои заруриро ҳарида бо роҳҳои гуногун то ба Термиз, Чорҷӯй, Қӯқанд, Самарқанд ва дигар истгоҳҳои роҳи оҳан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан барои гӯшаю канори дурдаст ҳам бетаъсир намонд.

390
Нет комментариев. Ваш будет первым!