Давлати Ҷониён (Аштархониён)

Ба сари қудрат омадани Аштархониён. Соли 1598 Абдуллохони II аз тарафи писараш Абдулмӯъмин кушта шуд. Баъди ин фоҷеа худи Абдулмӯъмин ба тахт нишаст, вале муддате нагузашта, ӯ низ бо фармони як гурӯҳи манфиатдор кушта шуд. Пирмуҳаммадхони II охирин намояндаи сулолаи Шайбониён низ ба зудӣ дар низоъҳои дохилӣ ҳалок гардид.

Сафавиён, доираҳои манфиатхоҳи хонии Хева ва қазоқҳо аз гирифториҳои Шайбониён истифода намуданд. Шоҳи сафавӣ шоҳ Аббоси 1 қисмати зиёди Хуросон ва ҳатто Ҳиротро пас аз муҳосираи нӯҳмоҳа ба даст овард. Дар чунин ҳолат, ки аз авлоди Шайбониён касе зинда намонд, аъён ва ашрофи Бухоро маснади хониро ба Ҷонмуҳаммад султон (Ҷонибек-султон) пешниҳод намуданд. Ӯ аз авлоди ҳамон чингизиёне буд, ки пас аз пароканда шудани давлати Ӯрдаи тиллоӣ дар Аштархон ҳукумати хонӣ ташкил дода буданд. Вақте ки Аштархонро Русия забт намуд (соли 1556), хонзодаҳои аштархонӣ фирор карда, ба назди Шайбониён омаданд. Яке аз онҳо Ҷонибек буд, ки бо хоҳари Абдуллохони Шайбонӣ издивоҷ кард. Ин силсила бо номи ӯ, яъне Ҷониён ёдоварӣ мешавад.

Ҳарчанд, ки Ҷонибек-султон пешниҳоди ашрофро рад кард, бо розигии ӯ ба ҷои вай бародараш Боқимуҳаммад (1599-1605) ба тахт нишаст.

Рақобатҳои дохилии дарбор. Яке аз дастовардҳои Ҷониёни ин буд, ки тавонистанд ҳокимияти худро дар Балх дубора барқарор намоянд. Пас аз даргузашти Боқимуҳаммад писари бародараш Ҷонибек — Валимуҳаммад (1605-1611) ба ҷои ӯ ҳукмрон гардид. Аммо ӯ ба ишрат дода шуда, аз ӯҳдаи идораи мамлакат баромада натавонист. Аъёну ашроф тахти хониро ба писари Динмуҳаммадхон Имомкулихон (1611-1642) пешниҳод карданд.

Минбаъд Имомкулихон тавонист ҳудуди давлати худро васеътар намояд: ӯ қазоқҳоро ронда, Тошкандро бозпас гирифт, писараш Искандарро дар ин шаҳр волӣ таъин намуд, зеро аз лиҳози стратегӣ он аҳамияти муҳим дошт. Ӯ қабилаҳои қалмиқ, қароқалпоқ ва айротҳоро, ки ҳамагӣ ба Мовароуннаҳр сар дароварда буданд, аз сарзамини худ дафъ кард. То поёни салтанати Имомкулихон таҷовузи ин ғоратгарон ба шаҳрҳои тоҷикнишин қатъ гардид. Дар давраи ӯ тиҷорат хеле пешрафт карда, дар масъалаи обёрӣ низ тадбирҳои муваффақона анҷом дода шудааст.

Имомқулихон соли 1642 кӯр шуд ва аз давлатдорӣ даст кашида, бародараш Нодирмуҳаммад (1642-1645)-ро, ки амири Балх буд, ба тахт нишонида, худ ба зиёрати Макка шитофт ва мувофиқи ривояти сарчашмаҳо ҳамон ҷо (соли 1650) аз олам чашм пӯшид.

Салтанати Нодирмуҳаммад ва Абдулазизхон. Нодирмуҳаммадхон аъён ва ашрофи феодалии қабилавиро ба худ ҷалб карда натавонист. Рӯз аз рӯз муносибати байни ӯ ва намояндагони бонуфузи табақаи ҳоким бадтар гардид. Ба ин сабаб ҳукмронии Нодирмуҳаммад дер давом накард, ба тахти салтанат писараш Абдулазизхон (1645-1680) нишаст.

Абдулазизхон ва бародараш Субҳонқулӣ каме баъдтар барои тоҷу тахт бо ҳам низоъ карданд. Балх яке аз шаҳрҳои калидии минтақа ба арсаи набардҳои хунини Аштархониҳо мубаддал шуд. Ҳокимони Хева аз ҳамаи ин ҷангу ҷидолҳои дохилии сулолаи Ҷониён ба манфиати худ истифода намуданд. Онҳо чандин маротиба бо ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, мамлакатро тороҷ карданд. Ҳатто то Бухоро расида, боре як қисми шаҳрро гирифтанд. Фақат мардонагӣ ва далерии аҳолӣ, ки асосан тоҷикон буданд, имкон дод, ки шаҳр аз душман тоза карда шавад.

Абдуазизхон аз коста шудани обрӯи худ нороҳат шуда, ба манфиати бародараш аз тахт даст кашид. Субҳонқулихон чунин вазъиятро фурсати муносиб дарёфта ҳокимиятро ба даст даровард, яъне тахтро соҳиб шуд ва подшоҳи Бухорову Балх гардид (1680-1702). Дар аҳди салтанати Субҳонқулихон вазъияти душвори мавҷуда на фақат аз байн нарафт, балки бадтар гардид. Тохтутози хевагиҳо ҳамоно давом мекард. Онҳо ҳатто Самарқандро забт карданд ва аъёну ашрофи шаҳр хони Хеваро ба расмият шинохтанд, ки ба ивази он Субҳонқулихон бераҳмона аҳолии Самарқандро хонахароб намуд. Ниҳоят Субҳонқулихон фаҳмид, ки то дар Хева қоимақоми худро нанишонад, тохтутози хевагиҳо тамом нахоҳад шуд. Бинобар ин бо ҳар роҳ аъёну ашрофи Хеваро ба тарафи худ кашида, оқибат муваффақ гардид, ки Хева ҳукмронии ӯро эътироф намояд. Ин ягона дастоварди сиёсии ӯ буд, дар корҳои дигар фаъолияти ӯ ҳама харобиовару бар зидди раият буд.

Дар давраи салтанати кӯтоҳмуддати Убайдуллохон (1702-1711) муборизаи байни ҳукумати марказӣ ва феодалон хеле шадид ёфт. Убайдуллохон охирин кас аз хонадони салтанати Ҷониён буд, ки дар роҳи маҳдуд намудани худсариҳои феодалон ва пурқувват кардани ҳокимияти марказӣ саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додаст.

Душманӣ то дараҷае расид, ки ҳангоми яке аз сӯиқасдҳо дар соли 1711 Убайдуллохон кушта ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд. Пас аз ҳалокати Убайдуллохон бародараш Абдулфайзхон (1711-1747) ба тахт нишаст. Дар замони ин охирин намояндаи сулолаи Ҷониён давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад.

Дар аҳди Абдулфайзхон бӯҳрони сисёсӣ, ҷангҳои байни худӣ ва исёнҳои феодалӣ ба куллаи баландтарини худ расид. Солҳои 1716-1717 қабилаи қипчоқҳо ба миқдори қариб 100 ҳазор нафар аз тарафи Миёнқол ба тарафи Самарқанд ва Қаршӣ муҳоҷират намуданд. Онҳо мисли малах киштзор ва дарахтони он вилоятҳоро нобуд карданд ва нисбат ба мардум ҳар чӣ мехостанд, бадкирдорӣ намуданд. Абдулфайзхон ба муқобили Қипчоқҳо ягон чораи қатъӣ ва самарабахш наандешид. Ӯ ҳамчун хони иродааш заиф амал кард, ки амрҳояш берун аз остонаи қаср эътибор надоштанд. Абдулфайзхон аз пагоҳ то бегоҳ дар қасри худ бо шаробнӯшию фосиқӣ банд буд.

Ҳокимони вилоятҳо аз фалаҷии ҳукумати марказӣ ва беназоратии фаъолияташон сӯистеъмол карда, ба ғорату тороҷи мардуми бадбахт машғул мешуданд. Сафири Пётри Кабир дар Бухоро Флорио Беневинӣ навишта буд: «Самарқанд ҳам шаҳри бузург аст, аммо ҳоло беодам ва хароб шудааст». Ба гуфти ӯ ҳар вилоят бо пойтахти худ мисли Тошкент, Хуҷанд, Балх, Бадахшон, Ҳисор ва дигарон ба Бухоро итоат намекунанд ва соҳиби ҳокимони мустақил мебошанд. Онҳо мардумро мувофиқи табъи худ ғорат мекарданд.

Ҳамин тавр, ин ҳама задухӯрдҳои байнихудии хонҳо ва бедодгариҳои беамсоли феодалон аз ҳаёти пурмашаққати халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон дар аҳди салтанати Ҷониён шаҳодат медиҳанд.

Дар замони салтанати Аштархониён касбу ҳунар ва тиҷорати дохиливу хориҷӣ хеле касод шуд. Баъзе шаҳрҳо тамоман хароб гардида, ба завол ва баъзан нобудӣ расиданд. Аммо мардумон барои рӯзгори худро пеш бурдан дар ҳаракат буданд ва шоири тоҷик Саййидои Насафӣ дар Бухоро аз мавҷуд будани 200 касбу ҳунар ҳикоят мекунад, аммо аз касодии бозору бехаридор будани коло низ шиква мекунад. Дар ин байт ҳамин вазъи касодии бозор тасвир шудааст:


Гоҳе матои худ, ки ба бозор мебарам,

Домони остини харидор мекашам.


Мушкили дигари касбу ҳунар бӯҳрон дар низоми пулӣ буд. Аз ислоҳоти зиёди пул хазинаи давлатӣ ғанӣ мегашту, мардум аз ин зарар медиданд. Тиҷорат асосан бо Русия густариш ёфта буд. Падидаи нав дар муносиботи тиҷоратии Осиёи Миёнаву Рус он буд, ки ба корҳои дӯкондорӣ пардохтани тоҷирони рус ба ҳисоб мерафт. Тиҷорат бо Ҳиндустон, Эрон, Чин ва дигар кишварҳо низ барқарор буд, аммо ба сабаби нооромиҳои зиёд тиҷорат бо ин минтақаҳо аҳамияти худро гум мекард.

Дар замони Аштархониҳо зулму ситами ҳокимон ва нукарони онҳо дар маҳалҳо хеле меафзояд. Эътирози мардумон баъзан ба шӯриш табдил меёфт, ки намунаи ин гуна эътирозро мо дар аҳди Абдулазиз, дар гузари Даҳбеди Самарқанд дида метавонем. Соли 1703 дар Ҳисор низ зиддияти ду нафар аз сарватмандон ба қиёми мардумӣ оварда расонид, ки гурӯҳи заҳматкаш дар он иштирок карда, нафрати хешро ба ҳокимони ситамгар иброз намудаанд. Соли 1708 дар ҷавоб ба ислоҳоти пулии Убайдуллохон аҳолии Бухоро эътироз карданд ва ҳукумат ҳам ин ошӯбро бо бераҳмӣ пахш намуд. Инчунин соли 1714 дар Бухоро низ кӯшиши табаддулот сурат гирифт, ки он ҳам гувоҳ аз норозигии аҳолӣ аз ҳукумати ин замон буд. Муаррихони ин давра яктарафа бошад ҳам аз вуқӯъи шӯришҳои зиёд хабар додаанд, ки ин нишонгари вазъи душвори зиндагонии мардум мебошад.


2.44K
Нет комментариев. Ваш будет первым!