Идомаи ҷанги Русия бо Бухоро ва забти Хева

Муҳорибаи Чӯпоното ва забти Самарқанд. К.П.Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъин гардиданаш амалиёти забткоронаи пешгузаштагони худро давом дод. Мақсади асосии ӯ таслим намудани аморати Бухоро буд. Сараввал диққати ӯро вазъияти мураккаби Самарқанд, ки хеле ноором буд, ба худ ҷалб кард.

1 майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи шадидтарини байни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир, ки бо якҷоягии ихтиёриён амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии манғит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Муҳофизон агарчанде аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П. Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯи баъзе маълумотҳо шуморои онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аммо аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва таъмини яроқ хело касод буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузурги муҳофизон, аз он ҷумла сарбозони амир гардид.

Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро низ ҳал намуд. Зеро, сарварони ин шаҳри бостонӣ муқобилияти минбаъдаро нисбат ба қӯшунҳои забтгари Русияи подшоҳӣ бефоида ва ба зарари шаҳру шаҳриён (яъне боиси талафоти бешумор ва инчунин вайрониҳои зиёд) ҳисобида, рӯзи дигар, яъне 2 май бе муқобилият дарвозаи шаҳрро ба рӯи қӯшунҳои рус кушоданд.

3 май ин хабар ба амир Музаффархон расид, ки ӯ он лаҳза дар Кармина буд. Вай ҳатто аз изтироб қосиде, ки хабари аз даст рафтани Самарқандро барояш расонид, қатл намудааст.

Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оиди масъалаи тиҷорат давом дошт ва он 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз 6 банд анҷом ёфт. Мувофиқи он дар қаламрави хоки аморати Бухоро барои тоҷирони Русия имконияти васеи фаъолият дода мешуд.

Муҳорибаи Зирабулоқ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва тақдири он. Имзои шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 идомаи ҷангро дар байни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут, 18 май Қаттақӯрғон аз тарафи қисмҳои аскарони рус ишғол карда шуд. Умуман, муҳорибаҳои минбаъда исботи он буданд, ки қӯшунҳои амир имконияти муқобилиятнишондиҳиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эҳсос намуда, маҷбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шавад.

Ҳанӯз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ғазаби як қисми мардуми Бухороро ба вуҷуд овард. Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирҳо», яъне русҳо ҷангро давом диҳад. Бо ҳамин сабабҳо амир маҷбур шуд, ки боз майл ба ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ 15 ҳазор сарбозони савора, 6 ҳазор сарбозони пиёда ва 14 тӯпро бо сарварии Ҳоҷӣ Тӯқсабо ва Усмон Тӯқсабо ҷамъ намуд. Аз рӯи маълумотҳои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ намудаанд, ба 50 ҳазор нафар мерасид.

Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд.

Қӯшунҳои рус баъди ғалаба дар Зирабулоқ боз ба сӯи Самарқанд равон шуданд. Зеро дар он ҷо ҳанӯз 1 июн шӯриши зиддирусӣ ба вуқӯъ омада буд. Шӯришгарон шаҳрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва маҳаллиёни бо онҳо ҳамкорӣ намударо ба қатл расонидаанд. Онҳо ҳафт рӯз шаҳрро муҳофизат карданд ва ба қӯшунҳои рус муқобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шӯриши Самарқанд бо ваҳшоният пахш карда шуд.

Барои Музаффархон баъди мағлубият дар муҳорибаи Зирабулоқ ва пахш намудани шӯриши Самарқанд ба ғайр аз қабули таклифи Кауфман оиди имзои шартномаи пешниҳод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин ӯ намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарқанд фиристод. 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиқи он амир вазифадор шуд: аз заминҳои забтнамудаи қӯшунҳои рус, бо шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Қаттақӯрғон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русӣ) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Аму ба киштигардии Русия мамоният накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ғайраҳо. Мувофиқи ин шартнома амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқ (юридикӣ) бояд тобеи Русия мегардид.

Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиқ, ба подшоҳи Русия Александри II фиристода шуд. Подшоҳ бошад бо сабабҳои сиёсию иқтисодӣ шартномаро тасдиқ накард. Аз ин рӯ он шартнома ҳукми қонуниро нагирифт. Агарчанде соли 1869 ҳукумати амир, ки аз ин ҳолат хабар надошт, бо сафирони худ як қисми тавони ҷангро (50 ҳазор тангаи тилло ва 19 ҳазор тангаи нуқра) ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ фиристод. Хазинадорони подшоҳӣ ҳам он ғаниматро бе ягон калавиш қабул карданд.

Шӯриши Абдумаликтӯра. Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз ҳам мураккаб гардид. Шахсони аз шартнома норозӣ дар атрофи писари калонии амир Музаффархон — Абдумаликтӯра (Каттатӯра) ҷамъ омада, ӯро амир эълон карданд. Ҳокимони Китобу Шаҳрисабз — Ҷӯрабеку Бобобек ҳам бо дастаҳои худ ба тарафи Абдумаликтӯра гузаштанд. Дар натиҷа дар худи Бухоро ба муқобили Музаффархон қувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тирамоҳи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтӯра қариб 8 ҳазор нафар аскар буд. Агар ҳамон лаҳза қувваҳои Абдумаликтӯра, ки Қарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо ҳам бар мехӯрданд, мағлубияти амир аз эҳтимол дур набуд. Инро худи амир ҳам эҳсос намуда барои имдод ба К.П. Кауфман муроҷиат кард. Кауфман бошад ба хубӣ мефаҳмид, ки ҳаракати Абдумаликтӯра пеш аз ҳама ба муқобили манфиати Русия аст, аз ҳамин сабаб ба таклифи Музаффархон розӣ шуд. Ӯ барои пахш намудани шӯриш қӯшунро бо сарварии генерал А.К. Абрамов фиристод.

Тирамоҳи соли 1870 ба қӯшунҳои Абдумаликтӯра, ки дар наздикии Қаршӣ омодаи ҷанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора ҳуҷум карданд. 27 октябр Қаршӣ аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир ҳам вориди шаҳр гардида, онро тороҷ намуданд. Он лаҳза як ҳиссаи бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сӯи Шаҳрисабзу Китоб ҳаракат карда, он мулкҳоро низ тобеи амир Музаффархон гардониданд. Абдумаликтӯра бошад баъд аз ҳама нобарориҳо аввал ба Қӯқанд, баъд ба Қошғар гурехт.

Эъзомияи Исканедаркӯл. Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Кӯҳистон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Моғиён, ки мулкҳои ниммустақил буданд, низ ба луқмаи он пешкаш гардиданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯрғон ва дигар мулкҳои Зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А.К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкҳои номбурдаи Кӯҳистон буд. Мардуми он мулкҳо агарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо байни худ ҷангида қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд.

Пӯшида набуд, ки чунин ҳолати ин диёр муваффақияти қӯшунҳои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои таслими болооби Зарафшон чун ҳуҷуми ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад вай зурур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо эъзомияи илмӣ рӯпӯш намояд. Зеро он вақт марказҳои илмию чуғрофии Русия оиди омӯзиши табиату набототи Осиёи Миёна рағбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиҷа баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд.

Ба ҳайатии эъзомияи номбуда 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард дохил мешуданд. Боз аз Ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Деннет ҳаракат карда, дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо хукми Абрамов ба хок яксон намудаанд. Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистонӣ» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд.

Дар эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос А.Ф. Федченко, геолог Д.К. Мищенко, нақшбардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л.Н. Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тадқиқи захираҳои табии болооби Зарафшон қадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.

Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Хева. Минбаъд амалиётҳои асосии қувваҳои ҳарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шудаанд. Барои рӯҳан маҳв намудани аскарони хонигарӣ амалдорони ҳарбии Русия ба муқобили он якбора аз се самт: аз самти Тошкент, ба воситаи Ҷиззах, бо сарварии генерал-майор Головачев (4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи қалъачаи (форти) Эмбин, бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин (3400 нафар) ва аз самти Красноводск отрядҳои Қафқозӣ, бо сарварии полковник Маркозов (4300 нафар), яъне бо шумораи умумии 12 ҳазор нафар, бо сарварии умумии К.П.Кауфман ба ҳуҷум гузаштанд.

Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ аллакай дар қаламрави хонигарӣ амалиёти ҷангӣ мегузарониданд. 29 май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахттарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева, Саид Муҳаммад Раҳими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим, аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти ҷангӣ дар хоки Хева қатъ гардид. 12 августи ҳамон сол байни Русияю Хева шартнома имзо гардид, ки мувофиқи он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн. 200 ҳазор сӯм медод. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт.

Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева, амири Бухоро Музаффархон натанҳо ин амалиётро торафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус кӯмаки амалӣ расонид. Чунин рафтори содиқонаи амир ба Русия ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле маъкул гардид. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати подшоҳӣ маҳз садоқати амирро нисбат ба худ ба инобит гирифта, инчунин ба ивази он мулкҳое, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминҳои Чорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.

Шартномаи 28 сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухоро. То моҳи сентябри соли 1873 дар байни Русияю Бухоро, ба ғайр аз шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 дигар ягон ҳуҷҷати ҳуқуқӣ (юридикӣ), ки муносибати ин ду давлатро муайян номояд, вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб, асосан баъди ҳалли тақдири Хева, дар доираи ҳукумати Русияи подшоҳӣ боз масъалаи муайян намудани муносибат нисбат ба Бухоро ба миён омад.

Инак, 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи шартномаи «дӯстӣ» маълум буда, аз 18 банд ибарат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоҳ тасдиқ гардид ва он дар қатори шартномаи тиҷоратӣ, ки дар боло ишора рафт, ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии байни Бухоро ва Русия то Инқилоби Октябри соли 1917 амал кард.

Шартномаи «дӯстӣ»-и соли 1873 сарҳади ҳамонвақтаи байни Русияю Бухороро тасдиқ намуда, сарҳади байни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он ҳар ду тараф, яъне тарафҳои Русияю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Миёна, дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ ва озодона шино кардани киштиҳоро дар дарёи Аму таъмин мекунанд; тоҷирони рус на танҳо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳои аморати Бухоро озодона амал намудан ҳуқуқ пайдо карданд, балки онҳо дар ҳимояи махсуси ҳукумати амирӣ низ буданд; аз молҳои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молҳои русӣ ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатҳо бебоҷ гузаронида мешуд; тоҷирони ҳар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсарои худро дошта бошанд. Ғайр аз ин, тоҷирони рус дар соҳилҳои дарёи Аму истгоҳ (бандар) ва анборҳо сохта метавонистанд; ба раиятҳои тарафайн, аз рӯи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи дар ҷои дилхоҳ машғули касбу ҳунар шудан дода мешуд. Инчунин онҳо метавонистанд мулки ғайриманқула, яъне хона, боғ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро, яъне ҳукумати амирӣ дар Тошкент ва ҳукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи ҳукумати амирӣ вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурӯши одам, яъне ғуломдориро манъ намояд.

Ҳамин тавр, дар шартномаҳои тиҷоратии соли 1868 ва «дӯстии» соли 1873 ба ғайр аз баъзе бартариҳо барои тоҷирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоҳӣ гардад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, яъне юридикӣ, давлати мустақил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иқтидори ҳарбии Русия нотавон буданашонро ба хубӣ эҳсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оғӯши тобеият андохта, нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ сиёсати содиқона хизмат карданро пеш гузошта, аморатро ба мустамликаи ҳақиқии Русия табдил доданд.


423
Нет комментариев. Ваш будет первым!