Бозаргон ва султон Маҳмуд (ҳикоя аз Сиёсатнома)

Гӯянд, бозаргоне ба мазолимгоҳи султон Маҳмуд омад ва аз писари ӯ, Масъуд, бинолид ва тазаллум карду гуфт: — Марде бозаргонам ва муддати дароз шуд, то ин ҷо мондаам ва мехоҳам, ки ба шаҳри хеш равам. Наметавонам рафт, ки писарат шаст ҳазор динор коло аз ман бихаридаасту зарри ман намедиҳад. Хоҳам ки амир Масъудро бо ман ба қозӣ фиристонед.

Султон Маҳмуд аз сухани бозаргон дилтанг шуд. Пайғоме дурушт ба вай фиристоду гуфт: — Дарҳол хоҳам, ки ҳаққи вай ба вай расонӣ, ё бархезию бо вай ба маҷлиси ҳукм равӣ.1

Бозаргон ба сарои қозӣ рафт ва расул наздики амир Масъуд омаду бигузорид. Масъуд андар монд. Ходимеро гуфт: — Бинигар, то дар хазина нақд чанд аст?

Хазинадор рафт ва қиёс карду омад ва гуфт: — Бист ҳазор динор ҳаст. Гуфт: — Баргиру ба наздики бозаргон бар ва тамомати молро се рӯз замон ва муҳлат хоҳ то бирасонам.

Расул султонро гуфт, ки султонро бигӯй, ки бист ҳазор динор дарҳол бидодаам ва тамомати ҳаққи вай то се рӯзи дигар ба вай бидидам. Ва ман қабо пушидаву миён баста ва муза пушидаю ба по истодаам, то Султон чӣ фармояд, ки ба маҷлиси қозӣ равам, ё моли бозаргон тамомат ба вай диҳам.

Расул биёмад ва чунин гуфт:

Султон Маҳмуд гуфт: — Ба ҳақиқат бидон, ки рӯи ман набинӣ, то моли бозаргон ба тамому камол нарасонӣ.

Масъуд низ сухан наёрист, гуфт ва ба ҳар ҷониб кас фиристоду аз ҳар кас қарзе хост. Чун намози дигар шуд, шаст ҳазор динор ба бозаргон расида буд ва ин хабар ба атрофи олам бирасид ва бозаргонон бо якдигар ҳикоят карданд.


Бозаргон ва султон Махмуд (хикоя аз Сиёсатнома).

599
Нет комментариев. Ваш будет первым!