Оқибатҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна
Забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост. Ҷиҳатҳои мусбат: 1) Дар Осиёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармоӣ мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он бо бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард; 2) Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан байни аморати Бухорою хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуҷуд овард; 3) Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши ғуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт); 4) Имконияти шиносшавӣ бо фарҳанги якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.
Ҷиҳатҳои манфӣ: 1). Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо, ба ғайр аз Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд; 2). Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Ҳукумати иртиҷоии амири Бухоро ва хонии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилӣ дар ҳар ду ин мулкҳои Осиёи Миёна бетағйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонӣ дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳӣ нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуд; 3). Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафту омад ва хешу таборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард. Он лаҳза, ҳангоми муайян намудани марзи давлатӣ, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд. Зеро, тақдири халқи тоҷик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Русияю Англия сахт вобастагӣ дошт.