Давлати Салҷуқиён

Зуҳури салҷуқиён. Пас аз марги Султон Маҳмуд дар миёни писаронаш Масъуд (1030-1040) ва Муҳаммад барои тоҷу тахт зиддият пеш омад ва Ғазнавиҳо бо вуҷуди лашкари зиёд доштан натавонистанд, пеши роҳи зиддиятҳоро бигиранд. Рақиби Ғазнавиён қабилаҳои туркман бо роҳбарии яке аз авлодони бонуфуз Салчуқиҳо дар байни солҳои 1034-1040 борҳо лашкари Ғазнавиёнро шикасту гӯшмол дода, ниҳоят дар муҳорибаи Дандонақон, ки соли 1040 дар наздикии Марв рух дод, артиши сад ҳазор нафараи Ғазнавиёнро пурра дарҳам шикаста, бештари ҳудудҳои ин давлатро ба ҳайати давлати навтаъсиси Салчуқиён дохил намуданд. Асосгузори давлати Салчуқиён Туғрал (1040-1063) каме баъдтар (соли 1055) ҳатто маркази хилофат Бағдодро ҳам ба даст дароварда, бузургтарин империяи Шарқи Наздику Миёнаро таъсис дод.

Салчуқиҳо соли 1072 бо сардории Алп-Арслон (1063-1072) аз дарёи Ому гузашта Бухороро муҳосира намуданд. Вале Салҷуқиҳо таваҷҷӯҳи худро ба ғарб нигаронида, то ба Рум расиданд ва заминаҳои таъсиси давлати ояндаи туркиро дар Осиёи Хурд (Туркияи имрӯзӣ) гузоштанд. Хусусан пас аз муҳорибаи Мансикерт (1072) ва шикасти румиҳо нуфузи туркҳо дар Осиёи Хурд рӯз аз рӯз бештар гардид. Авҷу шукӯҳи Салҷуқиён ба замони вориси Алп-Арслон Маликшоҳ рост меояд. Ӯ Тирмиз ва бештари ҳудудҳои Мовароуннаҳрро тобеъи худ карда, Қарахониёнро ба хироҷгузори худ табдил намуд.

Дар миёни хонҳои Қарохонӣ ва руҳониён зиддияту ихтилофҳо авҷ гирифта, авзои минтақаро ноором сохт. Аз ин муноқишаҳо воқиф гашта, Маликшоҳ, соли 1089 бо қушуни калоне Самарқандро ба даст даровард ва Аҳмадхонро асир гирифта ба Исфаҳон фиристод. Пас аз вафоти Маликшоҳ Аҳмадхон аз Исфаҳон ба Самарқанд баргашта бар зидди рӯҳониён мубориза шурӯъ намуд ва аз тарафи онҳо ба қатл расонида шуд. Дар замони Қарахониён мавқеи раиси Бухоро ки номи Садро ба худ гирифта буд, пурзӯр гардид.

Туркманҳои салҷуқӣ ба шаҳодати муаррихи бузурги тоҷик Абулфазли Байҳақӣ замоне, ки ба Хуросону Мовароуннаҳр сарозер гаштанд, дар дараҷаи поёни маърифти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ қарор доштанд. Ташкилу идораи империяи бузург бошад, ниёз ба донишу таҷриба ва кифояту дирояти ашхоси шоистаро дошт. Чун замони Ғазнавиён дар низоми идории сулолаҳои турктабор асосан тоҷикон ҷалб мегардиданд. Агар дар танзиму суботи Ғазнавиён нақши вазирони тоҷики онҳо Исфароинӣ, Маймандӣ, Ҳасанак ва Аҳмади Абдусамад зиёд бошад, пас нақши сӣ солаи вазир Низомулмулк (1063-1092) баҳри шукуфоиву тарақкии давлатдории Салҷуқиён ниҳоят бузург аст. Ӯ ба таҷрибаи Сомониён ва Ғазнавиён такя карда, империяи боазамати Салҷуқиёнро ба низоми муайян даровард. Худсариву саркашии сипоҳиёни туркман ва ашрофу рӯҳониёни тоҷикро низ то андозае пешгирӣ кард. Маҳз дар даврони вазорати ин вазири донишманд давлатдории Салҷуқиҳо ба дараҷаи баландтарини худ расид.

Салҷуқиҳо қабл аз ҳама манфиати ашрофи туркманро ҳимоят менамуданд. Яке аз усулҳои маъмули ин давра додани замини инъомӣ бо номи «иқтаъ» буд. Заминҳои кораму обшоре, ки қаблан ба деҳқонони маҳаллии тоҷик тааллуқ дошт, бо ҳимояти давлат ба туркманҳо дода мешавад. Дар саросари қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ҳазорон порчаҳои заминро туркманҳо соҳиб шуда, аҳолии маҳаллиро истисмор мекарданд. Илова бар ин ба ҳарбиёне, ки дар хидмати давлати салҷуқӣ буданд, низ замину мулкҳо ҳадя мегардид. Ин ситаму ҷафои навдавлатон вокуниши тунди ашрофи маҳаллиро ба миён меовард. Аз ин сабаб норозигиҳои мардумӣ дар шаклҳои гуногун ва зери ҳаракатҳои сиёсиву мазҳабии мухталиф зуҳур мекард.

Бояд қайд намоем, ки аз замони Сомониён ҳаракати мазҳабии исмоилия дар Хуросону Мовароуннаҳр реша давонида буд. Сомониён нисбат ба ин ҳаракат боэҳтиёт амал карда, то замоне, ки густохии исмоилиҳо зиёд намешуд ва онҳо ба корҳои давлатдорӣ дахолат намекарданд (мисли замони Наср ибни Аҳмад), ба тадбирҳои шадид даст намезаданд. Аммо Маҳмуди Ғазнавӣ барои решакан кардани ин ҳаракат дар Хуросон кӯшиши фаровон карда ва ҳазорон нафарро ба ҷурми «қарматӣ» аз байн бурд. Хусусан даъвати исмоилиҳо зери ҳимояти маънавӣ ва модии хилофати Фотимиён (909-1171), ки бештари нуфзро дар шимолии Африқо дошт, боло гирифт. Фотимиён зиёиёну руҳониён, деҳқонону ашроф ва ҳатто амиронро ба ойини худ даъват мекарданд. Маҳмуд, яке аз фиристодаҳои халифаи Фотимии Мисрро, ки вайро ба итоат аз халифаи фотимӣ хонда буд, ба қатл расонид.

Низомулмулк бо ташкили мактабҳои диние, ки бо номи ӯ ба «Низомия» маъруф буданд, табақаи рӯҳониёни расмии ба давлат тобеъ бо эътиқоди аҳли суннатро тарбият намуда, бар муқобили ҳамагуна зуҳуроти иҷтимоӣ мубориза мебурд. Соли 1090 дар қалъаи Аламут, ки дар минтақаи кӯҳистонии ҳудуди имрӯзаи Эрон қарор дошт, бо роҳбарии Ҳасани Саббоҳ ном яке аз мухолифини сарсахти салҷуқиҳо ва Низомулмулк давлати Исмоилиҳо таъсис меёбад. Дар қатори фаъолиятҳои густурадаи сиёсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ пайравони Ҳасани Саббоҳ ба нест кардани душманони худ мепардозанд. Ҳамин тавр яке аз нухустин шабакаҳои махфии террористии таърихӣ таъсис меёбад. Яке аз қурбониҳои ин шабака вазир Низомулмулк буд. Даҳҳо чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангие, ки бо исмоилиҳо муносибати хуб надоштанд, аз ҷониби фидоиёни исмоилӣ ба қатл расонида шуданд. Душмании ошкори Низомулмулк бо мазҳаби исмоилияро дар асари «Сиёсатнома»-и ӯ низ метавон мушоҳида кард.

Пас аз Маликшоҳ Санҷар (1118-1157) бузургтарин намояндаи Салҷуқиён ба ҳисоб мерафт. Аммо замони салтанати ӯ бо таҷовузи қарахитоиҳо ба Осиёи Миёна, ошӯби ғузҳо ва дигар нооромиҳо ҳамроҳ буд. Аз ин рӯ шикасти салҷуқиҳо дар муҳорибаи Қатвон (наздики Самарқанд), ки соли 1141миёни лашкари якҷояи Салҷуқиёну Қарахониҳо бо қарахитоиҳо рух дод, заъфу парешонии Салҷуқиёнро низ нишон медод. Санҷар ҳатто аз тарафи ғузҳо ба асорат гирифта шуд. Бо марги ин султон қаламрави Салҷуқиён тадриҷан аз тарафи сулолаҳои дигар истило гардид. Қаламрави асосии Салҷуқиёнро Хоразмшоҳиён ба давлати худ ҳамроҳ карданд.

684
Нет комментариев. Ваш будет первым!