Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

Мавқеи отряди Помир нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ. Дар Кӯҳистони Бадахшон мисли пештара ҳар гуна тағйирот аз мавқеи отряди сарҳадии аскарони рус, ки ин ҷо буданд /яъне отряди Помир/, вобастагӣ дошт. Аз тарафи дигар сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ инчунин вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари ҳарбию маъмурӣ ба ҳисоб рафта, нисбатан ҳуқуқҳои васеъ дошт. Ҳамон лаҳза сарвари отряд полковники рус Фенин буд.

Танҳо баъди 2 июли соли 1918 дар Бадахшон, ҳатто дар ҳудуди отряди Помир аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ чӣ дар Петроград ва чӣ дар Тошкент хабардор шуданд. Аммо афсарону аскарони отряд дар марказҳо бунёди тартиботи навро ба тарзи гуногун пазируфтанд. Пеш аз ҳама афсарон, бо сарварии полковник Фенин ва як қисми аскарони қатории отряд, ки нисбат ба Ҳyкумати Муваққатӣ содиқ буданд, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд.

30 августи соли 1918, мувофиқи фармони барои қисмҳои аскарони сурх баровардашуда, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии ҷумҳурии Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танҳо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки мисли пештара умуман аз шинохтани Ҳокимияти Шӯравӣ саркашӣ карданд. Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918, полковник Фенин ва дигар афсарони отряд, бенатиҷагии мавқеи ишғолкардаи худро эҳсос намуда, бо ҳамроҳии 32 нафар аскарони қатории отряд, тамоми маблағ ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон, ба Ҳиндустон гурехтанд. Бо ҳамин воқеа дар як вақт Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ низ барҳам хӯрд. Дар постҳои сарҳадии чӣ Помири Шарқӣ ва чӣ Ғарбӣ як қисми ками аскарони рус монда буданду халос. Аз ҳисоби ҳамин аскарон, бо сардории Волков, кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Кӯҳистони Бадахшон ҳокимиятро ба дасти худ мегирифт.

Отряди А.А.Холмаков ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон. Охири моҳи ноябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Марказии /КИМ/ ҷумҳурии Туркистон, баробари шунидани хабари ба хориҷа гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдорони вай, оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёрӣ бо сарварии коммунист А.А.Холмаков қарор қабул кард. Дар ҳайати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Коммисия ва отряд моҳи феврали соли 1919 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруғ омада расид. То ҳамин лаҳза дар Бадахшон ҳолати беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Дар маҳалҳо бошад ҳанӯз ягон хел ташкилот ё худ ҷамъияти сиёсию инқилобӣ вуҷуд надошт. Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.А.Холмаков-ин дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои ҳокимияти инқилобии халқӣ ва муҳофизати сарҳади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт.

Баҳори соли 1919 ба ташаббуси комиссия ва отряд дар як қатор маҳаллаҳои Бадахшон кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд. Дар худи ҳамон фасл анҷумани ин кумитаҳо низ барпо гардида, дар онҳо оиди муттаҳид намудани Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ қарор қабул карданд. Аз ҳамон лаҳза роҳбарии умумиро дар Кӯҳистони Бадахшон кумитаи отряд бо сарварии А.А.Холмаков ба ихтиёри худ гирифт.

Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Кӯҳистони Бадахшон низ бо ташаббуси комиссия ва отряди аз Тошкент фиристодашуда Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуд.

17-25 июни соли 1918 дар шаҳри Тошкент анҷумани I муассисони болшевикони Туркистон барпо гардад ва дар он ҳизби коммунистии Туркистон (ҲКТ), ҳамчун қисми таркибии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия (ҲК(б)Р) ташкил ёфт. Баъди он болшевикони кишвар фаъолияти худро муташаккил намуда, чӣ дар марказ ва чӣ дар маҳалҳо намояндагони ғайриболшевикиро аз ҳокимият танг карда бароварданд. Дар натиҷа, дар ҳудуди ҶМШС Туркистон ҳам ҳизби коммунистӣ ҳизби яккаҳукумрон гардид. Соли 1918 дар ҳудуди кишври Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шамолӣ ташкилотҳои иттифоқи ҷавонон ва иттифоқи касаба ба вуҷуд омаданд. Минбаъд ин иттифоқҳо низ дар зери назорати сахти ҳизби болшевикӣ амал мекарданд.


434
Нет комментариев. Ваш будет первым!