Китоби «ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», Н. Ҳотамов ва диг.

Номи китоб: ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Муаллифон: Н. ҲОТАМОВ, Д. ДОВУДӢ, С. МУЛЛОҶОНОВ, М. ИСОМАТОВ

Маълумот дар бораи китоб

Китоби дарсии фанни «Таърихи халқи тоҷик» барои ихтисосҳои ғайритаърихи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи ин фан, ки бо қарори мушовараи Вазорати Маорифи ҷумҳурӣ аз 31 январи соли 2008 барои нашр ва истифода тавсия гардидааст, навишта шудааст. Китоб таърихи халқи тоҷикро аз давраҳои қадимтарин то рӯзҳои мо дар бар мегирад. Он дар асоси сарчашмаҳои гуногуни бостоншиносӣ, хаттӣ, бойгонӣ, адабиёти илмӣ, маълумоти оморӣ ва ғайра навишта шудааст.

Китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик», ки Шумо дар даст доред, аз тарафи муаллифони зерин навишта шудааст: Бобҳои I, II, III, қисмҳои 1 – 7 – и боби IV аз тарафи доктори илмҳои таърих Давлатхоӣа Довудӣ;, бобҳои V – VI аз тарафи номзади илмҳои таърих, дотсент Маъруфҷон Исоматов; бобҳои VII – VIII аз тарафи номзади илмҳои таърих, дотсент Сайфуллоҷон Муллоҷонов, сарсухан, қисми 8 – и боби IV, бобҳои IX – XXII аз тарафи доктори илмҳои таърих, профессор Намоз Ҳотамов иҷро гардидааст.


1.27K
Нет комментариев. Ваш будет первым!