Аҳмади Дониш – ислоҳотхоҳ, маорифпарвар

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш. Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби қориён (ҳофизони Қуръон) низ таҳсил намудааст. Вале мактаби қориёнро зуд тарк намуда, аз 14 – солагӣ таҳсилро дар мадраса идома додааст. Вай дар мадраса ба ғайр аз илмҳои динӣ, бештар мустақилона, дар асоси асарҳои олимони Шарқ, фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайват, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро меомӯзад.

Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хати зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулоддае дошт. Ӯ хушнависиро ҳанӯз аз модараш, ки назми форсии тоҷикиро низ нағз медонист, омӯхт. Бо кӯмаки модараш, ҳанӯз дар хурдсолӣ нақши ҳарфи арабиро хело зебо кашида, ниҳоят чун наққоши моҳир ба камол расид. Дар солҳои таҳсил дар мадраса вай ин истеъдоди худро боз ҳам сайқал дод. Баъди хатми мадраса ӯро, бо тавсияи яке аз устодонаш ба дарбори амир, ба сифати меъмор ва наққош ба кор гирифтанд. Вале аз сабаби набудани корҳои иморатсозию бинокории ҳукуматӣ, Аҳмади Дониш дар дарбор бештар ба корҳои китобати рисолаву девонҳо ва қоғазҳои расмии дарбор машғул буд. Ин ҳама ба ӯ имконият дод, ки аз як тараф ҳунари хаттотӣ ва наққошии худро боз ҳам такмил диҳад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи бойи дарбор истифода бурда, мустақилона илмҳои гуногунро боз ҳам чуқуртар омӯзад. Дар натиҷа вай ҳанӯз дар замони ҳукуматдории амир Насруллоҳ аз ҷумлаи соҳибмаърифатноктарин аҳли дарбор гардида буд.

Аҳмади Дониш аввалин бор солҳои 1857 – 1858 (бо супориши амир Насрулло ба сифати мирз-котиб дар ҳайати сафорати амир, бори дуюм солҳои 1869 – 1870 ва бори сеюм солҳои 1874 – 1875 ба Русия сафар кардааст.

Ҳангоми ин сафарҳо ӯ бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва махсусан фарҳангии маркази империяи Русия шаҳри Петербург, ба қадри имкон аз наздик шинос шуд. Ин ҳама дар қатори таъсири адабиёти классикии форсу тоҷик дар ташаккулёбии андешаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш мақоми муҳиме бозидааст.

Андешаҳои Аҳмади Дониш роҷеъ ба ислоҳот. Тақрибан солҳои 1870-1873 А. Дониш рисолае таълиф намуд, ки дар он андешаҳояшро оид ба адолат ва тартибу низоми идора намудани давлат ва ҷамъият баён кардааст. Муаллиф дертар ба он номи “Рисола дар назми тамаддун ва таовун”-ро ниҳод. Ин рисола дар асл як барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад рисола ба амир Музаффархон пешниҳод гардида буд.

А. Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба ақидаи ӯ ҳуқуқи амир, чун ҳокими мутлақ бояд дар асоси қонун (Конститутсия) маҳдуд карда шавад. Ба ғайр аз ин дар рисола оиди сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халқро батафсил баён кардааст. Инчунин таъкид мегардад, ки подшоҳ бояд аз ҷумлаи донишмандтарин шахс бошад ва ӯ доим дар хизмати халқ бошад; дар як мамлакат подшоҳи одилу амалдори иртиҷопараст шуда наметавонад, зеро чунин амалдор дар зери сарпарастии ӯ амал мекунад.

Бо андешаи А. Дониш подшоҳ ҳамон вақт адолатхоҳ шуда метавонад, ки ӯ ба худ даҳ шартро маҳфуз дошта бошад. Шарти аввал, бо андешаи нависанда, “дар ҳар воқеа, ки раоёро пеши ҳоким афтод, подшоҳ худро дар он воқеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ ҳоким донад. Ва дар он ҳам ҳар ҳукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад, мисли он (яъне онро – Н.Ҳ.) аз худ ба дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад”.

Ё худ дар шарти ҳафтум мегӯяд: подшоҳи одил “он ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад. Ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва ҳам шақовату гирифторӣ ва бадномии абадӣ ҳосил тавон намуд”.

Дар шарти нуҳӯм гуфтааст: “…некбахтарин раиятдорон касест, ки раият бад-ӯ некбахт аст, ва бадбахтарин касе он аст, ки раият бад-ӯ бадбахт аст”. Умуман лоиҳа аз чунин пандҳо саршор аст.

Амир Музаффархон аз чунин пешниҳодоти бебоконаи А. Дониш дар пояи давлатдории худ хавфе бурда, на танҳо онҳоро қабул накард, балки худи ӯро аз дарбор дур намуда, аввал ба Ғузор, баъд дар Наҳрпай қозӣ таъин намуд. Баъди ҳамин А.Дониш аз корҳои давлатӣ ва хизмати дарборӣ тамоман дур карда шуд.

“Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш. Нависанда, тақрибан аз солҳои 1875 ба навиштани шоҳасари худ «Наводир-ул-вақоеъ» шурӯъ намуд. Ӯ соли 1885, танҳо баъди марги амир Музаффархон ва ба тахт нишастани амири ҷавон – Абдулаҳадхон, ба Бухоро баргашт ва бо марҳамати амири нав муддате китобдори мадрасаи Ҷаъфархоҷаи Бухоро таъин гардид. Ин ҳама ба нависанда имконият дод, ки шоҳасари худро дар муддати 15 сол ба итмом расонида, онро дар байни ҳаводорону ҳамфикрони худ паҳн намояд. А. Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ», чун шоҳиди замон иллатҳои иҷтимоӣ, нобаробарӣ ва беадолатиҳои ҷамъияти феодалии Бухоро, қафомондагии ҳаёти фарҳангӣ, тарзи шахшудамондаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, симои манфури табақаҳои ҳукмрони амирӣ, ки нисбат ба мардум хело бераҳмӣ зоҳир менамуданд, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии арбобони динию маъмурии давр ва ғайраҳоро хеле сахт танқид намудааст. Ба ин асар, аз тарафи худи муаллиф рисолаи дар боло ишорашуда – “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” ҳамчун яке аз қисмҳо дохил карда шуд.

Бояд иқрор шуд, ки пайдоиши “Наводир-ул-вақоеъ”-ро зиёиёни пешқадами Бухоро бо камоли мамнуният қабул намуданд. Он бо зудӣ китоби рӯимизии онҳо гардида буд. Аз ҳамин сабаб ҳам таъсири ин шоҳасар дар байни зиёиён беҳамтост. Инчунин худи нависанда ҳам аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ӯ ҳама вақт як чанд нафар уламо ва талабаҳои боистеъдодро дар атрофи худ ҷамъ намуда, оиди фасодҳои замона ва роҳҳои аз он баромадан сӯҳбатҳо меорост. Ниҳоят А.Дониш бо ин ҳама амалиётҳои худ, яъне ба воситаи сӯҳбатҳо паҳн намудани ақидаҳояш ва инчунин таълифи асарҳои гаронбаҳояш, барои дар шароити Бухоро ба вуҷуд омадан ва ташаккул ёфтани як равия ё худ ҷараёни нав-равияи маорифпарварӣ заминаи асосӣ гузоштааст.

Маорифпарварӣ, ин ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангист, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамондагии замони кӯҳнаи феодалӣ бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам зада, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равон гардида буд. Аз ҳамин сабаб ӯро ҳамчун яке аз саромадани ҷараёни маорифпарварии на танҳо Бухоро, балки Осиёи Миёна ҳисоб мекунанд.

Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулқодирхоҷаи Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Исо Махдуми Бухороӣ, Шамсиддин Махдуми Шоҳин, Мирзоҳайити Саҳбо, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат ва дигарон пайравони А.Дониш буданд. Эҷодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XХ ҳам он сабабгори бедории гурӯҳи нисбатан боз ҳам зиёди зиёиёну талабагон ва ниҳоят яке аз манбаҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия гардид.


349
Нет комментариев. Ваш будет первым!