Гулназар Келдӣ

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиётиДонишгоҳи давлатии Тоҷикистонродар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз ва сипас дар маҷаллаи “ Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳои 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат» ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол аст.

Эҷодиёт:

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Расми сарбозӣ» дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбеомад, то таҳсилоташро дарДонишгоҳи давлатии Тоҷикистонидома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи “Расми сарбозӣ” мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ваАфғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи “Забони ошиқӣ” дар Теҳрон мунташир кард.

Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари профессор Мирзои Муллоаҳмад, «вежагии боризи ашъори Гулназар Келдӣ ҷанбаи қавии иҷтимоъии онҳост. Гулназар Келдӣ тавонистааст дарди мардумро ба забоне сода ва самимӣ бигӯяд, ки боиси пазируфта шудани ашъораш аз сӯи мардум шудааст.»

— Гулназар, шоири ҳама

Нигоҳи шоиронаи Гулназар Келдӣ ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.

Устод Лоиқ Шералӣ, ки бо Гулназар Келдӣ тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор карда буд, гуфта буд:

“Дар шеъри мо ягон нафар чун Гулназар таҷрубаҳо накардааст”

— Гулназар, шоири ҳама.

Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд:

“Шеъри Гулназар мисли дарахти азими тановарест, ки дар масоҳати бузурги шеъри форсии тоҷикӣ доман густардааст”

— Гулназар, шоири ҳама

Акнун устод Гулназар Келдӣ дар интишороти “Адиб” кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи “Туву хубиву раъноӣ” мунташир шуд. Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар Келдӣ дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли “Дар орзуи падар” аст.

492
Нет комментариев. Ваш будет первым!