Маросимҳои динию мазҳабии яҳудия. Одатҳо, идҳо, амру наҳйи яҳудия

Аксари мардуми яҳуд дар назди раввинҳои Талмуд мисли ғулом буданд. Синагогаҳо ва обшинаҳои яҳудӣ дар ихтиёри онҳо қарор доштанд. Дар Талмуд тамоми ҳаёти ҳаррӯзаи яҳудӣ то хурдтарин ҷузъиёти ҳаёти ӯ амру наҳй шудааст. Дар Талмуд 613 амру наҳй омадааст. Азбаски ин амру наҳйҳо ҳарҷо-ҳарҷо дар Талмуд зикр гардида, ёфтани ин ё он масъала дар он душвор буд, дар асри XVI аз рӯи он як маҷмӯаи қоидаҳою маросимҳои динӣ бо номи Шулхан-Арух тартиб дода шуд, ки кори мардум ва раввинҳоро осон мекард. Ягон дине дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки монанди яҳудия ин қадар майда-чуйдаҳои зиёд дошта бошад. Бо вуҷуди он, азбаски ҳаёт аз ҳама гуна дин бойтар аст, ҳолатҳои бисёре рӯй медоданд, ки онҳо дар Талмуд зикр нагардидаанд. Дар ин ҳолат мушкилоти ба вуҷуд омадаро худи раввин ҳал мекард.

Чи тавре қайд гардид, тамоми ҳаёти яҳудӣ тобеи амру наҳйи динӣ мебошад. Инҳо-хӯрдани хӯрок, чи тавр пӯшидани либос, мондани ришу мӯйи сар, тартиби гузаронидани рӯз, хондани намоз, риояи идҳо, кадом корҳоро кардану кадом корҳоро накардан ва ғайра мебошанд. Алакай дар рӯзи 8-уми таваллуди худ бача бояд хатна карда шавад. Дар шаҳрҳо яҳудиён қассобони (шойхетҳо)-и хосси худро доранд, ки онҳо ҳайвонҳоро ба тариқи динӣ мекуштанд. Дар ин ҳолат гӯшт «кошерн»-ҳалол аст. Дар акси ҳол, гӯштҳои дигар «треф»-ҳаром мебошанд. Либоси мард бояд дароз ва аз матои якхела бошад. Сари яҳудӣ доимо ва ҳатто дар хобаш бояд пӯшида бошад. Яҳудӣ бояд риш монад ва гесӯҳояшонро низ набояд кӯтоҳ кунад. Ҳангоми намоз аз болои либосҳо бояд «талес»-порчаи махсуси матоъро пӯшад. Таҳорати яҳудӣ низ маросимҳои зиёде дорад.

Дар рӯзи иди шанбе яҳудӣ набояд ба ягон кор машғул гардад. Оташ гиронидан, хӯрок тайёр кардан, ягон чизро бурдан, ба пул даст расонидан ва ғайра манъ аст.

Ҳар сол идҳои пасха, шеббуот-50 рӯз баъди пасха, рош-гашана-(соли нав) дар тирамоҳ, йомкипур-рӯзи бахшиш, суккот иди 7-рӯза дар тирамоҳ ва пурим (иди баҳор) ид карда мешаванд.

Бачаҳо аз 5-6-солагӣ дар синагогаҳо матнҳои Библия ва Талмудро ба воситаи меламедҳо (муаллимон) азхуд менамоянд. Зан тибқи Талмуд ғуломи мард аст. Зан бояд ба худо шукр гӯяд, ки ӯ занро ғуломи мард офаридааст.

493
Нет комментариев. Ваш будет первым!