Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад. Соли 2014 дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Соли 2015 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё шавад.
Ин нуктаро имрӯз,23 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.
Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
«Тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрванд аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад» - илова намуд, Сарвари давлат.

«Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад» - изҳор дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ мешаванд»- гуфт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 23 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.

Дарсади фоидаи бонкҳо ва саррофиҳои Тоҷикистон дар пайи уфту хези қурби сомонӣ дар баробари доллар ва евро торафт боло меравад. Саррофон инро ба хотири ҷуброни “риск”- и худ, вале сокинони оддӣ ин муомиларо “ноинсофона” мехонанд. Бо қарори ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 20-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, имсол ғолиби Ҷоми кишвар бо ҷоизапулӣ ба маблағи 40 000 сомонӣ ва финалист ба маблағи 25 000 сомонӣ сарфароз мешаванд. Инчунин, ба ғолиби Ҷоми ФФТ дар мавсими нав 20 000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 15 000 сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все