Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Шукру сипоси беҳад ба Парвардигори олам ва дуруди бепоён ба Пайғамбари Ӯ, ҳазрати Муҳаммад (с). Шукр аз истиқлолияти Тоҷикистони азиз, ки дар худшиносии воқеъии миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва динию мазҳабии худ беш аз пеш навгониҳоеро шоҳид мегардем. Баргузор гаштани ҷашнвораҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам ва тарҷумаю чопи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ, фаъолияти масҷиду мадрасаҳо аз ҷумлаи тадбирҳои созандаеанд, ки пойдевори худшиносии миллиро истеҳком мебахшанд. Ҳисси таваҷҷӯҳи мардум ба омӯзиши ҳақиқати Қуръони карим, суннати Муҳаммади Мустафо (с) ва мероси илмӣ-фарҳангии миллатро афзоиш мебахшанд.

Дар баробари тараққиёти илму техника, вобаста ба пешрафти ақлу идроки омма ҳақиқатҳои илмии Қуръон ва фазилати намоз боз ҳам возеҳу ошкортар мешавад. Дар ин мақола шифои ҷисму ҷон ва василаи шукргузорӣ ба неъматҳои бешумори Аллоҳ будани намозро кӯшиш кардем нишон бидиҳем.

Кашфиёти бузург
Солҳои охир диққати олимони дунё ба ҷанбаҳои психологиву физиологӣ ва санитарию покии намози мусулмонҳо равона шудааст. Дар мавриди фазилатҳои барпо доштани намоз назди Парвардигор ин ҷо чизе гуфтанӣ нестем. Аммо пайравони дини Ислом хуб медонанд, ки иҷро намудани фарзу суннатҳои намоз чӣ манфиъатҳое аз нигоҳи руҳию ҷисмонӣ дорад. Фаҳмидани ин масъала барои ғайримусулмонҳо хеле мушкил аст.Онҳо бештар ба мушоҳидаҳои худ, тадқиқотҳои илмӣ ва хулосаи олимон боварӣ доранд.
Тадқиқотҳои олимони соҳаҳои гуногун, ки аксари онҳо ғайримусулмон мебошанд, бо ёрии асбобҳои навтарини техникӣ нишон доданд, ки намоз на танҳо аҳамияти динӣ, балки барои беҳтаршавии ҳолати рӯҳӣ ва саломатии инсон, пешгирӣ аз бемориҳо ва гузаронидани тарзи ҳаёти солим мусоидат мерасонад. Профессори инглис Уилям Пенфилд, доктори амрикоӣ Ҳерберт Бенсон, профессори олмонӣ Франс Холбер, профессори рус Борис Алякринский ва дигарон дар асоси тадқиқотҳои зиёди илмӣ бо истифода аз техникаи навтарин ба натиҷаи ҷиддӣ ва ҳайратовар омаданд. Яъне ба хулоса омадаанд, ки:
- Дар давоми як шабонарӯз дар вуҷуди инсон 5 маротиба баландшавӣ ва пастшавии ҳолатҳои ритмикӣ ба амал меоянд. Дар ҳолати баландшавӣ дар вақтҳои муайян ҳамаи гиреҳу нуқтаҳои фаъоли биологии узви инсон, ки зери пӯст ҷойгиранд, кушода мешаванд. Маҳз дар ҳамин вақт имконияти таъсир расонидан ба ин гиреҳу нуқтаҳои пайдошуда бисёре аз бемориҳоро табобат ё пешгирӣ намудан мумкин мегардад.
Профессор Муҳаммад Муҳам­мадов аз Доғистон бо далелҳо исбот намуда, ки 5 вақти ҳолати баландшавии ритмикӣ дар вуҷуди инсони мусалмон ба 5 вақт намози ӯ мувофиқ аст. Дар вақти вузӯъ ҳам ба ҳамаи нуқтаҳои фаъоли биологӣ таъсир расонида мешавад.
Дар асоси ин кашфиётҳо мо беҳтару хубтар дарк мекунем, ки бесабаб дар Қуръони карим ва дар ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с) оиди мукаммал ба ҷо овардани вузӯъ, анҷоми саривақтии намоз, иҷро намудани ҳамаи фарзу суннатҳои дохили намоз ва дуъову тасбеҳҳои баъди намоз таъкид нашудааст. Мо бо хондани намоз ҳам аҷру савоб гирифта бандагиро ба ҷо меорему ҳам саломатии худро беҳтар нигоҳ медорем. Намоз моро аз ҳар балову офатҳо нигаҳ медорад ва ба Худо наздик менамояд.
Афсӯс, ки ҳоло ҳамаи фазилатҳои намоз ва таъсири он ба саломатии инсон ошкор нашудааст. Барои ин кор ҳазорҳо тадқиқотҳои илмӣ лозим мегардад.
Дар ҳақиқат Аллоҳи мутаъол дар тамоми ҳолатҳо намозро воҷиб ва дар он тамоми ҳолатҳои беҳтаринро шарт қарор додааст. Фард бояд бовузӯъ бошад ва худро бо либоси муносиб зиннат дода, рӯ ба қибла биистад. Яке аз умуре, ки бар азамати намоз далолат мекунад, ин ба таври мустақим фарз гардониданаш барои Муҳаммад (с) дар шаби меъроҷ болои ҳафт осмон аст. Ҳамин аст, ки намоз аз аҳамият ва муҳимияти бузург бархурдор аст. Аллоҳи мутаъол аъмоли растагоронро бо намоз оғоз намуда мефармояд: Онҳое, ки ҳамаи намозҳои худро (дар вақташ беқазо кардан) адо мекунанд, онҳо ворисони ҷаннат, ки (оқибати кор) ба даст оранд биҳиштро ва ҷовиду абадӣ бошанд дар он.
Пайғамбари Худо (с) намозро бисёр дӯст медошт ва пайравонашро доимо ба хондани намоз даъват мекард. Ӯ дар ҳадисҳои гуҳарбораш намозро сутуни дин, калиди ҷаннат, пардаи дӯзах, нури қалб, роҳати бадан, обрӯи мӯъмин, дарозии умр, ризқи васеъ, мустаҳкамии имон, чароғи қабр, мушкилкушо, нишонаи мусулмонӣ, қабулкунандаи дуъо, нишонаи бандагӣ, ҳуҷҷат ба пурсиши мункар ва накир, шифои беморон, поккунандаи гуноҳҳо, ҷой дар сояи Арш, вазнинии тарозуи аъмол, осонии кандани ҷон, халосӣ аз азоби қабр ва ғайраҳо баён кардаанд.
“Намоз намозгузорро шустушӯ менамояд”, мегӯяд Пайғамбар (с). Ривояте ҳаст аз Ҷобир (р), ки Расули акрам(с) фармуд: Намозҳои панҷгона, монанди ин аст, ки дарёи пуробе пеши дари хонаи яке аз шумо ҷараён дошта бошад ва шумо рӯзона панҷ маротиба дар он ғусл намоед, (Муслим, 668).
Инчунин Пайғамбар (с) мефармояд: Калиди биҳишт намоз аст ва калиди намоз вузӯ.
Кашфиётҳои бузургтарини илмӣ дар асрҳои ХХ- ХХI дурустии гуфтаҳои Пайғамбар(с)-ро оиди фазилату ҳикмати намоз ва омӯхтани илм боз ҳам возеҳу равшан тасдиқ менамоянд. Олими машҳури фаронсавӣ Шарл Мисмар аз натиҷаҳои илмии ба даст овардаи худ ба ҳайрат омада гуфтааст: Дар пайравони баъзе динҳо зиёд шудани донишҳои илмӣ эътиқодро ба дин кам менамояд, аммо дар дини ислом баръакс, илм эътиқодро зиёд мекунад.
Мо мехоҳем ба хонандагони азиз доир ба нуқтаҳои фаъоли биологӣ ва ритм ё зарби биологӣ каме маълумоти илмӣ пешниҳод кунем, то фаҳмида шавад, ки онҳо ба чӣ миқдор ба намоз робита доранд.

Нуқтаҳои фаъоли биологӣ
Худованд инсонро хеле мукаммал офаридааст. Илм то ба имрӯз ин офаридаи Худовандро бо пуррагӣ наомӯхтааст. Каму беш дар бораи ҳолати ҷисмонии инсон маълумот пайдо шуда бошад ҳам, дар бораи ҳолати рӯҳӣ маълумот хеле кам аст. То имрӯз ҳамин қадар маълум аст, ки инсон аз маҷмӯъи зиёди майдонҳои электромагнитӣ, мередиану комплексҳои биоэнергетикӣ, ритмҳои биологӣ ва новаю торҳои пайвасткунандаи узвҳо ба пӯст иборат аст. Илм исбот намудааст, ки дар вуҷуди инсон қариб 700 нуқтаи фаъоли биологӣ мавҷуд мебошад ва онҳо дар зери пӯст ҷойгиранду танҳо бо ёрии заррабин ё микроскопҳо онҳоро дидан мумкин аст. Ин нуқтаҳо дар натиҷаи бо ҳам пайваст шудани торҳои асаб, ки аз узвҳои гуногуни организми инсон омадаанд, ҳосил шудаанд . Дар ин нуқтаҳо рагҳои хунгард бо ҳам печидаанд. Андозаи онҳо якчанд милиметри квадратӣ буда, ҳангоми омӯзиши электронӣ ва микроскопӣ маълум шуда, ки дар ин нуқтаҳо муқовимати электронии пӯст нисбат ба дигар қисмҳои бадан кам аст.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми таъсир расонидан ба ин нуқтаҳо бо тариқи маҳс кардан, сӯзан задан, бо об шустан дар узвҳо гардиши хун беҳтар, ҳисси дард камтар шуда, фаъолияти узвҳо ба низом медарояд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи маҳс кардан ҳолати рӯҳии инсон беҳтар гардида , тарсу ҳарос гум ва одам ором мешавад. Мутафаккири бузург Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои худ 66 нуқтаи хеле фаъоли биологиро нишон дода, аҳамияти онҳоро барои саломатӣ ва табобати беморон гуфтааст. Таҳқиқоти олимони донишгоҳи Ҳарвард: доктор Ҳерберт Бенсон ва профессор Уилям Пенфилд нишон медиҳад, ки Ибни Сино ҳанӯз 1000 сол пеш доир ба нуқтаҳои фаъоли биологӣ маълумоти амиқи илмӣ доштааст. Олимони амрикоӣ чанде қабл бо асбобҳои навтарини электронӣ нишон доданд, ки аз 66 нуқтаи фаъол 61-тои он дар ду даст ва қисми болои гардан, сару рӯйи инсон ҷойгиранд. % нуқтаи боқимонда аз нӯги пой то зону мавҷуд мебошанд.
Мо хуб медонем, ки дар замони ҳозира дар бисёр муассисаҳои тиббӣ аз маҳсу сӯзанзанӣ ба таври васеъ истифода мешавад, хусусан, дар тибби чинӣ аз ин усулҳо бештар дида мешавад.
Мувофиқи тадқиқоти Файзуллоҳ Саидов, номзади илмҳои тиб ва табиби осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара, дар натиҷаи таъсир расонидан ба нуқтаҳои фаъоли кафи даст бисёр бемориҳо, ба монанди дарди сар, гулӯ, гурдаву дил, миён, узвҳои ҳозима ва бехобӣ табобат мешаванд. Бисёриҳо хуб медонанд, ки агар инсон бо пойи луч дар рӯи замин, болои алаф ё рег 15-20 дақиқа роҳ гардад, дарди гулӯ ва сараш табобат ёфта, ҳолати равониаш беҳтар мегардад. Яъне ин ҳолат дар натиҷаи ба нуқтаҳои фаъоли пой таъсир расонидани замин рӯй медиҳад.
Дар вақти ба ҷо овардани вузӯ пеш аз намоз ба нуқтаҳои фаъол таъсири обӣ (гидромассаж), ҳароратӣ ва ҷисмонӣ (физикӣ) расонида мешавад. Ҳангоми шустани рӯй бо об ҳолати пӯсти рӯй беҳтар гардида, ба системаи асаб, меъда, рӯдаи ғафс, роҳҳои пешоб таъсири мусбат расонида мешавад. Пӯсти бо об таргашта ҳолати гузаронандагии хуб дорад, мегӯянд олимон.
Шустани дастҳо то оринҷ, ки дар онҳо нуқтаҳои зиёди фаъоли биологӣ ҷойгиранд, ба дил оромӣ бахшида, гардиши хунро зиёд ва кори шушро мӯътадил мегардонад. Шустани пойҳо барои беҳтар шудани фаъолияти устухонҳо, системаи асаб, гардиши хун дар рагҳо, буғумҳо, сутунмӯҳра, узвҳои ҳозима ва ғадудҳои сипаршакл мусоидат менамояд.
Қисми зиёди нуқтаҳои фаъоли биологӣ дар нармии гӯши инсон ҷойгиранд. Дар гӯшҳо 22 нуқтаи таъсиррасонист, ки бо ёрии онҳо метавонем фишори рагҳои хунгардро паст, дарди дандон ва гулӯро кам ва фаъолияти узвҳои даруниро мӯътадил гардонем.

(Идома дорад)

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все