Ҳаракати ақрабаки соат огоҳиест аз талаф ёфтани сонияе аз ҳаёти мо. Сонияҳо ба дақиқа, дақиқаҳо ба соат, соатҳо ба рӯз, рӯзҳо моҳ, моҳҳо ба сол мубаддал мегарданд ва ҳамин тавр даргузар будани умри инсонро нишон медиҳанд.
Баъзан мешавад, ки мо як миқдор маблағи худро гум мекунему бисёр парешонҳол шуда, аз ҳасрати он то чанде ба худ намеоем. Аммо аз гузаштани вақт, ки ба корҳои беҳуда сарф мешавад, кадом хавотирие зоҳир намесозем. Зеро дарк намекунем, ки арзиши вақти рафта хеле гарон аст, ҳатто бо пардохти ҳамаи пулу моли дунё ҳам дигар онро баргардонида наметавонем.

Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммад (с) ба саҳобии гиромиқадри худ, Абӯзари Ғиффорӣ (раз.) чунин насиҳат карданд: «Эй Абӯзар, панҷ чизро пеш аз оне ки аз дастат раҳо меёбанд, ғанимат дон:
- Ҷавониро пеш аз пирӣ,
- Саломатиро пеш беморӣ,
- Боигариро пеш аз нодорӣ,
- Озодиро пеш аз бандӣ шудан
- Зиндагиро пеш аз мурдан!
Эй Абӯзар, кори имрӯзро ба фардо магузор!
Ту бо имрӯзат зиндаӣ, пагоҳ ҳоло аз они ту нест. Агар пагоҳ ҳам дар қайди ҳаёт бошӣ, мисли имрӯз дар наздат вазифаҳое меистанд, ки бояд онҳоро иҷро намоӣ. Агар ту то пагоҳ зинда намонӣ, имрӯз чунин кун, то баъд нагӯӣ, ки чаро ҳамон рӯз чунин корро накардам?
Эй Абӯзар!
Бисёр одамон шабро интизор буданд, аммо ба шаб нарасиданд, бисёриҳои дигар субҳро интизор буданд, аммо ба он нарасиданд».
Аз ин ҳадиси шариф маълум мешавад, ки вақт яке аз ғаниматҳоест, ки Офаридгор ба мо арзонӣ доштааст. Одами боимон ҳамеша арзиши вақтро қадр менамояд, зеро дастоварди ҳар як амал ба иҷрои саривақтии он вобастааст. Коре, ки саривақт иҷро намешавад, беқадр мегардад. Чуноне ҳаким Фирдавсӣ мефармояд:
Аз имрӯз коре ба фардо намон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон?
Мо набояд фаромӯш намоем, ки зиндагӣ ва ҳаёти мо барои имтиҳон муқаррар шудааст. Пагоҳ барои ҳар сонияе, ки беҳуда масраф мекунем, ҷавоб хоҳем дод. Дар он вақт аз мо касону чизҳое шикоят мекунанд, ки бо амали худ ба ҳар кадоме хисорот ворид кардаем. Гувоҳ ҳам доранд, ҳар узве аз бадани мо гувоҳи ҳол мегарданд, аз ҷумла, дастҳо мегӯянд: мо чунин гуноҳҳоро анҷом додем, забон хабар медиҳад: ҳамон дар он вақт маро маҷбур кард, ки чунину чунон бигӯям», пойҳо иқрор мешаванд, ки аз паи чунин корҳои баде рафтем ва дигару дигар.
Барои ҳамин, пеш аз фаро расидани он лаҳзаи ҷавоб, барои иҷрои амалҳои солеҳ шитоб намоем. Чуноне Худованд дар ояти 148 – и сураи «Бақара» мефармояд: «…ва дар иҷрои (амалҳои) солеҳ бо ҳамдигар сабқат намоед».
Инчунин дар ҳадисе, ки ҳазрати Абуҳурайра (раз) ривоят кардаанд, мехонем, ҳазрати Пайғамбар (с) чунин фармуданд: «Дар иҷрои амалҳои солеҳ шитоб намоед, зеро албатта (вақти) имтиҳон (ба монанди беморӣ ва пирӣ) ба мисли қисмҳои шаби тор фаро мерасад, вақте одам пагоҳӣ боимону бегоҳӣ беимон мешавад ва баръакс, бегоҳӣ боимону пагоҳӣ беимон, пас имонашро ба арзиши дунё фурӯхтааст», (ривояти Муслим).
Зиндагии дунё барои ҳеҷ касе абадӣ дода намешавад, ҳама чашандаи марганд. Ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ:

Басо шоҳони бодавлат, ки дидем,
Ба ғайр аз он ки дар дафтар шунидем,
Ҳама дар хок рафтанду ғунуданд,
Ту гӯӣ, дар ҷаҳон ҳаргиз набуданд.

Пас кушиш намоем, то фаро расидани лаҳзаи чашидани марг, ҳарчи бештар амали солеҳ анҷом бидиҳем.

Бобои Шарофиддин

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все