Вақт ба монанди дигар арзишҳо барои худ хусусиятҳо ва имтиёзҳои хос дорад, махсусан дар таълимоти дини Ислом аз мақоми хеле олӣ бархӯрдор мебошад.

Аллоҳ таоло инсонро офарид, ба вай иҷрои таклифот ва масъулиятҳо зиёдеро супорид, аз ӯ дархост намуд, то ин вазифаҳоро иҷро намояд, барояш он қадар неъмати зиёд бахшид, ки ҳатто ҳисоб карданаш имконпазир нест. Яке аз ин неъматҳо ин вақт мебошад, то ин ки инсон масъулиятҳо ва вазифаҳои худро бо истифода аз вақт анҷом диҳад.

Худованд фармудааст: “Аллоҳ таоло шабу рӯзро дигаргун месозад ва онҳоро паси ҳам меорад. Дар ҳақиқат дар ин бора барои шахсони соҳибхирад ибрати бузур аст.” (Сураи Нур, 44) Ояи дигар: “Ва ӯ зотест, ки шабу рӯзро паси ҳам меорад, барои он касе, ки мехоҳад панд бигирад ва ё сипосгузорӣ намояд.” (Сураи Фурқон, 62)

Вақт ба монанди силоҳи дулаба мебошад. Агар аз он дуруст истифода бибарӣ, фоида мерасонад ва дар акси ҳолат зараровар мебошад. Ҳар касе аз вақт хуб истифода бурд, онро бо корҳои муфид пур кард, ҳатман барояш боиси баракат мегардад, вале дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ба арзиши вақт ва онро бо корҳои нолозимиву маъсият пур кардан, бешак боиси азобу итоби илоҳӣ мегардад.

Аллоҳ таоло дар китоби малакутии худ ба мо аз ҳарду гурӯҳ ҳам нақл кардааст.
Гурӯҳи якум, ки аз вақтҳои худ ба хубӣ истифода бурда ва онро ғанимат медонистанд: “Ва баъзе (аз аҳли ҷаннат) ба сӯйи баъзеи дигар баргашта аз ҳам мепурсанд. Мо (дар дунё) миёни аҳли байти худ (аз аҳволи қиёмат) хавф доштем. Пас Аллоҳ таоло ба мо миннат ниҳод ва моро аз оташи дӯзах наҷот дод. Мо пеш аз (дар дунё) ӯро мехондем. Дар ҳақиқат ӯ (таоло) ниҳоят нек ва эҳсонкунанда аст.” (Сураи Тур, 25-28)

Гурӯҳи дуюме, ки аз вақтҳои худ ба хубӣ истифода набурданд ва оқибат ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ гаштанд: “Ва касоне, ки куфр варзидаанд онҳорост оташи дӯзах, ки на ҳукм карда мешавад, то бимиранд ва на аз онҳо азоби илоҳӣ кам карда мешавад. Мо ҳар бандаи аз ҳад зиёд носипосро ҳамин тавр ҷазо медиҳем. Ва онҳо (аҳли дӯзах) дар онҷо (дӯзах) фарёд мезананд, ки бор илоҳо, моро (аз ин азоб) берун намо, амали нек бикунем ва дигар амалҳои қаблии худро такрор накунем. (Мо дар ҷавобашон мегӯем) Оё мо бароятон он қадар мӯҳлате надода будем, ки шахси пандпазир метавонад панд бигирад?! Ва ба шумо бимдиҳанда омада буд. Пас бичашед, зеро (дар ин рӯз) барои золимон дастгире нест.” (Сураи Фотир, 36, 37)

Умри инсон маҳдуд аст ва ниҳояти онро танҳо Аллоҳ таоло медонад. Зеро умр аз як масоҳати замоние иборат аст, ки бо ба дунё оғоз мегардад ва бо вафот ба охир мерасад ва ниҳояти онро касе ба ҷуз Худованд намедонад. Худованд дар Каломаш гуфтааст: “Қиёмат омаданӣ аст ва иродаи ман ба он рафтааст, ки вақти омаданашро пинҳон бидорам, то ба ҳар кас дар муқобили амали анҷомдодааш ҷазо дода шавад.” (Сураи Тоҳо, 15)

Вақт ниҳоят зудгузар аст ва ҳаргиз ба ақиб барнамегардад, зеро он аз ҳаракати фалакҳо иборат мебошад, фалакҳо доим дар ҳолати ҳаракат ҳастанд ва вақт ҳам бо гардиши онҳо мегузарад. Ва агар тамоми вақт ё қисмате аз он биравад, ҳеҷ гоҳ барнамегардад. Аз ин сабаб Ҳасани Басрӣ (р) гуфтаанд: “Эй писари Одам, ту аз чанд рӯз иборат ҳастӣ. Ҳар рӯзе, ки аз ҳаётат сипарӣ мегардад, қисмате аз ту ҳам сипарӣ мешавад.”

Инчунин аз Ибни Аббос (р) омада аст: “Ҳар рӯзе, ки офтоб медурахшад, дар маъно гӯиё ба мардум мегӯяд, ки ҳар касе кори хайре карда метавонад, ҳатман иҷро бикунад, зеро ман дигар ҳаргиз барнамегардам.”

Баъзеҳо мегӯянд, вақт ба тилло баробар аст. Албатта, ин сухан дуруст аст, вале танҳо барои касоне, ки ба дунё бо чашми моддӣ нигоҳ мекунанд. Аммо он касоне, ки дар дунё нигоҳи болотар доранд, онҳо вақтро бо ҳаёт баробар медонанд. Эй инсон, оё ҳаёти ту дар ин дунё ғайр аз вақтат чизи дигар аст?! Вақте тиллову нуқраро аз даст бидиҳӣ, ҳатман рӯзе мешавад, ки дар ивазаш даҳҳо баробар тилло ба даст орӣ, вале агар вақтат аз дастат биравад, ҳаргиз ивази онро пайдо карда наметавонӣ. Маълум мешавад, ки вақт аз тиллову нуқра ва ҳама гуна ҷавоҳирот қиммати бештар дорад, чунки он ҳаёти ту аст.

Мақоми вақт дар Ислом
Вақт дар омӯзишҳои дини Ислом аз мақоми хеле баланде бархӯрдор мебошад. Ҳамин аст, ки Аллоҳ таоло дар чандин ояҳои Каломи покаш бо шаб, рӯз, субҳ, рӯшноӣ, чошт ва аср қасам ёд кардааст, ки ин худ далолат ба ҷойгоҳи олӣ доштани вақт дар Ислом мекунад.

Барои намуна: “Қасам ба шаб, чун ҳамаро фаро бигирад ва қасам ба рӯз, чун таҷаллӣ намояд.” (Сураи Лайл, 1-2) “Қасам ба шаб, чун биравад ва қасам ба рӯз, чун равшан бишавад.” (Сураи Муддассир, 33-34) “Қасам ба субҳдам ва қасам ба даҳ шаб.” (Сураи Фаҷр, 1-2)

Паёмбар (с) дар ҳадисҳои худ ишора кардаанд, ки аз вақт бисёр кам нафарон истифода мебаранд ва шахсони зиёд дар истифода он фиребхӯрда ҳастанд. Ибни Аббос (р) аз Паёмбар (с) ривоят кардааст: “Ду неъмате ҳаст, ки бештари мардум дар он фиреб хӯрдаанд: тандурустӣ ва вақти холӣ.” (Ривояти Бухорӣ)

Ибни Ҷавзӣ (р) дар шарҳи ҳадиси боло гуфтааст: “Маънои ҳадис ин аст, ки гоҳо шахсе тандуруст аст, аммо вақти холӣ надорад ва машғул аст ва гоҳо шахсе вақти холӣ зиёд дорад, аммо бемор аст. Агар ин ду неъмат-саломатӣ ва вақти холӣ-барои касе бо ҳам ҷамъ гардад ва онро ба хубӣ истифода набарад, пас вай бешак аз ҷумлаи фиребхӯрдагон мебошад. Зеро дунё дар муқойиса ба охират ҳукми киштзорро дорад ва ҳарчи инҷо мекорем, онҷо медаравем. Ҳар касе фароғат ва саломатии худро дар тоат ва роҳи Худованд сарф намояд, дар ҳақиқат шахси босаодат мебошад, аммо агар шахсе ин ду неъматро дар роҳи маъсият сарф намояд, бе шубҳа аз ҷумлаи зиёндидагон ва фиребхӯрдагон ба ҳисоб меравад. Чунки ҳатман баъд аз фароғат машғулият ва баъди тандурустӣ беморӣ меояд ва агар танҳо ҳамин пиронсолӣ мебуд, барои шахси оқил басанда буд.”

Ислом натиҷаи ибодат ва амали солеҳро бо вақт алоқаманд сохтааст. Дар ин бобат Паёмбар (с) мегӯянд: “Қадами банда рӯзи қиёмат аз ҷо беҷо намешавад, магар ин ки аз вай пурсида мешавад, ки умрашро дар куҷо сипарӣ кардааст...” (Ривояти Тирмизӣ аз Абӯбарзаи Асламӣ)

Илова ба ин ривоёт дини Ислом пайравони худро барои ғанимат донистани истифода аз ҳар неъмат, ки мабодо аз даст биравад, даъват намудааст.

Паёмбар (с) мегӯянд: “Панҷ чизро қабл аз панҷ чизи дигар ғанимат бидон: ҷавониро пеш аз пирӣ, тандурустиро пеш аз беморӣ, тавонгариро пеш аз фақирӣ, вақти холиро пеш аз машғулият ва ҳаётро пеш аз машғулият.” (Ривояти Ҳоким аз Ибни Аббос (р))

Усули беҳтарин барои истифодаи вақт

Барои ба хубӣ аз вақт истифода бурданат бояд қадамҳо ва нуктаҳои зеринро ба инобат бигирӣ:

Якум. Ҳолати ҳозираи худро таҳлил бикун, ки оё аз вақти худ дуруст истифода мебарӣ ё не. Ин бароят дар нақшакашӣ ва истифодаи фурсат кӯмак мерасонад, то бубинӣ, ки дар кадом қисмат нуқсон дорӣ;

Дуюм. Муайян намудани қуллаи баландтарини завқу ҳаваси худ.

Завқу ҳаваси мо дар як шабонарӯз яксон нест, балки гоҳо хеле чолок ҳастем ва гоҳо аз худ танбалӣ ва хастагӣ эҳсос мекунем. Барои ҳамин бояд аз ҳама соати асосие, ки ҳавасат хеле дар он хеле боло меравад, муайян намоӣ. Ин амал барои он зарур аст, ки ту корҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи худро ана дар ҳамин соатҳо мегузорӣ, то ин ки онҳоро хуб иҷро бикунӣ.

Якум. Аз тариқи муайян намудани ҳадафҳо, услубҳо ва равишҳои расидан ба он ба нақша даровардани вақт. Ин нақшаи ту метавонад як руза, ҳафтаина, моҳона, солона бошад. Коре бикун, ки ин нақша ҳамеша бароят дастрас бошад, монеаҳо ва ҳолатҳои истисноиро ба назар бигир, бартариятро дар корҳоят бояд ба эътибор бигирӣ, ки кадом корат аввал иҷро шавад;

Дуюм. Ба тартиб даровардани макони қориат, ки нуктаҳои зеринро дар бар мегирад:

А- Ҳар чизро дар ҷойи худ бигузор;
Б- Болои мизи кориат танҳо он ашёеро бимон, ки ба он ҳоҷат дорӣ ё ҳамон рӯз онро истифода мебарӣ;
В- Кӯшиш кун, болои мизи кориат ҳамеша равшан бошад;
Г- Китобхонаатро тибқи мавзӯъҳо ба тартиб бидарор, агар китобхона дошта бошӣ;
Ғ- Ҳар асбоби кориат бояд ҷойи худро дошта бошад.

Якум. Аз ҳама асосӣ бояд ин нақшаи кашидаат фавран амалӣ бишавад ва имрӯзу фардо накун. Зеро ҳазрати Умар (р) мегӯяд: “Ба таъхир нагузоштани кори имрӯз ба фардо нишонаи нерӯмандӣ мебошад.” 

Дуюм. Назорати доимӣ баъд аз ба нақша даровардани корҳо, ки оё иҷро шуда истодааст ё не. Чанд фисади он иҷро гашт ва чанд фисади он иҷро нагашт ва чаро иҷро нагашт?! Бояд муолиҷа шавад.

Намунае аз ҳаёти Ибни Ҷавзӣ (р)
Имом Ибни Ҷавзӣ (вафот соли 597 ҳ) мегӯяд: “Бисёр мардумеро дидаам, ки ҳамеша аз паси ман мегаштанд, ҳамон тавре мардум ба зиёратҳои беҳадаф одат кардаанд. Онҳо ин рафту омади худро “хидмат” мегуфтанд. Аз ман дархост мекарданд, то ин ки бо онҳо бинишинам ва баъд аз нишастан ба суханони нолозимӣ, ғайбати мардум шурӯъ мекарданд. Албатта, ин амале аст, ки бисёре аз мардум дар замони мо ба он гирифторанд ва гоҳо худи зиёратшаванда ҳам инро дӯст медорад. Гоҳо инсон эҳсоси хастагӣ мекунад ва мехоҳад бо касе ҳамсӯҳбат бишавад, то каме ҳам бошад ғамаш барояд. Вале баъзан ин сӯҳбатҳо ба зоеъ кардани вақт табдил меёбад.

Ман ба худ андешидам, ки охир, вақт барои ман боарзиштарин неъмат аст ва ин дӯстонам бо зиёратҳои ноҷои худ вақти маро мегиранд. Чӣ бояд кард? Миёни ду мушкилӣ қарор гирифтам: агар онҳоро аз пешам биравед бигӯям, нороҳат мешаванд ва аз ман нафрат мекунанд ва агар чизе нагӯям, соатҳо нишаста вақтамро мегиранд. Пас коре кардам, ки то ҳадди имкон зиёрати онҳо  ва сӯҳбат бо дӯстонамро кӯтоҳ бикунам. Инчунин баъзе аз корҳои худро дар вақти омадани онҳо гузоштам, ки ҳам корамро иҷро бикунам ва ҳам бо онҳо сӯҳбат бикунам. Аз ҷумла корҳое, ки дар вақти зиёрати онҳо гузоштам: пора кардани коғазҳои нолозимӣ, тез кардани қалам, ба тартиб даровардани дафтару китоб. Инҳо корҳое ҳастанд, ки барои иҷро карданаш шарт нест, ки холӣ бошӣ, балки мешавад ҳам бо касе сӯбат сурат гирад ва ҳам ин корҳо иҷро гарданд, то вақт зоеъ нагардад.”
Мутарҷим: Абдуллоҳ Оқилзода

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все