“Вақте ки фиристодагони Мо ба назди Лут омаданд, ӯ аз омадани эшон нороҳат ва дилтанг шуд ва дар кори онҳо фурӯ монд. Ва (фариштагон) гуфтанд: “Матарс ва ғамгин мабош, ки албатта мо ту ва хонадонатро наҷот медиҳем, ба ҷуз ҳамсарат, ки аз боқимондагон хоҳад шуд. Мо бар аҳли ин шаҳр ба кайфари фисқашон, азобе аз осмон фурӯ хоҳем фиристод”. (Сураи Анкабут, ояҳои 33-34). Фариштагон баъд аз суҳбат бо ҳазрати Иброҳим (а) ба сӯйи сарзамине, ки ҳазрати Лут (а) дар он ҷо сукунат дошт, рафтанд.

Онҳо ба назди Лут (а), ки дар киштзори хеш машғули кор буд, ба сурати ҷавонони зеборӯ бо либосҳои шинам омаданд ва аз ӯ дархост намуданд, то онҳоро ба меҳмонӣ бипазирад. Лут (а) дар ҳолати ногувор афтод ва ғаму андуҳ вуҷудашро фаро гирифт. Аз як сӯ ҳисси меҳмондӯстӣ қалби ӯро ҷиҳати пазироии меҳмонон ташвиқ мекард ва намегузошт, ки ононро рад кунад, аз тарафи дигар меҳмононе ба ин чеҳраҳои дилкаш ва латофату зебоӣ ва он ҳам дар шаҳре, ки аҳли он гирифтори бемории ҳамҷинсгароӣ буданд. Дар воқеъ қудуми ин гуна меҳмонон ба маконе, ки бошандагонаш фосиқу олудадомананд, барои Лут дарди сар эҷод мекард ва ӯ яқин медонист, ки мардум ба меҳмонон қасди бад хоҳанд кард. Зеро меҳмононро ба сурати инсон дида, дар гӯшаи хаёлаш ҳам нагузашт, ки эшон фариштаанд.

Бинобар ин, дар мавриди тадбири кори онҳо дармонда, зери фишори рӯҳии шадид қарор гирифт ва аз ояндаи ногуворе ба ваҳшат афтод ва бо худ гуфт: “Имрӯз рӯзи сахте аст”. (Сураи Ҳуд, ояти 77)

Дар ояҳои мавриди баҳс моҷарои омадани меҳмонон ба назди Лут (а) ва ҳаводиси мобаъди он ба таври мухтасар ишора мешавад, вале дар ҷойҳои дигари Қуръон ин мавзӯъ тасвири бештар ёфтааст, ки дар сурати пайванд додани ояҳое, ки дар ин мавзӯъ омадааст, мавзӯъ пурра ва равшан мешавад.
Ҳамин тавр ҳисси хайрхоҳии Лут (а) ба ӯ иҷоза надод, ки онҳоро ба ҳоли худашон дар ин вазъияти даҳшатбор раҳо кунад ва аз пайи кори хеш шавад. Охируламр меҳмононро ба хотири таъмини амнияташон аз роҳи пинҳонӣ ба хонааш овард.
Вале ба кӯмаки хоинонаи ҳамсараш гурӯҳе аз мардуми бадкор аз омадани меҳмонони хушсурати Лут хабар ёфта, дар ҳолате ки дар оташи шаҳвати палид месӯхтанд, бо мақсади азияти меҳмонон ба хонаи ӯ ҳуҷум оварданд ва аз ӯ қотеона талаб намуданд, ки меҳмононро дар ихтиёри онҳо гузорад. Ҳазрати Лут (а) неруе надошт, ки аз меҳмонон дифоъ кунад ва дар назди онон хиҷолат накашад ва обрӯяш наравад.
Бинобар ин, ба хотири пеши роҳи шармандагиро гирифтан он хирасаронро зорию таваллои зиёд кард, ки аз қасдашон баргарданд ва ӯро дар ҳузури меҳмонон шармсор накунанд. Барои ӯ то ҷое душвор омад, ки пешниҳод кард, то аз роҳи ҳалол ва тибқи муқаррароти шариаташ духтаронашро ба занӣ бигиранд, вале меҳмонони ӯро озор надиҳанд.
Ин манзара дар ояҳои 7880 сураи Ҳуд равшану возеҳ тасвир шудааст: “Ва қавми Лут шитобон (ба қасди азияти меҳмонон) ба сӯйи ӯ ҳуҷум оварданд, (қавме,) ки пеш аз он ҳам амалҳои зишт анҷом медоданд. (Лут) Гуфт: “Эй қавми ман, инҳо духтарони мананд, (ман таёрам онҳоро ба ақди никоҳи шумо дарорам)онон барои шумо покизатаранд, аз Худо битарсед ва маро назди меҳмононам беобурӯ накунед. Оё дар миёни шумо як марди оқилу шоиста вуҷуд надорад?” Гуфтанд: “Ту хуб медонӣ, ки моро ба духтарони ту ҳоҷате нест ва ту албатта медонӣ, ки мо чи мехоҳем”.(Лут) гуфт: “Эй кош дар баробари шумо қудрате медоштам, ё ба такягоҳи устуворе паноҳ мебурдам”.
Вақте фариштагон дилтангӣ ва нороҳатию нигаронии беандоза ва зери фишори рӯҳӣ қарор гирифтани Лутро мушоҳида карданд, ӯро тасаллӣ доданд ва ба хотири мутмаин ва ором кардани ӯ рози худро ошкор сохта, гуфтанд, барои мо аз қавмат нигарон нашав ва ғамгин ҳам мабош, аз дасти инҳо коре барнамеояд.
Инчунин ба хотири ошкор сохтани барномаи маъмурияти худ дар мавриди тақдири ин гурӯҳи олуда ба расвоӣ, фармуданд: “Матарс ва ғамгин мабош, ки албатта мо ту ва хонадонатро наҷот медиҳем, ба ҷуз ҳамсарат, ки аз боқимондагон хоҳад шуд. Мо бар аҳли ин шаҳр ба кайфари фисқашон азобе аз осмон фурӯ хоҳем фиристод”. Ва бо ҳамин соҳибхонаро аз нигаронӣ берун оварданд ва ба ӯ дастур доданд, ки бо аҳли хонадон ва пайравонаш аз шаҳр берун равад.
Дар ниҳоят қавми бадкор бо зӯр ба хонае, ки меҳмонон дар он ҷо қарор доштанд, ворид шуданд. Ҳазрати Ҷибриил (а), ки дар миёни онҳо ҳузур дошт, бо ангушти хеш ба сӯйи онҳо ишора кард, дар натиҷа чашмони бадкорон аз косахонаи сарашон берун рехт ва чашмонашон мисли рӯйҳояшон гашт ва пеши рӯяшон дунё тира шуд, чунончи ояи 37 сураи Қамар хабар медиҳад: “Ва чашмонашонро кӯр кардем”.
Чигунагии азоби қавми Лут дар ояти 82 сураи Ҳуд чунин баён шудааст: “Вақте фармони Мо омад, он (шаҳрро) зеру забар кардем ва бар он сангҳое аз сангу гили (барои азоб дар оташ пухташуда) борондем”.
Ба гумони ғолиб зеру рӯ шудани шаҳри Садум, ин як падидае монанд ба падидаи вулқонӣ буд, ки бо фармони Худованд шаҳрро тагу рӯ кард ва ба коми худ фурӯ бурд ва тундбоде шадид бархоста сангрезаҳои беҳисоберо бар болои он шаҳри харобшуда боронид.
Худованд дар идома мефармояд:“Аз он шаҳри (вайроншуда) барои мардуме, ки андеша мекунанд, нишонаи равшане боқӣ гузоштем”. Шаҳри Садум дар сари роҳи корвонҳои тиҷоратии мушрикони Қурайш қарор дошт, ки ҳар боре аз он ҷо мегузаштанд, онро мушоҳида мекарданд.
Бинобар ин, Худованд аҳли Маккаро, ки бо Паёмбари акрам (с) дар мухолафат буданд, тазаккур медиҳад. Чунончи дар ояти 76 сураи Ҳиҷр низ мефармояд: “Ва ин (осор) бар сари роҳе барқарор аст”.
Он аломат ҳамон осор ва харобаҳое аст, ки баъди фуруд омадани азоб аз шаҳр боқӣ монд. Ҳамчунин дар ояҳои 137 38 сураи Соффот омадааст: “Албатта шумо бар (осори) онон субҳгоҳон ва шомгоҳон мегузаред, оё намеандешед?”
Аз мушоҳидаи ин нишонаҳо танҳо хирадмандон ва ашхоси бобасират дар мавриди он тааммул ва андеша мекунанд ва ибрат мегиранд.
Аз ин оёт метавон чунин натиҷа гирифт:Намунаи комили ахлоқи неки инсонӣ ва улгӯи олии башардӯстӣ ва гуманизмро дар сиришти паёмбарони илоҳӣ ва пайравони воқеии онҳо, ки бархоста аз ботини поки эшон аст, метавон мушоҳида кард, ки дар симои Лут (а) таҷассум ёфтааст.
Ҳар қавму миллатеро, ки бо зулму ситам ва аъмоли зишти хеш саҳифаҳои зиндагияшро олуда ва сиёҳ мекунад, дар дунё сарнавишти ҳалокатборе чун боридани сангреза, заминларзаи шадид, тӯфону амвоҷи тунди обҳо, бемориҳои табобатнашаванда, бомбаҳои химиявию атомӣ ва монанди инҳо интизор аст. 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все