Чаро? Зеро ҳатман ба хулосае меойӣ, ки ҳатман дар ҳаёти ту тағйироте пайдо мешавад, новобаста аз ин ки он тағйирот дар кору фаъолити ту аст, ки тоқати ҷудо шуданро надорӣ! Ё дар алоқаи заношавҳарии баде аст, ки худро бадбахт меҳисобӣ! Ё дар вазни аз ҳад зиёд аст, ки тоқати бардоштани онро надорӣ! Ё дар алоқаи бади дӯстие аст, ки ту дар он танҳо зоеъ гаштанро мебинӣ! Ё дар одатҳои ниҳоят бад аст, монанди муътод будан ба тамоми навъҳояш, сигоркашӣ, шаробнӯшӣ, истеъмоли маводи мухаддир, муҳаббати аз ҳад зиёд ба мол, ишқу ошиқӣ, алоқаҳои ғайри шаръӣ, аз ҳад зиёд тамошои телевизион, ғайбат, суханчинӣ, аз ҳад зиёд асабӣ гардидан ва ғайри ин дигар дигар ахлоқи баде, ки бо ту дар зиндагӣ як муддати тӯлонӣ якҷо буд, ҳатто эҳсос мекунӣ, ки он ҳамчун пораи баданат гашта, ба ҳолате гирифторат карда аст, ки дар бораи дарду ранҷи ба сарат оварда, ё зиёни молии ба ту воридгашта, ҳатто фикр ҳам намекунӣ.
Баъд аз ҳодисаҳои ба сарат омада дарк мекунӣ, ки бояд дар зиндагии ту тағйирот ба вуҷуд ояд. Бо ҳамин бедорӣ аз хоби гароне, ки ғарқи он будӣ, ба вуҷуд меояд. Аз ин ба баъд дар бораи роҳи беруншавӣ аз ин мушкилот фикр мекунӣ, худатро дар майдони фаъолият мегузорӣ, ба он пойбанд мешавӣ ва сарфи назар аз ҳаҷми мушкилот ва омилҳои таъсиррасон дар кори худ пофишорӣ мекунӣ ва аз худ устуворӣ нишон медиҳӣ. Танҳо дар ҳамин ҳолат фаъолияти ҳақиқии ту оғоз мегардад, ки дар он тамоми қудрати беинтиҳои худододаро истифода мебарӣ, нерӯи зеҳниат, ақлат, маълумотат, хондаҳоят ва ҳама таҷрибаҳои худро дар ҳаёт истифода менамоӣ. Ман маҳз ҳамин ҳолатро амали ҳақиқӣ меномам, ки дар воқеъ оғоз мегардад. Вақте оғоз мешавад, ки худро бо қуввае дар майдони мубориза эҳсос мекунӣ, эҳсос мекунӣ, ки он нерӯ туро ба ҳар ҷое мехоҳад, мебарад ва дар ҳамин ҳолат ҳис менамоӣ, ки зоеъ шуда истодаӣ ва бадбахт ҳастӣ. Пас аз хоб бедор мешавӣ, ғубори дар атрофат бударо пок месозӣ ва барои баромадан аз ин варта роҳи ҳал меҷӯйӣ. Маҳз дар ҳамин ҳолат тафаккури мусбат ва фаъолияти мусбатат шурӯъ мегардад, акнун кору фаъолияти ҳақиқӣ оғоз меёбад.
Вақте эҳсос мекунӣ, ки дар нимароҳ мондаӣ ва куҷо рафтанатро намедонӣ, пас ба Аллоҳ таоло таваккул намо, ба таври мусбат андеша кун, аз тамоми асбоб ва имконот истифода бибар ва ҳама қудратҳо ва сарчашмаҳоро ба кор андоз. Акнун сафари ту дар зиндагӣ оғоз ёфта аст! Сафари ҳикмат, сафари комёбӣ, сафари хушбахтӣ.
Акнун бигузор, аз ту бипурсам: ё ту дар ҳақиқат мехоҳӣ, ки дар зиндагиат тағйирот ба вуҷуд ояд, то ҳамон хушбахтиеро, ки дар талабаш ҳастӣ, эҳсос намоӣ?
Оё ту омода ҳастӣ бо воқеияте, ки бо он зиндагӣ карда истодаӣ ва ҳаргиз онро мунтазир набудӣ, мубориза барӣ?
Оё омода ҳастӣ, ки масъулиятро ба таври комил ба ӯҳда гирӣ ва ба фаъолият оғоз карда, сарфи назар аз омилҳои таъсиррасон дар он амал пофишорӣ намоӣ?
Оё ту дар зиндагӣ барои оғози нав омода ҳастӣ?
Ин тавр бошад, вақташ фаро расида аст! Оё ҳамин тавр нест?! Зеро ҳамин лаҳзае, ки дар ихтиёр дорӣ, ниҳоят гарон аст ва шояд охирин лаҳзаҳои ҳаётат бошад. Ончи ҳозир иҷро мекунӣ, ниҳоят муҳим аст, пас набояд ин лаҳзаи пурарзишро дар андешаи манфӣ, эҳсосоти манфӣ, бемориҳои равонӣ ва ҷисмӣ ва ранҷи дарунӣ сипарӣ намоӣ!!! Барои ин ки ҳадафҳоят таҳаққуқ пайдо кунад, ба орзӯҳоят бирасӣ, ҳаёти ширини муътадил ва хушбахтонаро паси сар намоӣ, бо амнияти дарунӣ, оромии равонӣ ва хотирҷамъӣ зинадгӣ ба сар барӣ, пас вақташ фаро расида аст. Бояд барои расидан ба орзӯҳо ва таҳаққуқ ётани ҳадафҳоят аз худ кӯшиш ва фаъолияти ҷиддӣ нишон бидиҳӣ.
Аз худи ҳозир шурӯъ намо, ба Аллоҳ таоло таваккул бикун ва яқин дониста бош, ки Худованд подоши шахси некӯкорро зоеъ намегардонад! Аллоҳ таоло мегӯяд: “Пас чун (ба коре) азм кардӣ, пас ба Аллоҳ таоло таваккул намо!”

Шоир Халил Ҷуброн гуфта аст:
Азм бикун ва заҳмат бикаш, пас агар роҳатро идома додӣ, дигар таваққуф накун,
Сабр кун ва бо мушкилот мубориза бибар, зеро дар чунин ҳолат ҳатман комёбӣ таҳаққуқ меёбад.
Муваффақ касе нест, ки орзӯҳо аз вай итоат кунанд,
Балки муваффақи ҳақиқӣ касе аст, ки ба вай устуворӣ рӯзӣ бишавад!
Дониста бош! Ҳатман дар зиндагӣ вақтҳои душвореро паси сар менамоӣ, ки чӣ фикр кардан, чӣ кор кардан ва ба кадом роҳ рафтанатро намедонӣ, вале беқарор ва ноором нашав, балки баръакс аз он истифода бибар, то ин ки амали ҳақиқии ту оғоз гардад, қудратҳои ҳақиқии худатро бишиносӣ, имконот ва сарчашмаҳои шахсиатро ба кор бибарӣ, нерӯи ботинии хуфтаатро бедор созӣ, ҳадафҳоеро таҳқиқ намоӣ, ки аслан таҳаққуқ ёфтани он интизор намерафт ва то билохира бо кӯмаки илоҳӣ, он ҳаётеро, ки барояш халқ шудаӣ, паси сар бикунӣ.

Аз ин сабаб... “Тавре зиндагӣ бикун, ки гӯиё ин лаҳзаҳо охирин лаҳзаҳои ҳаёти ту аст! Бо муҳаббати комил ба Худованд зиндагӣ бикун!

Бо ороста намудани худ ба ахлоқи Паёмбарон (с), саҳобагон, дӯстони Худо зиндагӣ бикун! Бо маърифат ва мубориза бизӣ, бо фаъолият ва пойбандӣ ба шариат бизӣ, бо сабру шикебоӣ ва муҳаббат бизӣ ва ҳар сонияи ҳаётатро қадрдонӣ бикун!!!”

Аз китоби “Ҳаётатро дар сӣ рӯз тағйир бидеҳ”-и шодравон доктор Иброҳими Фиққӣ

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все