“Вақте дар зиндагӣ ба ҳолате гирифтор мегардӣ, ки намедонӣ чӣ кор мекунӣ, дониста бош, фаъолияти ҳақиқии ту нав оғоз гашта аст. Ва ҳар вақте намедонӣ, ки дар кадом роҳ қадам гузошта истодаӣ, фаромӯш масоз, ки сафари ҳақиқиат дар ҳаёт акнун шурӯъ шуда аст.”
Оё дар зиндагӣ бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гаштаӣ, ки чӣ кор карданатро намедонӣ?
Оё ба чунин ҳолат гирифтор шудаӣ, ки дар кадом як масъалаи пешомада чӣ қарор гирифтанатро намедонӣ?
Оё боре эҳсос кардаӣ, ки тамоми дарҳо ба рӯят баста аст?
Оё боре дар зиндагӣ эҳсос кардаӣ, ки дар пеши рӯят чандин роҳҳо истода аст, вале ту ҳайрон мондаӣ ва бо кадом роҳ рафтанатро намедонӣ?

Аҳмад ном ҷавони миёнасоле дар яке аз калонтарин ширкатҳои дорусозӣ кор мекард ва чунин эътиқод дошт, ки вай ҳамеша дар ин корхона дар амон буда, мудирон ва масъулоне, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, аз будани Аҳмад дар саффи онҳо хеле хушбахт ҳастанд. Аммо ногаҳон ҳодисаи ғайри чашмдошт рух дод!
Рӯзе мудири корхона Аҳмадро ба назди худ даъват кард ва ба вай гуфт, ки аз ин ба баъд ӯро дар корхона нигоҳ доштан наметавонад ва бо сабабҳои беруна, ки аз доираи иродаи мудир берун аст, бояд бо ҷойи кораш худоҳофизӣ бикунад. Аҳмад ҳайрон монд ва намедонист, ки чӣ ҳодиса рух дода истода аст ва чаро чунин шуд?! Вай ба худ фикр мекард, ки охир, фаъолияти корхонаро ба таври аҳсант иҷро мекард, пас чаро чунин шуд?! Ба ин нигоҳ накарда Аҳмад нисбати ин қарор ва тасмими мудир чизе нагуфт, балки аз вай барои чандин сол якҷо кор кардан изҳори сипосгузорӣ намуда, аз корхона берун шуд. Аҳмад ба хонаашон, ки тақрибан бист километр аз корхона дуртар буд, пиёда омад ва аз шиддати ғам ин пиёдагардиро эҳсос ҳам накард. Дар назди даромадгоҳ модараш мисли ҳарвақта бо лабони пур аз табассум писарашро истиқбол гирифт ва аз фаъолияташ дар корхона пурсон шуд, вале Аҳмад чизе ҷавоб надода, ба утоқи хобаш рафт ва дарро аз пушти худ қуфл кард. Агарчи модараш қасди даромадан кард, вале Аҳмад танҳо будан мехост. Баъд аз гузашти се соат Аҳмад аз утоқаш баромад ва ба сари дастархон омад, то бо аҳли оила таом тановул намояд. Падараш аз вай сабаби чунин рафтор карданашро пурсон шуд. Аҳмад дар ҷавоб гуфт: “Падарҷон, намедонам, ки бо ман чӣ мегузарад? Чаро чунин ҳодиса рух дод? Намедонам чигуна фикр кунам ва чӣ кор кунам?”
Ҷавони дигаре бо номи Хумайис барои хостгории духтари амакаш иқдом намуд. Оилаи духтар ба издивоҷи онҳо ризоият доданд, вале ба шарти ин ки Хумайис хонаи муносиб бо палоси муносиб барои духтарашон омода кунад. Хумайис ба ин шарти онҳо розӣ гашт ва бо ҳамин онҳоро ба ҳам фотиҳа намуданд. Вай худро ниҳоят хушбахт меҳисобид. Аз ин воқеа як сол сипарӣ шуд, вале мутаассифона, Хумайис шарти гузоштаи соҳибони арӯсшавандаашро иҷро карда натавонист. Падари духтар ба хулосае омад, ки бояд барои ҳифзи оби рӯй ва ояндаи духтараш фотиҳаи бастаро вайрон намояд ва ӯро ба каси дигар хонадор намояд. Хумайис бо ин тасмими падари духтар ба даҳшат афтод ва дар ҳол назди арӯси дар фотиҳа будааш омад, то дар паҳлӯи Хумайис истода, ба қарори падараш розӣ нашавад, вале духтар ҳам қарори падари худро дастгирӣ намуда, изҳори ризомандӣ кард!!! Бо ҳамин Хумайис аз ягона духтари дар фотиҳааш буда, маҳбуба ва умеди ояндааш ҷудо гардида, назди соҳили баҳр рафт ва онҷо гирён шуда, мегуфт: “Намедонам, ки чигуна фикр кунам? Чӣ кор карданамро намедонам?”
Ҷавондухтари дигаре бо номи Карима тамоми талоши худро барои хондан ва такрори дарсҳояш сарф мекард. Зеро асоситарин орзӯи вай аз даврони хурдсолӣ ин буд, ки дар оянда духтур шуда, ба шумораи зиёди мардум кӯмак кунад. Вақти имтиҳон ҳам фаро расид ва тарс бадани Каримаро фаро гирифта буд. Вай аз ӯҳдаи посух гуфтан ба ҳама саволҳо набаромад. Вақте натиҷаи имтиҳонот эълон гашт, маълум шуд, ки Карима муваффақ гашта аст, вале на дар тахассусӣ Тиб, балки барои ворид шудан ба факултаи Тиҷорат ва Иқтисод. Баъди эълони натиҷа вай эҳсос мекард, ки тамоми орзӯву омолаш дар ҳаёт пора-пора гашта аст. Карима фикр мекард, ки чӣ кор кунад? Оё як соли дигар сабр карда, шурӯъ аз ибтидои соли нави таҳсил боз барои дохил гаштан ба факултаи Тиб кӯшиш кунад ва ё воқеиятро қабул намуда, дар риштаи Тиҷорат ва Иқтисод таҳсилро идома диҳад?! Вале дар ин миён ҳодисаи дигаре рух дод, ки масъалаи вайро печидатар кард. Ҷавоне аз оилаи боэҳтиром, фарҳангӣ, диндор ва бо обрӯй барои хостгориаш дари хонаашонро куфт, вале ӯ бояд ҳарчи зудтар издивоҷ карда, ҳамсарашро бо худ ба Амрико мебурд. Падараш пурсид: “Духтаракам, чӣ ният дорӣ? Чӣ кор кунем?” Карима ҷавоб дод: “Падарҷон, намедонам, чӣ фикр кардан ва чӣ кор карданамро намедонам!”
Ҷавондухтари дигаре бо номи Сиҳом ба ҷавоне ба шавҳар баромада, ҳамроҳаш ба шаҳри Австралия сафар кард, зеро шавҳари Сиҳом даҳ сол инҷониб дар ин кишвар зиндагӣ мекард. Шавҳари Сиҳом мехост дар зиндагӣ барои худ ҳамсаре интихоб намояд, ки танҳо ба корҳои дохили хона машғул гардад, шавҳарашро нигоҳубин кунад, фарзанд ба дунё орад ва дар фикри кор кардан дар беруни хона нашавад. Аллоҳ таоло ба онҳо аз ин никоҳ се фарзанд рӯзӣ кард. Зиндагиашон дар аввал то андозае хуб буд, вале Сиҳом худро чандон хушбахт намеҳисобид. Зеро аслан вай мехост, ки дар зиндагӣ илова ба ҳаёти оилавӣ дар кадом як донишгоҳ ҳамчун ректор фаъолият кунад, насли навро тарбия намояд ва дар умум хидмати арзишманде барои ҷамъият ба ҷой орад. Ба ҳамин сабаб доим миёни зану шавҳар кашмакашҳо сар мезад ва оҳиста-оҳиста ҳаёташон бо душвориҳо ва мушкилоти оилавӣ рӯ ба рӯ гардид. Рӯзе шавҳари Сиҳом ба хулосае омад, ки бояд аз вай ҷудо шавад ва дар ҳақиқат ҳам миёнашон талоқ сурат гирифт. Бо ҳамин Сиҳом дар зиндагӣ бо се фарзанд танҳо монд. Чӣ кор ва чӣ фикр карданашро намедонист! Намедонист ба кадом роҳ қадам гузорад? Оё дар Австралия боқӣ монад ва ё ба ватанаш Миср баргардад?
Ин чаҳор қиссаи овардаи мо аз ончи дар ҳаёти ҳар як инсон рух медиҳад, тамсил мебошад. Гоҳо бо як ҷавони варзишгар мулоқот мекунем, ки ба кадом як беморӣ гирифтор шуда аст ва чӣ кор кардану чӣ фикр карданашро намедонад ва намедонад, ки ба кадом роҳ қадам гузорад!!! Ё бо хонуме во мехӯрем, ки тамоми моликияти худро дар Биржа гузошта, ҳамаро аз даст дода аст ва намедонад, ки чӣ кор кунад, чӣ тавр фикр кунад ва ё ба кадом роҳ биравад??? Баъзан бо ҷавоне рӯ ба рӯ мешавем, ки аз барпо кардани оила метарсад, вале дар айни замон мехоҳад мустақил бошад, соҳиби оила шавад ва бо доштани он хушбахт гардад, аммо чӣ кор кардан ва чӣ тавр фикр карданашро намедонад ва ё ба кадом роҳ қадам заданашро ҳам намедонад!?
Маҳз дар ҳамин ҳолат фаъолияти ҳақиқӣ оғоз мегардад!!!

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все