Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Худованд аз рӯзе, ки инсонхалифаи худро дар олам офарид, тамоми махлуқоту мавҷудоти онро дар хидмати вай гузошту ӯро сабаби аслии офариниши ин олами паҳновар бо ҳама наъматҳояш унвон кард. Яъне чунин бар меояд, ки ҳама махлуқоти олам ба туфайли инсон ҳаёт ёфтаанд ва месазад, ки ӯ худро бар ҳамаи мавҷудот хоҷа ва бандаи танҳо Офаридгори хеш бидонад.
«Ҳуваллазӣ халақа лакум мо филарзи ҷамиъан сумаставо илассамои фа саввоҳунна сабъа самовот ва ҳува би кулли шайин алим ва из қола раббука лилмалоикати инни ҷоъилун филарзи халифаҳ…» («Бақара», 29 - 30) (Ӯст Худои шумо, ки ҳама чизе дар замин ҳаст, барои шумо офарид ва баъдан қасди осмон намуда, онро ба ҳафтто дуруст кард ва ӯст доно ба ҳарчи офаридааст. Он замон ба малоик гуфт: Ман дар замин халифа ва ҷойнишин хоҳам офарид…)

Ҳадаф ва офаринишихалифа
Аз ин оятҳои карима бармеояд, ки инсоният ягона махлуқи худовандист, ки мақоми хилофатро касб кардааст. Худованд низ бар ин асос илова бар он чи дар замину осмон ҳаст, дигаре аз нерӯҳои лозимаро ҳам, аз қабили илму ақл, дину ихтиёр ва ғайра, ки дар кори хилофат заруранд, дар дастрасии инсон қарор дод.

Бар инсон каромате бахшид ва малоики хешро пеши ӯ ба саҷда даровард. Иблисро, ки ба офариниши инсон мухолифат дошту ба каромат ва ихтиёроти ӯ ҳасад бурда буд, аз даргоҳаш ронд ва ба инсон гуфт: «…ё бани Одам! ло таъбудишшайтона, иннаҳу лакум ъадуввуммубин ва аниъбудунӣ, ҳозо сиротуммустақим», (Ёсин, 60 - 61) (Эй фарзандони Одам, эҳтиёт бошед! Шайтонро ибодат накунед, ки ӯ душмани ошкор ва қасамхӯрдаи шумост, танҳо Манро ибодат намоед, ки ин роҳи рост ва дуруст аст).

Ҳамин тавр Худованд инсонро бо тамоми асбоб мусаллаҳ кард ва ба ӯ тавсияҳои лозимаро дод. Инсонро ба ин ҳаёт оварду чунин гуфт: «…фа иммо яътияннакум миннӣ ҳудан фа ман табиъа ҳудоя фа ло хавфун алайҳим ва ло ҳум яҳзанун. Валлазина кафару ва каззабу би оётино, улоика асҳобуннори ҳум фиҳо холидун», («Бақара»,38 - 39). (Ҳатман аз ҷониби Ман бароятон дастуроте хоҳад расид. Пас ҳар кӣ аз дастуроти Ман пайравӣ намуд, ҳеҷ хавфу хатаре ӯро дар ҳаёти имрӯза ва оянда таҳдид нахоҳад кард. Аммо онҳое, ки кофир шаванду оёт ва дастуроти Манро дурӯғ бидонанд, пас зиёнкорону дӯзахиёнанд, ки абадан он ҷо хоҳанд монд).

Аз ин баёноти қуръонӣ бармеояд, ки инсон барои имтиҳон ба ин ҳаёт фиристода шудааст ва баҳри расидан ба саъодати ин дунё ва неъматҳои ҷовидонии охират, ки ризои Худованд болотарини онҳост, доимо дар рӯёрӯӣ ва мубориза бо қувваҳои бадӣ ва шайтонӣ қарор дорад. Иблиси захмхӯрда, ки дар раъси қувваҳои бадӣ қарор дорад, на танҳо охирати инсон, балки қаблан дунёи ӯро мехоҳад барбод диҳад. Ҳасади деринаи худро, ки бо каромати инсонӣ дошт, бароварда созад, чунки агар зиндагии дунявии инсон аз роҳи худояш берун шавад, дунё ва охирати ӯ барбод хоҳад рафт.

Худованд тибқи он ваъдае, ки ба инсон додааст, ҳидоёт ва дастуроти хешро тавассути паёмбаронаш фиристод ва ба ин васила инсонро, ки мукаррамтарнин махлуқ ҳаст, дар ин имтиҳон ва рӯёрӯӣ танҳо нагузошт, балки роҳи наҷотро барои инсон баён дошта, мӯъминони накӯкорашро муваффақшудагони ин имтиҳон эълон карду қаблан ба онҳо чунин ваъда дод: «Башшириллазина оману ва ъамилуссолиҳоти анна лаҳум ҷаннотин таҷри мин таҳтиҳаланҳор…», («Бақара», 25) (Башорат бод ононеро, ки имон оварда, корҳои накӯ анҷом доданд (дар имтиҳон муваффақ гардиданд).

Барояшон бӯстонсарои биҳиштӣ дода хоҳад шуд, ки аз зери дарахтонаш дарёчаҳо ҷорист, инчунин аз меваҷоти биҳиштӣ, ки барояшон рӯзӣ кардаем, оварда шавад, чунин мегӯянд: ин ҳамон меваҳоеанд, ки дар дунё ба мо рӯзӣ шуда буд. Чунки меваҳои биҳишт дар зоҳир ба меваҳои дунё шабеҳанд, вале таъму лаззати онҳо дигар аст, ҳамчунин барояшон занони поку зебо дода хоҳад шуд ва дар сарои биҳиштӣ ҷовидону абадӣ хоҳанд монд)

Аз нигоҳи дини мубини ислом инсон шарифтарин махлуқи Худованд ва халифаи ӯ маҳсуб мегардад. Ҳама нӯшу наъмати дунё ба хотири инсон офарида шудаанд, ҳатто неъматҳои биҳиштӣ ҳам.

Худованд ин олами хеле зеборо, ки гоҳо инсонро мафтуни хеш сохта, аз охирати ҷовидон маҳрумаш мекунад, дар муқобили он чи дар охират барои ӯ омода кардааст, хеле ночиз дониста, ин дунёро танҳо як василае барои ба даст овардани неъматҳои биҳиштӣ қарор додааст. Гӯё ба инсон мегӯяд: «Эй инсон, ту болотар аз он ҳастӣ, ки ба ин неъматҳои муваққатӣ қаноъат намоӣ, балки мебояд аз ин дунёи гузаро, ки фурсати ягона ва муносибест, истифода намуда дастуроти Манро дар зиндагии хеш тадбиқ намоӣ, то саъодати ин дунё ва неъматҳои ҷовидониро ба даст биоварӣ, чунки онҳоро танҳо бо эмон ва пайравӣ аз дастуроти ман дар ин ҳаёти дунё метавонӣ ҳосил кард.

Ин дунёро бо он ҳама зебоӣ, шароити муносиб, васоили зарурӣ барои хилофат ва бо он ҳама дастуроту роҳнамудҳои осмонӣ ҳамчун василае барои дастёбӣ ба он неъматҳои ҷовидонаи биҳиштӣ дар ихтиёри ту гузоштам. Пас ин ҳаёти муваққатиро, ки танҳо василаи ба даст овардани ҳаёти ҷовидонист, набояд ҳадаф қарор бидиҳӣ, ки худ зиёновари хеш мегардӣ».

Бартариҳои низоми исломӣ
Аз ин баёнотҳо бар меояд, ки охиратро танҳо дар ин дунё метавон сохт ва дастуроти худовандӣ, ки тавассути паёмбарони баргузидааш расидаанд, ҳаёти дунявии моро танзим менамоянд. Зиндагии моро тавре танзим мекунанд, ки натиҷаи дарёфти саъодати дунё ва охират мегардад.

Бо иборати дигар, дастуруламалҳои худовандӣ, ки дин номида мешаванд, аввал барои саъодати ин дунё ва баъдан саъодати охираташ нозил гаштаанд. Тамоми низомҳои ҷомеъадорӣ, ки ғайри худовандианд, танҳо дастуроте барои беҳтар кардани зиндагии  инсон дар ин дунёянд, дар ҳоле, ки низом ва дастуроти динӣ беҳтаркунандаи ҳаёти ин дунё ва охират аст.

Баъзе аз бартариҳои низоми ҷомеъадории исломиро ба ин тарз баён кардан мумкин аст: Нахустин бартарият қонунгузории исломист, ки тамоми фармудаҳо аз ислом маншаъ гирифта, дар саҳнаи ҳаёти башарӣ тадбиқшавандаанд, ба хусус қавонини иҷтимоъии он, аз қабили никоҳу талоқ, миросу ҳамсоядорӣ, риъояи ҳуқуқҳои марду зан ва падару писар, заифону маъюбин, таълиму тарбия, ҳатто қонуни ҷудо шудан аз ин ҷомеъа.

Муваффақияти низоми исломӣ то он дараҷа болост, ки дар ҷомеъаҳои ғайриисломӣ, ҳатто зиддиисломӣ низ мардумони муъмин ва мусалмон бо вуҷуди ҳама монеъаҳо, он қавонинро дар амал тадбиқ менамоянд. Дар ҳоле, ки дигар низомҳои ҷомеъадорӣ, на танҳо аз ин муваффақият бархурдор нестанд, балки барои расидан ба муваффақият маболиғи ҳангуфтеро масраф намуда, гоҳо аз зӯргӯӣ низ истифода кардаанд. Вале ҳаргиз дар ин ҷода ба пояи низоми исломӣ нарасидаанд.

Низому дастуроти динӣ ба хусус низоми ҷомеъадории он ҳамчуноне таъкид намудем, дар як вақт бо обод кардани дунёи инсон, охирати ӯро низ обод менамояд;
Низому дастуроти динӣ, ки аз ҷониби офарандаи инсон фиристода шудаанд, фитрату табиати инсонро эҳтиром намуда, эътиқодоти ботинии ӯро ҳам дар эҷоди қонуну дастурот ба эътибор гирифтаанд;

Тадбиқу иҷроиши низоми динӣ муваффақтар аз дигар низомҳост, ки ин муваффақият ба ангезаи ботинӣ ва ҷанбаи ибодатӣ доштани қавонину дастурот марбут аст;
Низоми динии ҷомеъадорӣ роҳи ҷинояткориро дар нисбати дигар низомҳо шадидан баста нигоҳ медорад, чунки ин низом сарчашмаи аслии ҷиноятпешагиро ташхис дода, онҳоро аз қабл дар ҷомеъа хушконидааст. Барои мисол, кибру ғурурро, ки манбаъи ҷиноёти зиёде мегардад, аз хисоли шайтон эълон дошта, дар қалби мӯъмин манфур сохтааст, ҳамчунин истеъмоли тамоми маводҳои масткунандаро, ки сабаби аслии ҷиноёт мегарданд, дар ҷомеъа мануъ эълон карда, онҳоро модари ҷиноят номидааст;

Низоми динӣ дар тарбияи афроди ҷомеъа ва пойбанд сохтани он ба қавонин, ки орзуи ҳар низоми дигар ҳаст, дасти боло дорад. Чунки ин низом аввалтар аз ҳама ботини ҷомеъаро ислоҳ намуда, дар он нозире мегузорад, ки нозирони тартиботи ҷамъиятии имрӯза ҳеҷанд;

Низоми ҷомеъадории динӣ дар таъмини низоми ҷиноӣ аз дигар низомҳо  муваффақтар мебошад ва ин муваффақият ба он марбут аст, ки ҷазои ҷиноиро на танҳо ба додгоҳи имрӯза, балки умдатан ба додгоҳи охират вомегузорад.

Низоми мавриди назар нахустин низомест, ки мақоми хилофатро баъд аз Паёмбари гиромӣ, ки болотарин мақоми динӣсиёсӣ дар ҷомеъа буд, бо интихоби мардумӣ машруъият бахшид ва хулафо ҳам ҳокимоне буданд, ки худро мисли Юсуфи паёмбар ходимони мардум мадонистанд. Мардум ҳақ доштанд, ки онҳоро дар ҳолати инҳироф аз роҳи дуруст аз мақоми хеш барканор намоянд.

Ин воқеъиятро дар хитоби як раъияти оддӣ ба халифаи дуввум дар вақти интихобаш метавон дид, ки гуфта буд: «Агар аз роҳи ҳақ берун шудӣ, туро ба ин шамшер рост хоҳам кард»;

Амалкарди чаҳордаҳасраи ҳууматдории исломӣ дар таърих тасдиқи он аст, ки дар ҳақиқат ислом муваффақтарин низоми ҷомеъадориро дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ, эътиқодиву ахлоқӣ, иқтисодиву иҷтимоъӣ, сиёсиву низомӣ, ҳуқуқиву кайфарӣ, илму маърифат ва тадбиқи адлу адолат ба инсоният ҳадя кардааст. Ҳатто уламои боинсофи Аврупо бедорӣ ва наҳзати илмии худро мадюни илму тамаддуни исломӣ медонанд, ки аз тариқи Андалусиё ба Аврупо мунташир гаштааст.

Ба таври хулоса
Дар анҷоми матлаби хеш метавон гуфт, баргашти инсоният ба низоми ҷомеъадории исломӣ ва дар шакли комил пазируфтани он замонати 100%аи саъодати башариро дар ин дунё ва охират таъмин намуда, баракоти дунё, неъматҳои биҳиштӣ, болотар аз ҳама хушнудии Худовандро барои ӯ фароҳам месозад.

Сайидумар Ҳусайнӣ,
Номзади илмҳои фалсафа

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все