"Ҳар нафсе чашандаи таъми марг аст, сипас ба сӯйи Мо бозгардонда мешавед" (сураи «Анкабут», ояти 57).
Чунончи зикр шуд, дар ояти қаблӣ Худованд ба мӯъминон дастури ҳиҷрат дода буд. Маълум аст, ки дар пазириш ва амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ҳамаи мусалмонон баробар нестанд, гурӯҳе онро бечуну чаро пазируфта, аз сидқ амалӣ менамоянд, гурӯҳи дигар зери таъсири муҳит ва мавқеъи худ бо заъф даст ба амал мезананд ва гурӯҳи саввум бештар дар сояи баҳонатарошӣ шона холӣ мекунанд.

Ҳамон гуна ки дар боло қайд карда шуд, баъди судури дастури ҳиҷрат дар садри Ислом тоифае аз мусалмонон аз ҳиҷрат худдорӣ карданд, бинобар ин Худованд дар ин оят бо хотиррасон намудани қонуни куллии марг ин тоифаро бедор мекунад ва дар қалбҳои ишон ангезаи амал намудан ба дастури ҳиҷратро эҷод менамояд.
Пӯшида нест, ки барои ҳар инсон вақте зарурати ҳиҷрат пеш меояд, табиъатан ғаму андӯҳи ҷудоӣ аз падару модар, зану фарзанд, ёру бародар ва дигар хешу ақрабо, тарки манзили зист ва дурӣ аз ватан фикри ӯро мушавваш месозад ва аз асари он дилтанг мегардад. Ҳамчунин монеъаҳои дигар низ қалбашро машғул месозад ва эҳтимолоти мухталиф аз дилаш мегузарад. Аз ҷумла хавф аз хатарҳо, хатари ба дасти душманони дин асир афтодан, ҳалок гаштан ба дасти онҳо, хатари мушкилоти роҳ, хатари дар ғурбат аз гуруснагӣ ҳалок шудан ва монанди инҳо. Дар гирифтани тасмим ҳиҷрат дар тамоми давру замонҳо ин тафаккурот бузургтарин монеъа аст. Аммо ин масоил дар назари гурӯҳи аввал аслан наметавонад нақш бозад, зеро онҳо тоифае мебошанд, ки ҳар чизи халалрасон дар равиши бандагии Парвардигорашонро бе ягон дудилагӣ тарк мекунанд.
Худованд бо хотиррасон намудани ногузирии марг дар ин оят ба ду гурӯҳи дигари мӯъминон ишора менамояд, ки имрӯз агар аз падару модар ва зану фарзандон, ҷудо нашаванд ҳам, дар оянда ба сабаби марг ногузир ҷудо хоҳанд шуд. Имрӯз аз ватан ҳиҷрат накунанд, як рӯзи дигар бо чашидани таъми марг аз дунё ночор ҳиҷрат хоҳанд кард, ки инаш ба ихтиёри онҳо нест. Баъд аз он ба назди Худо ва ҳисоби аъмолашон хоҳанд омад. Беҳтараш ба унвони бандаи фармонбардор биёянд , на нофармону саркаш, зеро фарҷоми нофармонӣ азоби дарднок аст.
Табиъист, ки инсон баъди расидан ба дарки мафҳуми ҳатмияти марг ва ҳақиқати он аз тасаввури ба ҳалокат расидан намеҳаросад. Ин оят бо баёни ҳатмӣ будани марг ва ишора ба он ки инсон дар ҳар ҷое бошад , ин падида албатта хоҳад омад, аз шиддати ғаму андӯҳ мекоҳад ва ба қалби инсони боимон дар анҷоми дастури Худованд нерӯ бахшида, азму иродаашро қавӣ месозад. Он гоҳ пазируфтану анҷом додани дастури Худо барояш осон гашта, аз саъй дар тоъати Худо лаззат мебарад. Шоир бо ишора ба ин маънӣ фармудааст:
Неку бад чун ҳамебибояд мурд,
Хунук он кас, ки гӯйи некӣ бурд.
Худованд дар ояти баъдӣ дар мавриди он чи дар рӯзи ҷазо барои бандагони воқеъӣ омода кардааст, хабар медиҳад: "Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта онҳоро дар манзилҳои баланде аз биҳишт ҷой медиҳем, ки аз зери дарахтонаш ҷӯйҳо равон аст. Онҳо ҷовидона дар он ҷо хоҳанд монд. Чӣ хуб аст подоши амалкунандагон! "
Дар ин оят Худованд ба мусалмонони муҳоҷире, ки дар ин дунё бо пайравӣ аз дастури Парвардигори хеш аз ватанашон ҷудо мешаванд, ваъдаи дар ивази он дар замин фарохаш ҷой доданро дода ва дар баробари ҷудоӣ аз манзилҳояшон, барои ишон ваъдаи дар ҷаннат ато намудани манзилҳои олие , ки ғайри қобили қиёс ба манзилҳои дунёст медиҳад.
Неъмати манзилҳои олӣ ва қасрҳои биҳиштӣ аз манзилҳо ва қасрҳои дунё ба куллӣ фарқ мекунанд. Инсон дар дунё бо эҳсос намудани фанопазирии худ ва ҷовидон набудани қасру манзилаш, ҳар қадар зебо ҳам бошад, худро дар неъмати комил намебинад. Ин эҳсос лаззати дороии қасрҳои дунёро талх менамояд, вале дар мавриди неъматҳои ҷаннат ин гуна эҳсос вуҷуд надорад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все