"Аз ту хоҳони шитоби дар азобанд, ҳол он ки ҷаҳаннам кофиронро иҳота кардааст. Он рӯз, ки азоб аз болои сар ва аз зери пойҳояшон онҳоро фаро мегирад ва мегӯяд:. "Бичашед (натиҷаи) он чи мекардед" (Сураи Анкабут, ояҳои 54-55). Худованд дар ояти қаблӣ зудрасии азоби дунёро талаб намудани мункирони туғёнпешаро баён намуда, онҳоро аз ногаҳон ва дар лаҳзаи ғайримунтазир омадани азоби дунё ҳушдор дода буд. Дар ин оят мавзӯъи мазкурро идома дода, дар мавриди рӯйи дигари талаби онҳо-зудрасии азоби охират хабар медиҳад:.

"Аз ту хоҳони шитоби дар азобанд, ҳол он ки ҷаҳаннам кофиронро иҳота кардааст" Аз таъбири зебои оят чунин мазмун бармеояд: Касе, ки ӯ худ дар миёни оташи ҷаҳаннам қарор дорад ва оташ гирдогирди ӯро гирифтааст, чӣ гуна аз ту зудрасии азоби Қиёматро талаб мекунанд?! Дар ҳақиқат, ниҳояти ҷаҳолату нодонӣ ва кундфаҳмии бархоста аз гарданкашӣ ва хирасарии мушрикон тааҷҷубовар аст. Ояти мавриди баҳс аз як тараф ишора ба он дорад, ки фаҳми ашхоси мункиру гунаҳкор дар саргумӣ дар биёбони ҳавасрониҳо табоҳ гашта, аз он ки онон дар айни замон дар коми оташ қарор доранд ва аз он ки татбиқи азоби ҷаҳаннам наздик аст, дар ғафлат мондаанд. Ин тоифа зудрасии чизеро талаб доранд, ки омадани он ҳатмӣ аст, чун кайфари амалҳои худи онҳост ва кайфари амал ҳаргиз аз соҳиби амал ҷудо нахоҳад гашт. Аз тарафи дигар, метавон чунин бардошт кард, ки куфру маъосӣ ба зоти худ дар ҳамин дунё оташи ҷаҳаннам аст, вале онон тавони расидан ба дарки ин ҳақиқатро надоранд. Ҳазрати Бедил дар байти зерин ба ҳамин мазмун ишора намудааст: Зи касби хулқ Бедил то тавон дар ҷаннат осудан, Чӣ ҳоҷат дар дили дӯзах нишастан аз шароратҳо. Дар асл, ин гуна вокуниш ва тақозо намудани зудрасии азоби рӯзи Қиёмат дар сояи гурехтан аз масъулият ва ҷавоби ҷурму ҷинояти дар ҷараёни зиндагӣ анҷомдода ба вуҷуд меояд. Муҷримон дар дунё вақте дар муқовимат бо хоҳишот ва тамоюлоти нафси саркаши хеш ва васвасаҳои шайтон оҷиз омада, по аз марзи бандагӣ берун мениҳанд ва ҷурму ҷиноёти зиёдеро муртакиб мешаванд, дар баробари ҳушдорҳои Паёмбар ва доъиёни роҳи ҳақ аз натоиҷи номатлуби аъмоли зишти хеш эҳсоси хатар мекунанд ва дар ҷустуҷӯйи роҳи раҳоӣ аз мавқеъи даҳшатнок мешаванд. Ва роҳи ягонаро дар нодидагирӣ ва инкори ҳама гуна арзишҳои алоқаманд ба Худо, ҳақиқат ва ахлоқ мебинанд. Ва дар ин замина забон ба инкори рӯзи Қиёмат ва азобҳои он кушода, ба касе, ки аз азоби он рӯз ҳушдор медиҳад, бархе мегқянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай амалӣ мешавад" ва бархе дигар изҳор медоранд, ки агар рост мегӯйӣ , онро бар сари мо зудтар биёр ва монанди инҳо. Чунончи ояти 18 сураи Шӯро ин маъноро ба вузӯҳ баён намудааст: "Касоне, ки ба Қиёмат бовар надоранд, ба шитоб омадани онро тақозо мекунанд ..." Бояд гуфт, ҳеҷ замону макон ва ҳеҷ ҷомеъае аз афрод ва гурӯҳҳое, ки воқеъиятҳои исботкунандаи ҳақро нодида мегиранд ва худро ба таҷоҳулу карию кӯрӣ мезананд, холӣ набуду нест. Онҳо бо такя ба осори ниёгонашон ва адёни қадимии хурофотии эшон ва изҳори адами боварӣ ба ҳақиқати рӯзи Қиёмат дар баробари таълимоти мактаби инсонсози Ислом ба муқовимат мепардозанд. Дар боло қайд шуд, ки домани шахси гунаҳкорро ба таври таъҷилӣ нагирифтани азоби дунё бар асоси ҳикматест, вале азоби охират ин гуна нест, ҷаҳаннам шахси муҷримро дарҳол ба коми худ мекашад. Оят манзараи азоби ҷаҳаннамро тавре тасвир кардааст, ки як ҳақиқати аз назарҳо пинҳон ва дар замони оянда воқеъшаванда монанди манзараи пеши назар қарордошта эҳсос шуда, тарс аз он дар қалбҳо воқеъ мешавад. Азоби он рӯз чунон азиму даҳшатбор аст, ки воқеияти аслии онро бо сухан наметавон ифода кард. Ояти баъдӣ ҳақиқати саҳнаи шадидтарин азоби ҳиссии рӯзи Қиёматро тасвир намудааст, азобе, ки дар он ҳолат имкони раҳоӣ аз он вуҷуд надорад:. "Он рӯз, ки азоб аз болои сар ва аз зери пойҳояшон онҳоро фаро мегирад" Саҳнаи мушобеҳи онро ояти 41 сураи Аъроф низ ба қалам кашидааст:. "Барои онҳо бистаре аз ҷаҳаннам ва аз рӯяшон болопӯшҳои оташ аст" Аз пайи он сарзаниши малоикаро баён менамояд, ки сахттарин азоби маънавист: "Ва мегӯяд:". Бичашед (натиҷаи) он чи мекардед " Яъне шумо дар дунё даст ба куфру маъосӣ задед ва афзун бар ин, аз он ифтихор мекардед ва бо тамасхур зудрасии ин азобро аз Паёмбар тақозо менамудед, инак таъми заҳрогини ҷазои амалҳои зишту номатлуби анҷомдодаатонро бичашед.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все