Боре ҳам дар ин маврид гуфтааст: Ҷоиз нест амал кардани касе, то оне, ки надонад, ин сухан аз куҷо гуфтаам», (Аллома Аҳмади Дониш)
- Инсонро нафси шаҳвонӣ ва шайтонӣ ба сӯи маъюсиву гуноҳ тела медиҳад. Ин ҳама қонуншиканиву харобкориҳо дар ҷомеъа ба хотири он аст, ки нафсу шайтон бар мардум ғолиб шудаанд, (устод С. А. Нурӣ)
- Худованд аз бас мехоҳад, ки бандагонаш ҳақиқаткору адолатпеша бошанд, мефармояд: Адолатпеша бошед, он ба тақво наздик аст.

Аз ин маълум мешавад, ки тақво меҳвари адолатпешагӣ, ҳақиқаткорӣ ва тамоми корҳои хуб аст. Аз дигар ҷониб тақво кушояндаи гиреҳи ҳамаи мушкилот буда, наҷотбахши бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ ва сиёсист, (устод С. А. Нурӣ)
- Дар ҳақиқат миллате, ки зеҳн ва фикри мустақил надорад, наметавонад дар боқӣ шууни зиндагӣ мустақил бошад. Вобастагиҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва низомиву сиёсӣ аз вобастагиҳои зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд. Барои ҳамин бояд бикӯшем, то пеш аз ҳама ҳувияти миллӣ дошта бошем. Яъне нангу номуси миллӣ дар ҳимояи ақидаву фарҳанг, урфу одат, марзу бум, умуман тамоми муқаддасот доштан лозим аст, (устод С. А. Нурӣ)
- Ин неъмати бузург, даъват ба Ислом ба гузаштагонамон насиб накард. Агар фарҳанги имониву исломӣ касеро фаро гирифта бошад, ин як давлат аст. Дар ин роҳ кас бояд аз молу манол маҳрум шавад, захмин гардад ва шаҳодат диҳад, (устод С. А. Нурӣ)
- Дар суҳбате устод Нурӣ пурсид: Чаро Худованд парандаро болотар аз ҳар махлуқи дигар ҷойгоҳ додааст, дар авҷи осмон?
Ва худ посух медиҳад: чунки парранда амири нафси худ аст….
Иловатан мепурсад: Чаро абрро боло, Офтобу Моҳтоб ва ситорагонро аз ҳама болотар ҷой додааст?
Худ мегуяд: Барои он ки онҳо ҳама бахшандаанд, чизе тамаъ надоранд, (Раҳими Мусулмониён).
- Пеши бузурге, пас аз салом лаб бибанд: мева пас аз гул, то аз навозиши офтоб наболаду нарасад, бӯй намедиҳад, (Раҳими Мусулмониён)
- То мапурсанд чизе магӯ. Замин шудгор нашавад, тухм намепошанд; агар гӯш накунанд, хомӯш бош, бо мурдаю нафари хуфта сухан намегӯянд.
Даҳон кӯза аст, кӯзаи асал ё заҳр, пас бояд донӣ, ки дар куҷо мерезӣ, (Раҳими Мусулмониён)
Бузургмеҳри ҳаким гӯяд: Агар хоҳӣ, ки аз абдол гардӣ (яке аз табақаи авлиё, ки ададашон то ба ҳафтод тан мерасад), таҳвил кун ба хӯи кӯдакон.
Гуфтанд: Чӣ гуна?
Гуфт: Андар кӯдакон панҷ хислат аст, агар он дар бузургон будӣ, ба ҷои абдолон расидандӣ: яке он ки ғами рӯзӣ нахӯранд ва дигар он ки чун бемор шаванд, аз Худои таъоло гила накунанд. Сеюм бо якдигар хӯранд он чизе ҳаст, чаҳорум чун бо якдигар ҷанг кунанд, кина нагирифта, зуд оштӣ кунанд. Панҷум бо андак бим битарсанд ва об дар чашм оваранд, (Имом Ғаззолӣ)
Бузургмеҳр гӯяд: Се гурӯҳанд, ки ғаму андӯҳ доранд: яке дӯсте, ки аз дӯсти хеш ҷудо шавад, дувумӣ падари меҳрубон, ки фарзандро гум кунад. Савуми тавонгаре, ки дарвеш шавад, (Имом Ғаззолӣ).

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все