“Ва аз ту хоҳони шитоби дар азобанд, агар мавъиди муайяне намебуд, бегумон азоб ба онҳо мерасид ва албатта бе он ки хабардор шаванд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад.
(Сураи Анкабут, ояи 53).
Сарони мушрикони замони Паёмбари Худо, ки дар симои онҳо болонишинони рӯҳияи зиддиисломӣ доштаи тамоми давру замонҳоро метавон дид,

ба нодида гирифтани муъҷизаҳои Паёмбар (с) ва напазируфтани гувоҳии Худо дар мавриди ҳаққонияти рисолати он Ҳазрат (с) иктифо накарданд. Онҳо бо мақсади аз дили оммаи мардум дур кардани эҳтимоли ҳаққоният ва сиҳатии Ислом аз ҳеҷ навъи саҳнасозии шакку тардидзо худдорӣ намеварзиданд. Аз ин рӯ вақте ба азоби илоҳӣ ҳушдор дода мешуданд, ба ҷои он ки аз ақли хеш истифодаи дуруст баранд ва дар маврид азобҳои ҳалокатборе, ки бар сари бархе аз умматони саркаши пешин омада буд, тафаккур кунанд ва мантиқи он барояшон равшан ва собит шавад, бо густохӣ мегуфтанд, агар ин азоб ҳақиқат дошта бошад, пас онро бар сари мо зудтар биёр. Худованд дар ин оят аз бархӯрди онҳо хабар медиҳад: “Ва аз ту хоҳони шитоби дар азобанд”.
Аз шаҳодати Қуръон бармеояд, ки ин шеваи бархӯрд хоси мушрикони Макка намебошад, мухолифони паёмбарони пешин низ аз паёмбаронашон чунин тақозо карда буданд. Аз ҷумла асҳоби Айка ба ҳазрати Шуъайб (а) гуфтанд: “Пас порае аз осмонро бар сари мо бияфкан, агар рост мегӯйӣ”. (Сураи Шуъаро, ояти 187).
Дар чандин ҷои Қуръон ба такрор зикр шудани ин мавзӯъ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сарони мушрикони араб борҳо бо шеваҳои мухталиф бо Паёмбар (с) ин гуна бархӯрд кардаанд. Ин тарзи масъалагузорӣ аз як сӯ ба мубориза хондани Паёмбар (с) бошад, аз сӯйи дигар ришханд задан ба ҳушдорҳо аз нузули азоби илоҳӣ ба сабаби исрори дар куфру ширк мебошад.
Худованд дар ҷавоби дархости онҳо мефармояд: “Агар мавъиди муайяне намебуд, бегумон азоб ба онҳо мерасид”. Яъне дар мавриди нузули азоб тибқи низоми дақиқ муҳлати пешакӣ муқарраршуда ҳаст, агар чунин намебуд, ба тақозои азоб карданашон, фавран азоби дархостнамудаашон ба онон мерасид.
Бояд гуфт, Худованд оламро бар асоси як низоми дақиқ ва муайян офаридааст ва ҳар кори дар он падидоянда бар асоси ҳамон низоми муайян сурат мегирад. Ва дар он низом барои ҳар чиз вақте муайян шудааст, ки аз он вақт пешу пас намешавад, балки дар вақти муқаррари худ меояд. Бинобар ин, ба сабаби талаби азоб намудани мункирон нузули азоб дар ҳамон лаҳза дар сурате ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба вақти пешбинишуда дар ҳамон барнома мувофиқат кунад. Дар акси ҳол агар башарияти рӯйи замин ҳама ба як овоз чизеро талаб кунанд, имкон надорад, ки он воқеъ шавад, зеро бо халалдоршавии он низоми дақиқ низоми ҳаёт халалдор мегардад. Бинобар ин, дарҳол воқеъ нашудани азоб реша дар риоя ва ҳифзи ҳамон низоми дақиқ дорад, на дар адами ҳаққонияти рисолати паёмбарон.
Ҳамчунин бояд ба дарки ҳадафи аслии ҳушдордиҳии Паёмбар (с) расид, ки чаро мардумро бо хотиррасон кардани азобҳои ба сари бархе аз умматони пешин омада ҳушдор медиҳад? Манзур аз ҳушдордиҳӣ эҷоди тарсу ваҳшат ва бало хостан ба сари ҷомеъа ва ҳалоки қишре аз он аст, ё бедоркунии фикри инсонҳо ва ба худ овардани созанда ва анҷом додани як тарбияи амалӣ? Худованд қабл аз халқи Одам мақсуд аз офариниши инсониятро ба малоик хабар дода буд: “Ман дар рӯйи замин ҷонишине хоҳам гумошт”. Бинобар ин ҳадафи аслӣ тарбияи мардум ва расондани онҳо ба пояи ҷонишинӣ аст ва танҳо тарбия дар мактаби Худованд инсонро ба ин мақом мерасонад. Вақте аксари кулли миллате ба иллати фурӯравии тӯлонӣ ба куфру фасод ҷавҳари аслии хешро аз даст диҳад ва ба марзи тарбиянопазирӣ бирасад, бо нузули азоб аз сафҳаи рӯзгор барчида хоҳанд шуд. Ва ҳушдор додани Паёмбар ҳам на ба унвони силоҳ истифода кардан аз азоби эҳтимолист, балки ба хотири он аст, ки мабодо дар ноитоатӣ то ҷое бирасанд, ки ҳалокшудагони пешин ба он ҷо расида буданд. Дар баробари гуноҳ дар дунё фавран мавриди ҷазо қарор гирифтан, маънои салб фурсати тарбия аз инсонро дорад, ки дар ин сурат ҳаргиз наметавонад ислоҳ шавад ва ба камол бирасад. Мункирон ба ҷои он ки ба дарки ин ҳикмати бимдиҳӣ аз азоб бирасанд, аз он ҳамчун василаи баргардонии таваҷҷуҳи мардум аз ҳақ истифода мекунанд ва бо тамасхур паёмбарон (а)-ро ба майдони мубориза мехонанд.
Худованд ба бандагонаш фурсат медиҳад, то онҳо баъди муддате дар залолат зистан бедор шаванд ва ҳақро аз ботил бишносанд ва хешро ислоҳ карда бар хилофи хостаҳои табиъӣ ва нафсонии худ пойбанди усули ахлоқӣ гарданд. Ин як суннати тағйирнопазир аст, бинобар ин дар ҷазодиҳии онҳо ҳаргиз шитоб намекунад ва фурсати тавба ва ислоҳи нафсро аз ишон намегирад.
Аммо дар сурате, ки аксари афроди ҷомеъае дар зулму туғён боқӣ монанд ва аз масири ҳақ мунҳариф гашта, аз Худо дур шаванд, ки иллати марги миллатҳо ҳамин аст, он гоҳ азоби Худованд дар лаҳзаи ғайримунтазир ба таври ногаҳонӣ ва бидуни кадом муқаддимае дар вақти муқарраршуда ба сарашон хоҳад омад: “Ва албатта бе он ки хабардор шаванд, ногаҳон ба суроғашон хоҳад омад”.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все