Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Шукру сипоси беҳад ба Парвардигори олам ва дуруди бепоён ба Пайғамбари Ӯ, ҳазрати Муҳаммад (с). Шукр аз истиқлолияти Тоҷикистони азиз, ки дар худшиносии воқеъии миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва динию мазҳабии худ беш аз пеш навгониҳоеро шоҳид мегардем. Баргузор гаштани ҷашнвораҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам ва тарҷумаю чопи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ, фаъолияти масҷиду мадрасаҳо аз ҷумлаи тадбирҳои созандаеанд, ки пойдевори худшиносии миллиро истеҳком мебахшанд. Ҳисси таваҷҷӯҳи мардум ба омӯзиши ҳақиқати Қуръони карим, суннати Муҳаммади Мустафо (с) ва мероси илмӣ-фарҳангии миллатро афзоиш мебахшанд.

«Агар уммати ман медонист, ки Рамазон дар худаш чӣ қадар баракат дорад, ба дурустӣ орзу мекард, ки он тамоми сол идома ёбад».
Бо ғуруби офтоб дар рӯзи охири моҳи шаъбон дари хонаи ҳар мусалмонеро меҳмони деринтизор ва хело ҳам боиззат кӯбид. Меҳмоне, ки тӯли чаҳор ҳафта ҳамаи моро ҳангоми хондани Қуръон ва саҳархӯрӣ ҷамъ меорад, меҳмоне, ки моро ба ифтор дар ҳалқаи бародарону хоҳарони имонӣ ва ё оилаҳоямон дар фазои саршор аз ишқу муҳаббат даъват менамояд. Моро барои адои намози таровеҳ дар як саф меорояд ва намозҳои шабонаи гаронбаҳоро бароямон бори дигар ёдовар мешавад.

Ҳаракати ақрабаки соат огоҳиест аз талаф ёфтани сонияе аз ҳаёти мо. Сонияҳо ба дақиқа, дақиқаҳо ба соат, соатҳо ба рӯз, рӯзҳо моҳ, моҳҳо ба сол мубаддал мегарданд ва ҳамин тавр даргузар будани умри инсонро нишон медиҳанд.
Баъзан мешавад, ки мо як миқдор маблағи худро гум мекунему бисёр парешонҳол шуда, аз ҳасрати он то чанде ба худ намеоем. Аммо аз гузаштани вақт, ки ба корҳои беҳуда сарф мешавад, кадом хавотирие зоҳир намесозем. Зеро дарк намекунем, ки арзиши вақти рафта хеле гарон аст, ҳатто бо пардохти ҳамаи пулу моли дунё ҳам дигар онро баргардонида наметавонем.

Вақт ба монанди дигар арзишҳо барои худ хусусиятҳо ва имтиёзҳои хос дорад, махсусан дар таълимоти дини Ислом аз мақоми хеле олӣ бархӯрдор мебошад.

Аллоҳ таоло инсонро офарид, ба вай иҷрои таклифот ва масъулиятҳо зиёдеро супорид, аз ӯ дархост намуд, то ин вазифаҳоро иҷро намояд, барояш он қадар неъмати зиёд бахшид, ки ҳатто ҳисоб карданаш имконпазир нест. Яке аз ин неъматҳо ин вақт мебошад, то ин ки инсон масъулиятҳо ва вазифаҳои худро бо истифода аз вақт анҷом диҳад.

“Вақте ки фиристодагони Мо ба назди Лут омаданд, ӯ аз омадани эшон нороҳат ва дилтанг шуд ва дар кори онҳо фурӯ монд. Ва (фариштагон) гуфтанд: “Матарс ва ғамгин мабош, ки албатта мо ту ва хонадонатро наҷот медиҳем, ба ҷуз ҳамсарат, ки аз боқимондагон хоҳад шуд. Мо бар аҳли ин шаҳр ба кайфари фисқашон, азобе аз осмон фурӯ хоҳем фиристод”. (Сураи Анкабут, ояҳои 33-34). Фариштагон баъд аз суҳбат бо ҳазрати Иброҳим (а) ба сӯйи сарзамине, ки ҳазрати Лут (а) дар он ҷо сукунат дошт, рафтанд.

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все