66F0BB92 508A 4A78 A755 3C3C4C315A77 w640 r1 s cx14 cy15 cw75Дар бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ба мисли Чоркӯҳ, аз хатмкунандаҳои мактабҳои миёна, новобаста ба он, ки донишҷӯ шудан мехоҳанд, ё на талаб шудааст, то худро дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гиранд ва 200 сомонӣ супоранд.

Вазорати дифои Тоҷикистон бо ҳадафи такмили омодагии ҷангии афсарони эҳтиётӣ ва сарбозони собиқ ҳазорон афсари эҳтиётиро дар Хатлон тамринҳои низомӣ дод .

Додгоҳе дар маркази Суғд чор фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ)-ро барои он ки ба ҷойи кори таъинкардаи мақомоти донишгоҳ ҳозир нашудаанд, ба пардохти 32 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст. Додгоҳ мегӯяд, ин маблағест, ки ҳукумат барои таҳсили ин чор нафар аз буҷа сарф кардааст.

Субҳи рӯзи панҷшанбе ҳудуди 20 тан аз сокинони деҳаи Хоҷағалтони ҷамоати “Мирзоалӣ Вайсов” дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Восеъ ҷамъ шуда ва шикояти худро дар нисбати бебарқӣ дар фасли тобистон ба раҳбарият расониданд.

Нахустин истиқоматкунандагони шаҳри Сайҳун аз шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов, Қайроқуму Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҳанд буд. Онҳо оилаҳои ҷавонанд, ки хонаи шахсӣ надоштанд ва ахиран дар ин макон соҳиби замин барои сохтмони манзил шуданд. Қарор аст дар оянда аз бархе дигар манотиқи вилоят, аз ҷумла Ғончиву Ашт низ садҳо нафар дар ин ҷой соҳиби замин барои бунёди хона шаванд.

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все