Ширкати "Куко-Куло Ичечек А.С." ба иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 50 милюн дулор сармояи мустақим ворид хоҳад кард.
Лочин Файзуллозода, муъовини аввали раиси Кумитеи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 11 феврал дар ин бора хабар дод.

Вай, ки дар иҷлоси порлумон санади ҳуқуқӣ миёни ин кумите ва ширкати "Куко-Куло Ичечек А.С."-и Туркияро муъаррифӣ мекард, гуфт, ки корхонаи тавлиди “Куко-Куло” дар шаҳри Душанбе бунёд шуда ва дар назар аст, солиёна ба миқдори 100 милюн литр ё тун маҳсулот тавлид кунад.

Ин созишнома рӯзи 7 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва интизор меравад, пас аз ду моҳ дар шаҳри Душанбе сохтмони корхонаи тавлиди “Куко-Куло” шурӯъ шавад.

Оқои Файзуллозода гуфт, ки бо фаъъол шудани корхона 120 нафар дар он шуғл хоҳанд ёфт ва маҳсулот дар бозори дохилӣ ғанӣ гашта ва солиёна ба будҷеи Тоҷикистон чаҳор милюн дулор молиёт ворид хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқатнома бо ширкати “Huaxin Cement Co., LTD”-и Чин дар мавриди бунёди хатҳои дувуму севуми корхонаҳои симон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва минтақаи озоди иқтисодии “Данғара" дар вилояти Хатлон баррасӣ ва тасвиб шуд.

Тибқи ин санад, ширкати чинӣ барои бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин ду корхонаи тавлиди симон 250 милюн дулор тахсис дода ва ба Тоҷикистон таҷҳизоти мудерни фаннӣ низ ворид хоҳад кард.

Дар назар аст, ин корхонаҳо то авохири соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва солиёна дар маҷмӯъ 2,2 милюн тун симон тавлид кунанд. Дар ин сурат Тоҷикистон аз як кишвари воридкунандаи симон ба як кишвари содиркунандаи ин маҳсулот табдил хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, дар корхонаҳои симон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 1000 нафар соҳиби машоғил мешаванд, ки 90 дар сади онҳоро атбоъи Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Дар иҷлоси порлумон мувофиқатномаҳо дар мавриди кумакҳои билоъивази молии Бонки байналмилалии бозсозӣ ва тавсеъаи Русия барои иҷрои тарҳҳои “Истротежии миллии рушди омор” (2,5 милюн дулор), “Рушди нақлиёти мусофирбари Душанбе” ва “Идораи партовҳои шаҳри Қурғонтеппа” тасвиб гардиданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все