Дар 11 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишуда 17 дарсад бештар тило ва нуқра истихроҷ шудааст.Бино ба иттилоъи Вазорати саноат ва текнулуҷии нави Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли гузашта дар ин кишвар ба миқдори 3 туну 150 килугромм тило ва 1 туну 650 килугромм нуқра истихроҷ гардидааст.

 

Дар назар аст, бо дарназардошти мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми корхонаи муштараки “Зарафшон” дар вилояти Суғд дар соли ҷорӣ истихроҷи тило то ба 4 тун афзоиш ёбад.

Интизор меравад, ин корхона бо тавоноии коркарди 10 ҳазор тун маъдан дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ифтитоҳ шавад.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва текнулуҷии нав, рӯзи панҷшанбеи 22 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, 62 дарсади тилои истихроҷшуда аз ҷониби ниҳодҳои молии ватанӣ, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ шудааст.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуъотӣ дар ҳафтаи ҷорӣ гуфт, дар соли гузашта ин ниҳод ба миқдори 600 килугромм тилои ватаниро харидорӣ кардааст.

Бахши дигари тило дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш рафтааст. Маболиғе, ки аз фурӯши тило дар соли гузашта ба даст омадааст 150 милюн дулорро ташкил додааст.

Оқои Бобозода гуфт, арзиши 1 громм тило аз 24 дулор дар моҳи ноябри соли гузашта то 35 дулор дар моҳи ҷорӣ боло рафта ва ин амр ба афзоиши оидоти корхонаҳои истихроҷи тилои Тоҷикистон мунҷар шудааст.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все