Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Мувофиқатномаи миёни давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар мавриди фароҳам овардани шароити мусоъид барои ҳамлу нақли байналмилалии утумубилиро тасвиб кард.
Шералӣ Ганҷалзода, муъовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 21 январ ин мувофиқатномаро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, ин санадро барои беҳбуди вазъи ҳамлу нақли утумубилӣ ва тавсеъаи тиҷорати хориҷии кишварҳои узви СҲШ муфид ва муҳим арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи оқои Ганҷалзода, ҳадафи ин мувофиқатнома “таъмини боэътимоду самарбахши ҳамлу нақли утумубилӣ дар самти рушди тиҷорати хориҷии кишварҳои СҲШ буда, барои такмил додани ҳамлу нақли бору мусофирон равона карда шудааст.”

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки дар сурати амалӣ шудани ин мувофиқатнома раванди убуру мурур аз гузаргоҳҳои марзию гумрукӣ, назоратгоҳҳои фитосанитарию ветеринарӣ ва дарёфти визо сода хоҳад шуд.

Дар чорчӯби Мувофиқатномаи миёни давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар мавриди фароҳам овардани шароити мусоъид барои ҳамлу нақли байналмилалии утумубилӣ интиқолдиҳандагони колоҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ, молиёт барои истифодаи васоили нақлия ва роҳҳои утумубилрав муоф хоҳанд буд.

Тибқи ин санад хатти сайри утумубилӣ миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой низ мушаххас шудааст.

Масалан, хатти сайри утумубилии Тоҷикистону Чин аз шаҳрҳои Урумчию Қаросуи Чин шурӯъ шуда, тавассути Кулма, Мурғоб ва Хоруғ то Душанбе хоҳад расид.

Ин хатти сайр барои ҳамлу нақли байналмилалии Тоҷикистон муҳим буда, аммо инфрасохтори он ҷавобгӯйи талаботи байналмилаӣ набудааст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистону Чин бояд ин вазъро ислоҳ кунанд.

Мувофиқатномаи миёни давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар мавриди фароҳам овардани шароити мусоъид барои ҳамлу нақли байналмилалии утумубилӣ дар ҷараёни нишасти сарони ин созмон дар шаҳри Душанбе дар рӯзи 12 сентябри соли гузашта имзо шуда буд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все