23-уми январ нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе нисбат ба аввали ҳавтаи равон то 30 дирам арзон шуд.Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории мансуб ба ширкатҳои “Газпромнефт-Тоҷикистон”, «Умед-88», «Томойл» як литр бензини навъи АИ 92 5 сомонию 10 дирам, 1 литр бензини навъи АИ 92 "Ҷидрайв" 5 сомонию 25 дирам ва  1 литр бензини навъи АИ 95 6 сомонро фурӯхта мешавад.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи 1 литр бензини навъи АИ 92, ки аз серистеъмолтарин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории хусусӣ ин навъи бензин 4 сомонию 60-70 дирам фурӯхта мешавад.

Аз оғози январи соли ҷорӣ бори панҷум, ки аст нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Айни замон нахри як литр гази моеъ низ дар нуқтаҳои мансуб ба ширкатҳои “Газпромнефт-Тоҷикистон”, «Умед-88» 2 сомонӣ ва баъзеи дигар ширкатҳои хусусии пойтахт 1 сомнию 80 то 90 дирамро ташкил медиҳад.

Дар миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта як литр бензини навъи АИ 92 дар нуқтаҳои фурӯш то 6 сомонию 40 дирам, 1 литри бензини навъи АИ 92 "Ҷидрайв" 6 сомонию 65 дирам, нархи 1 литр бензини навъи АИ 95 - 6 сомонию 90 дирам ва нархи як литр гази моеъ 3 сомонию 40 дирам фурӯхта мешуд.

Хадамоти зидди инҳисорӣ низ гуфта буд, раванди нарзоншавии нархи сӯзишворӣ идома меёбад.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все