Маъмурияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пешгӯйӣ менамояд, ки давоми ду соли оянда суръати афзоиши иқтисодиёти ҷаҳон коҳиш хоҳад ёфт. Қаблан ин ниҳоди молӣ ҳушдор дода буд, ки ҳатто якбора коҳиш ёфтани арзиши нафт ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро расонда метавонад. Пешгӯии вазъи иқтисодии ҷаҳон дар соли 2015-ум, ки моҳи октябри соли 2014-ум тартиб дода шуда буд, тағйир ёфт. Ба ақидаи таҳлилгарон иқтисодиёти ҷаҳон дар соли 2015-ум 3,5 дарсад, соли 2016-ум бошад, 3,7 дарсад афзоиш меёбад. Коршиносон бошанд, афзоиши иқтисодиёти Амрико ва коҳиш ёфтани иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо ва Японияро пешгӯйӣ мекунанд. Ба ақидаи онҳо баробари пастравии иқтисодиёти кишварҳои алоҳида дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо сатҳи баланди бекорӣ боқӣ мемонад. Хазинаи Байналмилалии Асъор инчунин таъкид менамояд, ки кишварҳои зудрушдкунанда наметавонанд муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти ҷаҳон гардаднд. Зеро ин кишварҳо низ дар самти иқтисодиёт мушкилоти худро доранд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все