Ҳудуди 50 нафар тоҷирони фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор, аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шуданд.
Ҳудуди 50 тоҷири фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба нишони эътироз аз амалкарди раҳбарони ин бозор аз ҳукумати шаҳр хостори мусоидат шудаанд.

Неъмат Рустамов -- муовини раиси шаҳри Кӯлоб, субҳи 23 январ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуруҳи тоҷирон дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада ва дахолати ҳукумати маҳаллӣ ба қазияи пешомада миёни онҳо ва масъулони бозорашонро талаб доранд.
Ноиби раиси шаҳри Кӯлоб афзуд, “онҳо дар масъалаи андозу шартномаи яксолае, ки миёни соҳиби бозор ва соҳибкор баста шудааст ва масъалаи андоз муроҷиат карданд. Ман аз онҳо хоҳиш кардам, ҳоло паёми президент оғоз мешавад, беҳтараш раванду паёмро гӯш диҳанд ва фардо биёянд, баъд ҳамаи масъалаашонро ҳаллу фасл мекунем.”
Хабарнигори Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, тоҷирон баъд аз ин ба назди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр омадаанд. Онҳо гуфтаанд, мехоҳанд талаби худро бо сардори Раёсати пулиси Кӯлоб дар миён гузоранд, то ӯ мӯйро аз хамир ҷудо кунад. Яке аз тоҷирони бозор гуфт, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ аз онҳо талаб кардааст, намояндаи худро фиристанд ва мушкили худро матраҳ намоянд, аммо соҳибкорон розӣ нашуда ва ҳама якҷоя ба шӯъба даромадаанд.
“Барои шартномае, ки ба ҳар яке аз мо раиси бозор Алаҳбердӣ Ҳасанов баст, ду ҳазордолларӣ додем. Ҳоло муддати шартномаи мо ба охир расидааст. Раиси бозор мегӯяд, барои шартномаи нав бояд боз 1000-долларӣ пардохта шавад. Мо пул надорем, савдо суст рафта истодааст",-гуфт яке аз тоҷирон.
Бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар паҳлӯи бозори марказии “Саховат” қарор дорад ва раиси он Аллаҳбердӣ Ҳасанов ҳамроҳи писараш умури онро дар даст доранд. Вале то ҳол онҳо ин қазияро шарҳ надодаанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все