1474702540 1468573605 20160715 093656Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд аз сатҳи баланди худкушӣ дар вилоят изҳори нигарони карда мегӯяд рӯзе нест, ки худкушӣ, ё суиқасд ба он сурат нагирад.

Воҳидов ин нуктаро 23 сентябр дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор дошта, таъкид намуд, ки тайи чанд соли ахир ҳолатҳои худкушӣ дар вилоят нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишвар бештар мебошад.

Ба иттилои додситони Суғд тибқи санҷишҳо баъзе худкушиҳо бар асари мастӣ ва ё касалии руҳӣ сар мезананд: “Аммо аксар вақт мақомоти қудратии вилоят асрори худкушиҳоро дақиқ карда наметавонанд, ки бо кадом сабаб рӯй додааст”.

Ӯ афзуд, агар панҷ-даҳ соли ахирро таҳлил кунем дар мавриди ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои худкушӣ натиҷаи назаррас дида намешавад: “Муассисаҳо ва сохтору идораҳои дахлдор дар самти пешгирии ин ҳодиса вазифаи қонунии худро ба таври зарурӣ иҷро намекунанд”.

Нигаронии додситонӣ дар ҳолест, ки танҳо соли гузашта дар вилояти Суғд беш аз 300 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все