Масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯянд, ки то соъати 09: 00 вақти маҳаллӣ беш аз 48 дар сади мардуми ин кишвар дар раъйдиҳандӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат карданд.

Абдуманон Додозода, раҳбари дастгоҳи ин кумисиюн ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар соъати аввали раъйдиҳӣ ҳудуди ду милён аз воҷидини шароити раъй дар интихобот дар Тоҷикистон ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши расмӣ дар Тоҷикистон беш аз чаҳор милёну 400 ҳазор нафар аз сокинон ба унвони раъйдиҳандагон сабти ном шудаанд.

Оқои Додозода гуфтааст, ки то соъати 09:00 субҳ шикоёт аз навоқизе дар равандаи раъйдиҳӣ дар ин интихобот ба назар нарасидааст.

Аммо вай гуфтааст, ки яке аз шикоёти расида аз навоҳии Кӯлоби вилояти Хатлон аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди мавонеъ барои ворид шудани нозирони ин ҳизб ба ҳавазаи интихоботӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи иддае аз хабарнигорони маҳаллӣ дар бархе аз ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ дар навоҳии мухталиф раъй додани як кас ба ҷойи чанд нафар мушоҳида шудааст.

Тибқи иттилоъи сойти ҲНИТ нозирони ин ҳизб аз нақзи қонуни интихоботӣ дар раванди раъйдиҳи дар қитаъҳои раъйдиҳӣ, аз ҷумлаи қитаъи Даштимирон дар ноҳияи Варзоб ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон хабар додаанд.

Чунин маворид дар чанде аз ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе низ ба мушоҳида расидааст.

Аз ҷумла дар ҳавзаи интихоботии шумораи сеи ноҳияи Исмоиъили Сомонии ин шаҳр як марде, ки дар даст ду варақаи раъй дошт гуфт, ки ҳамсараш бемор аст ва ӯ ба ҷои занаш раъй хоҳад дод.

Бо ин вуҷуд масъулони ин ҳавза мегӯянд, ки навоқизе дар равандаи раъйдиҳӣ набудааст.

Ҳануз маълум нест, ки кадоме аз ҳашт ҳизби сиёсӣ бештарини ороро ба худ ихтисос медиҳанд, аммо бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ умедвор ҳастанд, ки ба порлумони ҷадид имкон дорад намояндагони ҳизбҳои бештари сиёсӣ ворид шаванд.

Ҳарчанд бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳатман дар тӯлӣ рӯз ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт, аммо бархе аз воҷидини шароити ширкат дар интихобот, аз ҷумлаи сокинони гуфтаанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат нахоҳанд кард. Зеро ба шаффоф будани натиҷагирӣ аз шумориши оро бовар надоштаанд.

Дар интихоботи имсоли порлумонӣ дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ ва 185 номзади инфиродӣ ширкат мекунанд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все