Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2014 бадтар шудааст. Дар ин бора Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон иддаъо кардааст. Дар ин гузориш ба масоили ҳуқуқи башар дар робита ба озодии баён, саркуби фаъъолияти мухолифони сиёсӣ, маҳдудсозии озодиҳои мазҳабӣ ва озору шиканҷа дар боздоштгоҳҳо таваҷҷӯҳи вижа шудааст.

 

Созмони байналмиллалии Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин табъиз ва рафтори бад бо намояндагони ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон аз мушкилоти дигари ҳуқуқи башар дар кишвар хондааст.

Дар ин гузориш аз ташкили гурӯҳи вижаи иборат аз намоянагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва омбудсман барои дидабонӣ ва таҳқиқи масоили нақзи ҳуқуқи башар аз ҷумла дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо истиқбол карда, аммо афзудааст, ки ҳанӯз дар бораи мустақиқлияти ин гурӯҳ мутмаъин нестанд.

Дар ин гузориш аз қазияи Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон, ки барои 26 сол равонаи зиндон шудааст, Шӯҳрат Қудратов, муъовини раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон ва яке аз вукалои мудофеъи оқои Саидов, ки ба нӯҳ сол зиндон маҳкум шудааст, ёдоварӣ шуда ва қазияҳои онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ ва навъе саркуби афроди дигарандеш унвон шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар ин замина аз қазияҳои Умедҷон Тоҷиев, узви ҳизби наҳзати исломии ин кишвар, ки дар моҳи ноябри соли 2013 дар пайи ба гуфтаи мақомот афтидан аз панҷараи ошёнаи сеюм ҷони худро аз даст додааст, ёдоварӣ шудааст.

Ин созмони ҳуқуқи башар ҳамчунин аз вазъи 42 ҳазор сокини минтақаи нерӯгоҳи Роғун ибрози нигаронӣ карда ва навиштааст, ки давлати Тоҷикистон ҳуқуқи онҳоро дар ҷараёни бозискан карданашон нақз кардааст. ИН созмон навишта: Давлат алорағми уҳдадориаш ғаромати ин бозисканро ба хонаводаҳои

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все