Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соли гузашта 550 сокини ин кишвар аз ҷумла 95 шаҳрванди ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Аммо тавзеҳ нашудааст, ки чанд нафар тавонистаанд аз талош ба худкушӣ ҷони солим ба дар баранд. Пулис мегӯяд, ҳарҷанд ин омор дар муқоиса бо як соле қабл 18 маврид камтар буда, вале омори худкушӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст.

 

Ба вижа худкушӣ дар миёни ноболиғон ва навҷавонон дар ин кишвар мӯҷиби нигаронии мақомоти зидахл дар солҳои ахир шудааст. Гуфта мешавад ҳудуди 50 дарсади афроди даст ба худкушӣ зада занон, аз ҷумла духтарони зери синни қонунӣ ҳастанд.

Ҳарчанд масъулони вазорати умури дохила ангезаҳои даст задани афрод ба худкуширо ифшо накарданд, бисёре аз коршиносон омили аслии ин падидаи номатлубро фақру бекорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Тиқби натоиҷи як пажуҳиш бемории рӯҳӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва хушунат аз сӯйи наздикон сабабҳои умдаи даст ба худкушӣ задани кӯдакон ва ноболиғон дар Тоҷикистон будааст.

Ҳамчунин, издивоҷҳои иҷборӣ, даъвоҳо миёни завҷҳо, нобоварӣ ба зиндагӣ, ҷудошавии ошиқон ва талоқ аз далоили дигаре ҳастанд, ки кӯдакон ва ноболиғонро водор ба худкушӣ мекардааст.

Ин таҳқиқот дар заминаи худкушӣ дар миёни кӯдакон ва ноболиғон дар Тоҷикистон дар соли 2011 ба ибтикори мақомоти ҳукумати вилояти Суғди ин кишвар ва ҳимояти молии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид анҷом шуда бу ва натиҷаи он дар авохири соли 2013 дастраси ҷомеъа шуд.

Ин пажуҳишро коршиносони Донишгоҳи Колумбиё ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муштаракан дар вилояти Суғд анҷом дода буданд.

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Клипҳо

Maher Zain -...

Wonderful Islamic...

The Most Beautiful...

Sami Yusuf - I'm...

Sami Yusuf - Make...

Sami Yusuf -...

Sami Yusuf - Hasbi...

Tom Robertson -...

Смотреть все